Ҳамоиши Рўзи матбуот хотирмон гузашт

              

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб   санаи 10 марти  соли 2018 чорабинии ботантана доир гардид. Раиси шаҳр ҳозиринро бо  муносибати Рӯзи матбуот табрику таҳният гуфта, дар кору эҷод  ва       ҳаёти шахсии онҳо  барору комёбиҳо таманно намуд.

Таъкид карда шуд, ки дар  шаҳри Кӯлоб  нашрияҳои «Навиди  Кӯлоб», «Кулябская правда», нашрияи   ҷамъиятии  «Пайк» ва Телевизиони Кӯлоб амал  намуда,  розу ниёзи мардумро нашр ва  бозгуӣ менамоянд.

Бо мақсади тарбияи рӯзноманигорон дар  Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб факултаи журналистика ташкил карда шудааст, ки ҳамасола садҳо нафар рӯзноманигоронро ба арсаи матбуот сафарбар менамояд.

Ҳамзамон намояндагиҳои рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Нақлиёт», ҳафтавори ҷамъиятии «СССР»,  намояндагии ТВ «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо»   аз дастоварду нуқсонҳои ҷомеа ёдрас шуда, баҳри ислоҳи онҳо кушиш ба харҷ медиҳанд.

Нақши қаламкашони  шаҳри Кӯлоб дар рушди ВАО-и тоҷик басо калон аст.

Месазад  кори  пуршарафи устод  Ҳақназар Ғоиб, Зафар Мирзоён, Сафаралӣ Бозорзода, Темуршоҳи Файзалӣ, Раҳматалӣ Назрӣ, Турко Дикаев, Аслиддин Достиев, Сайёфи Мизроб, Аҳмади Иброҳим, Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, Шарофат Худойдодова, Ҷумахон Алимӣ, Назирмад Сафаров, Каримхон Амроқулзода, Ширинҷон Сафарзода,  Дилшод Назирмадов, Додарбек Сайдалиев, Шарифхон Тиллоев   ва боз чандин нафарони  дигарро ёдрас шуд.        Раиси шаҳр аз  ҷавонони  соҳибистеъдод Ёқуби Содиқ, Хайрандеши Хайриддин, Маҳмудҷон Раҳматов, Шарифхони Тағоймурод, Барнои Бекмадзода, Исломи Раҷабалӣ, Муҳаммадӣ Мусавӣ,  Худойдоди Ислом ва Шоҳрух Қаюмов, ки дар фазои журналистика  навпарвозанд, комёбиву муваффақият таманно намуд.

Сипас  фаъолони соҳаи рӯноманигорӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр  қадршиносӣ карда шуданд.            

    Сулаймон Султон – мудири бахши бойгонӣ-матбуотии

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code