АНҶУМАНИ САГОНИ ВАФОДОР, ё худ Сайидюнуси Истаравшанӣ гражданин Шарикови муосир аст!

Агар Шумо фикр мекунед, ки сагҳо намеандешанд, тавсия мекунам асарҳои Михаил Булгаков ва Ҷек Лондонро мутолиа кунед. Ҳатто дар асари “Белый клык” шоҳиди таъсис ёфтани Анҷумани сагҳои озодандеши чанакаш ҳам мегардед.

Миёни мардуми мо низ дар бораи саг масалу мақолҳои зиёде ҳаст. Якеаш ин аст, ки: “Саги бад аз пойи соҳибаш мегазад!”… Масалан, ҳамин муассисони Анҷумани озодандешони тоҷик. Саги бад, ки ҳастанд, ба куш-куши бегонаҳо тарафи хонаи худ меҷаканд. Шумо агар исрор мекунед, ки онҳо одаманду шакли одамӣ доранд ва ҳеҷ мумкин нест, ки саг бошанд, пас шумо бояд “Собачье сердце”-ро варақ занед, то ба сирри аз саг одам сохтану баръакси он воқиф шавед. Аврупоиҳо ин сирри Филипп Филиппович Преображенскийро аллакай дар амал татбиқ карда, сагони соҳибгази дар кучаҳо овораро пеши худ бурда, паноҳандагӣ дода, бо нону ҳасиб тарбият карда, ба шакли одам дароварда, билохира ба муқобили соҳибони қаблиашон дар шабакаҳои иҷтимоиву майдонҳои сиёсӣ сар медиҳанд. Аммо ҳатто онҳо ҳам натавонистанд бо ҳама дастгоҳҳои пешрафтаи тиббӣ фитрату сиришти чунин сагҳоро ба одам монанд кунанд ва ин чиз барояшон лозим ҳам нест.

Сайидюнусу Муҳиддину Варқаву Алиму Ҳакиму дигар ҳампаймоҳояшон айнан намунае аз қаҳрамони асари “Собачье сердце”-и Михаил Булгаков – гаражданин Шариков ҳастанд. Чи гунае, ки шарики Шариковгашта дар назди бегонагон кӯшиш кард соҳибашро сиёҳ кунад ва даъват кунад, ки ба ӯ фишор оранд, то соҳибаш монеи амалҳои сагонааш нашавад, айнан ҳамин корро Шариковҳои муосир дар симои шахсони болозикр анҷом дода истодаанд. Онҳо низ дар тамоми ҷаҳон ҷоғ зада истодаанд, ки ба Тоҷикистон фишор биёранд, то ба гурӯҳҳои террористиву экстремистие амсоли ТЭТ ҲНИТ барои фаъолият шароит фароҳам орад.

Шояд хонандаи ин сатрҳо савол гузорад, ки ин анҷумани ҷудогона аст ва ҳарчанд аз сагсиратон ҳам иборат бошад, чи гуна робитае ба ТЭТ ҲНИТ дорад?

Ҷавоб: робитаи мустақим!

Сайидюнус дар як суҳбати видиоияш мисли Шариков худро қоидадону ба қавле “деловой” намоиш дода, кадомеро накуҳиш кард, ки ба шахсияти мо чи кор доред, ба ойинномаи мо нигоҳ кунед. Шарикови муосир одамонро хеле содда гумон кардааст, ки мехоҳад чеҳраи олудаашро пушти ойинномаи ба фикри худаш “тоза” пинҳон кунад ва он ҳам чи ойинномаи булаҷабе. Аммо дар ҳарду маврид ҳам мақсади ниҳоии онҳо ошкор аст. Аз лиҳози шахсият ҳамаашон ҳаводорону ҳампаймонҳои ТЭТ ҲНИТ мебошанд ва аминам, ки хоҷагонашон ҳам якест. Аз мазмуни оинномаашон ҳам маълум, ки агар он ҳама ҳарфҳои ба қавли худашон “қашанг”-и “демукросӣ”-ву “идеулужӣ”-ву монанди инҳо бардошта шавад, дар маҷмуъ асоси вазифаи онро дастгирии террористони наҳзатӣ ташкил медиҳад. Он ҳам бо баҳонаи “демукросӣ” ва ҳимояи зиндониёни сиёсӣ. Дигар ҳамааш фиреби назар ва ҷалби мардуми содда аст. Дар робита ба ҳамин масъала як шахси рӯзгордидаи нафақахӯр аз ноҳияи Вахш Камолиддин Раҳимов дар матлабаш таҳти унвони “АНҶУМАНИ «ОЗОДАНДЕШОН»-И «ТОҶИК» ё талоши навбатӣ баҳри ҷалби таваҷҷуҳи хоҷагони хориҷӣ” дар сомонаи http://hhdtkhatlon.tj навиштааст: “Амалияи имрӯза нишон медиҳад, ки гуруҳҳои манфиатҷӯ дар симои ашхоси алоҳида, маҳз зери шиори манфиатҳои миллӣ, демократиякунонии ҳаёти ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мардумсолорӣ, қонунмеҳварӣ, ки ҳамагӣ барои ин шахсон аз як баҳонае барои расидан ба ҳадафҳои шуми хоҷагони хориҷиашон беш нестанд,  амал намуда, ба раванди давлатдории миллӣ, ки саропо дар асоси хостаҳои миллӣ бунёд ёфтаанд ва ҷаҳон онҳоро эътироф намудааст, халал ворид менамоянд”.

Дар ҳоле, ки як нафақахӯри оддӣ ба дарки ин мазмун ба пуррагии том сарфаҳм рафт, пас феъли сагонаи ин “озодандешон” ба ҳама равшан аст. Дигар ин феъли саги бадро на пушти “демукросӣ” пинҳон карда метавонанду на пушти ҳуқуқҳои байналмилалӣ. Зеро мардум аллакай дарк кардааст, ки онҳо мисли Шариков аз ҳуқуқҳояшон бар зарари ҳуқуқҳои ҷомеа борҳо сӯистифода кардаанд ва агар имкон ёбанд, боз сӯистифода мекунанд.

Шояд касе суол диҳад, ки охир онҳо худро “озодандеш” меҳисобанд, ба ин чи мегӯед?

Бале, инкор намекунам, ки онҳо озодандешанд. Онҳо озод андеша мекунанд, аммо дар бораи чи?! Дар бораи ободиву пешрафти Тоҷикистон?! Ҳаргиз! Онҳо мисли саг вафодоранд, аммо ба хоҷагони хориҷиашон! Он чи дар оинномаву изҳороташон овардаанд, як фиреби назар аст, на беш аз ин. Ҳатто дар сомонаи худашон назари як нафаре ҳам нашр шудааст, ки дар охирсуханаш шояд бо нигаронӣ бошад, навиштааст: “…ҳаргиз ҳамдигарро накушем”. Агар нияти ин анҷуман пок мебуд, дар сархати сомонааш нахуст масъалаи куштану накуштан ба миён намеомад. Бо такя ба таҷрибаҳои солҳои аввали истиқлолият ва таҷрибаҳои Сурияву Мисру Ироқу Ливия метавон гуфт, ки мақсади аслии чунин анҷуманҳои шубҳанок маҳз ба вуҷуд овардани вазъиятест, ки ҳамдигарро бикушем! Онҳо дубора мехоҳанд Тоҷикистонро ба хоку хун кашанд ва миллати тоҷикро аз замин нест кунанд. Ин аст ҳадафи ниҳоии “демукросӣ”-и онҳо!

Боз мумкин аст касе пурсад, ки охир онҳо худро тоҷик мегӯянд, пас чи сон ба ин қодиранд? Эҳҳа, чунон қодиранд, ки..! Тоҷик будани онҳо мисли он аст, ки дар замони ҷанги бузурги ватани артиши Шӯравӣ сагҳои олмониро дар миёнашон маводи тарканда баста барои таркондани танкҳои олмонӣ таълим дода буд ва онҳоро бар зидди “ҳамватани” худ васеъ истифода мебурданд. Инак аз он рӯзҳо зиёда аз 70 сол сипарӣ гардид ва билохира онҳо ҳам ёд гирифтанд. Ба унвони намунаи зинда ҳоло дар Олмону Утришу Эрон сагҳои худамонро ба муқобили худамон омода карда барои тахрибкорӣ сафарбар карда истодаанд. Бале, шояд шумо муассисони анҷумани озодандешони тоҷик дар маҷмуъ тоҷику тоҷикистонӣ ҳам бошед, аммо дар хориҷа истода устухони дар пешатон партофтаи бегонагонро хурда, ба онҳо хӯ гирифтаед. Шакке нест, ки шумо ҳамчун саг вафодоред, аммо ба бегонагон! Озодандешона, бе ягон азоби виҷдон омодаед бо як ишораи хоҷагони хориҷиатон пусти миллати тоҷикро барканед ва мутаасифона солҳои навадум хело ҳам кандед. Имрӯз хушбахтона, пайваста дар сару даҳонатон зарби калтакҳои тоҷикони ватандӯсту худогоҳро хӯрда истодаед. Шумо бечораҳо дар сардаргумӣ қарор доред: аз он сӯ “фасс” гуфта истодаанд, аз ин сӯ зарби калтак ва боз мехоҳед шалворатон хушк бошад, ки нест.

Дар ин миён суол ин аст, ки Равшани Темуриён (то ҷое ба назар мерасид, доимо аз чунин гурӯҳҳои фитнаангезу шубҳанок фосила мегирифт ва чунин танготанг бо онҳо ҳамкорӣ намекард)  мисли тарошае аз бом дар миёни шумо сагҳо чи мекунад?! Фақат нагӯед, ки ба ӯ оинномаатон маъқул шуд. Ӯ то ин ҳад хар нест! Шояд дар пиронсарӣ ба сагбозӣ майл пайдо кардааст ва мехоҳад табиати сагонаи шуморо омӯзад?! Далели дигар ин аст, ки Равшани Темуриён чун дар нишасти САҲА мисли “Шпиц” дар пушти микрафон чорчашма маърӯзаи барояш омодакардаи наҳзатиҳоро бо завқ мехонад ва бо дифоъ аз ТЭТ ҲНИТ аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон мегӯяд, худ намедонад, ки мардуми Тоҷикистон дар солҳои навадум аз дасти наҳзатиҳои лаънатӣ ба кадом рӯз гирифтор шуда буд. Зеро худаш ҳанӯз солҳои аввали нобасомониҳо думро хода карда гурехта ба хориҷа рафта буд. Ин мо кӯдакони он солҳо будем, ки дар сардиҳои зимистони қаҳратун дар навбати нон меистодем. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, дар чунин як навбати нон, ки барф ҳамвора меборид, писараки ҳамсолам бо либоси нимдошту музаҳои резиние, ки аз сурохиҳо он пойҳои урёнаш намоён буд ва талон дар дасташ соатҳо боз ларзида навбат мепоид, якбора афтиду дигар барнахест. Ӯро дар паҳлуи падараш, ки шаш моҳ пеш аз дасти наҳзатиҳо кушта шуда буд, гуронданд…

Шумо ба чи ҳол ва чи инсофу виҷдон бо фахру виқор аз минбарҳо дар бораи нақши ТЭТ ҲНИТ дар роҳи сулҳ ҳарф мезанед ва ҷомеаи ҷаҳониро барои кӯмак ба ин террористон даъват мекунед? Шарм намедоред??? Магар ҳамин бадбахтиҳоро ТЭТ ҲНИТ ба сари мардум наоварда буд?! Оварда буд! Ҷониби ҳукумат аслан на бо ТЭТ ҲНИТ, балки бо Иттиҳоди мухолифин сулҳ карда буд, ки ишорааш ҳам рафтааст. Аз дигар тараф сулҳ натиҷаи ҷанг аст, ҷангу хунрезие, ки маҳз шумо барин “озодандешон”-у наҳзатиҳо бо пуштибонии қувваҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардед. Хотираи мардум мисли хотираи компютер нест, ки бо гузашти вақт дар он абзори нав насб куниву абзори пештараашро “удалит” созӣ. Хотираи мардум ин хотираи таърих аст ва ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунад, ки роҳбари наҳзатиҳо Нурӣ чунин даъват карда буд: “Боке не, ки аз силоҳ дуруст истифода бурда наметавонед. Шумо тирро шиллик кунед, фариштаҳо онро бурда дар синаи Кӯлобиҳо мезанад”. Ин аст ҷаҳолату маҳалчигӣ, ин аст фашистӣ, ин аст сагсиратӣ! Ҳеҷ обе дастони то оринҷ дар хуни миллати тоҷик таршудаи наҳзатиҳои лаънатиро намешӯяд!

Чаро Равшан Темуриён дар ин бора гап намезанад, ё ин мистер Шпиц, ки дар он давраҳои гуруснагӣ дар хориҷа қаҳваро бе қаймоқ намехӯрд, дар фаросӯи андешаҳои торикаш раҳгум задааст?! Мағзи дигар “озодандешон”-и ин анҷуман ҳам мисли Сайидюнуси Истаравшанӣ (бо тахаллуси Шариков) ва Равшани Темуриён (бо лақаби Шпиц) чунин аст ва мақсади ниҳоияшон бароварда сохтани ҳадафҳои хоҷагонашон мебошад, ҳатто бо нақди аз байн рафтани давлату миллати тоҷик!

Аммо миллати тоҷик дигар аз чунин сагдилон наметарсад. Миллати тоҷик дигар он миллати бесоҳиби аввали солҳои навадум нест. Тоҷикистонро имрӯз фарзандони бонангу номусаш бо нақди ҷон ҳимоя карда истодаанд ва ҳеҷ сафсатаҳои “демукросӣ”-и ин бешарафон мардумро аз роҳи дурусти ватансозӣ бероҳа карда наметавонад. Дар мардуми мо як мақоли дигар ҳам ҳаст: “Саг меҷакаду корвон ба роҳаш меравад”. Аммо сагон дар хотир гиранд, ки агар ба корвон наздик шуданд ва мисли соли 2015 кӯшиши табаддулот карданд, мисли Муҳиддин Шарикӣ аз дандонҳояшон маҳрум мешаванд.

 

Орзу ҲАМИДИЁН, муовини раиси

ТҶҶ “Созандагони Ватан”

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code