Кумаки иттилоотӣ ба муҳоҷирон

  Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ба маълумоти муҳоҷирон мерасонад,ки ҷиҳати иҷрои супориши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2018, №7/163 ва супориши Протоколи №1-04, маҷлиси назоратии назди сардори Хадамоти муҳоҷират аз 22 январи соли 2018, банди 9, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки мутобиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 9 майи соли 2017, №202 “Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 дар Федератсияи Россия” аз санаи 25 май то 25 июли соли 2018, дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Волгоград, Екатеринбург, Қазон, Калининград, Нижний Новгород, Ростов-на-Дону, Самара, Саранск, ва Сочии Федератсияи Россия муҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар мақомоти муҳоҷиратӣ 1(як) шабонарӯз муқаррар карда шудааст.

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират 

дар шаҳри Кӯлоб   И. Раҳмонов

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code