«Рӯзноманигорон зидди ифротгароӣ»

                  

  Бахшида ба Рӯзи матбуот аз тарафи муассисон ва масъулони  нашрияи «Пайк» дар Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб бо  донишҷуёни факултети рӯзноманигорӣ таҳти унвони «Рӯзноманигорон зидди ифротгароӣ»  ҳамоиш доир карда шуд.

   Дар ҳамоиш  сармуҳаррири нашрияи «Пайк» Ахмад Иброҳим  ва рӯзноманигор Аслиддин Достиев  қайд намуданд, ки  имрӯзҳо терроризм ва экстремизм  ҷомеаи ҷаҳониро  ба изтироб овардааст. Тундгароёну ифротиён майнаи  ҷавононро хира сохта, онҳоро ба гурӯҳҳои худ  бо ҳар роҳу восита ҳамроҳ менамоянд. Интернет яке аз роҳҳои самараноки ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро ва ифротгаро буда, аз он гурӯҳҳои экстремистӣ ба таври васеъ барои манфиати худ истифода мебаранд.        Васоити ахбори омма, бахусус нашрияи «Пайк»  нақши калидиро дар мубориза бо гурӯҳҳои тундгароӣ-ифротгароӣ мебозад. Мақсади ин ҳамоиш низ аз он иборат аст, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо ва рӯзноманигорони ҷасур  ҷавонро аз ин роҳи пурхатар  бираҳонем.

    Дар ҳамоиш намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Сулаймон Ситамов ҳозиринро аз номи раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам  Хайрулло Амонулло ба Рӯзи матбуот таҳният гуфта, қайд кард, ки сомонаи  интернетии «kulob.tj»- фаъол карда шудааст ва ҳар яке аз иштирокчиён метавонанд барои решакан кардани терроризм мақолаҳои худро ба сомона барои чоп фиристонанд.

  Дар бахши саволу ҷавоб донишҷуён ба саволу муаммоҳо, ки аз ҷониби сармуҳаррири нашрияи «Пайк»  Аҳмад Иброҳим, омӯзгор ва рӯзноманигор  Додарбек Сайдалиев сомон дода шуда буданд,  ҷавоб гардонида, донишҷуёни ғолиб Лутфияи Сайдалӣ, Давлатова Гулафзо, Шаҳнозаи Шариф, Шаҳзодаи Сайҷаъфар, Муродов Ҷалил, Қурбонова Сайёра, Ёрмадова Ҳусния    бо туҳфаҳои хотиравии нашрияи «Пайк»  қадршиносӣ карда шуданд.                 

  Сулаймон Султон – мудири бахши бойгонӣ-матбуотии

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code