ТЭТ ҲНИТ дар ҳоли фаношавӣ қарор дорад 

ТЭТ ҲНИТ дар ҳоли фаношавӣ қарор дорад 

        Вақтҳои охир роҳбарону масъулони ташкилоти террористиву экстремистии ҲНИТ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд, бо мусоҳибаву нигоштаҳои дурўғину бепояи худ боз ҳам шармандатар гардидаанд. Ин нафарон аслан бо интишори хабарҳои зидду нақизи худ мехоҳанд «аз худ дарак диҳанд», то ки баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ борояшон боз чор танга ва ё устухоне диҳанд. Яке аз ин гуна нафарони пархошҷўву иғвогар роҳбари ҷинояткори ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аст, ки гоҳ дар Олмон пайдо мешаваду гоҳи дигар дар Юнону кишварҳои соҳили Балтика. Масалан, чанде пештар вай бо як хабарнигори олмонӣ мусоҳибае анҷом дода буд, ки саропо аз дурўғу таблиғи худаш иборат буд.
Дар чунин суҳбатҳо боз ҳам ҳамон суханҳои такрор ба такрори Кабирӣ дар атрофи баста шудани  ТЭТ ҲНИТ ва шикоят аз сиёсати кишварҳои аврупоӣ, ки ба инҳо таваҷҷуҳи махсус надоранд, меравад. Муҳтавои ин гуна суҳбатҳои иғвогароёнаю дуруғинро метавон дар чанд нукта баён намуд.
Мо хуб медонем, ки ҳеҷ гоҳ ҳадафи ТЭТ ҲНИТ ободии кишвару ҷомеа набуд, балки масъулони ин ҳизби террористӣ бо мақсади расидан ба қудрати сиёсӣ дар тамоми давраи фаъолияташон бар зидди манфиатҳои Тоҷикистон амал кардаанд. Дар солҳои 90-уми асри гузашта ба вуҷуд овардани нооромию ҷанги шаҳрвандӣ, ки боиси марги 150 ҳазор нафар, бехонумон шудани садҳо ҳазор ва нобуд гардидани иқтисоди кишвар шуд, ҷалби ҷавонон ба сафи гуруҳҳои террористии байналхалқӣ, инчунин кушиши табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ дар сентябри соли 2015 намунаи амалҳои хоинона ва зиддимилии ТЭТ ҲНИТ мебошанд.
Имрўз Кабирӣ дар суханрониҳояш аз созмону ташкилотҳои кишварҳои ғарбии ҳомии ҳуқуқ шикоят мекунад, ки  ў ва  ҳаммаслаконашро дастгирӣ намекунанд. Албатта чунин ҳолат далели он аст, ки доираҳои сиёсии кишварҳои аврупоӣ ва ташкилоту созмонҳои байналхалқии оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳам ифротию террористӣ будани ҲНИТ-ро фаҳмидаанд.
Худи Кабирӣ дар суҳбаташ бо хабарнигори олмонӣ қоил шудааст. ки парлумони Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи ҷиддие ба наҳзатиҳо надорад. Ин амали  сиёсатмадорони Аврупо комилан  дурусту воқеист. Зеро  Кабириву атрофиёнаш барои ҷомеаи Аврупо ҳам хатарнок буда, ба ғайр аз террору ифротгароӣ дигар чизе пешниҳод карда наметавонанд.
Барои аврупоиҳо масъалаи таъмини амнияти кишварҳо ва ҷомеъаҳояшон муҳим аст, на дастгирии ҳар гуна ташкилоту ҳизбҳои террористӣ. Кабирӣ ҳолати мазкурро дидаву дониста боз мехоҳад, ки аврупоиҳо манфиатҳои ў ва ҳаммаслаконашро ҳимоя намоянд, ки комилан андешаи бебунёд мебошад. Амалҳои тахрибкорона ва террористии содирнамудаи ТЭТ ҲНИТ кайҳост, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ чеҳраи манфури ин ташкилотро ошкор кардааст. Аз ин рў, суҳбату ҷорзаниҳои Кабирӣ дигар фоидааш надорад. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки дар ояндаи наздик мақомоти кишварҳои аврупоӣ ба хулосаи зарурӣ омада, ин ҷинояткорони наҳзатиро дастгир мекунанд ва ба ҷониби Тоҷикистон таслим менамоянд.
Албатта маълум аст, ки дар шароити ҳозира Кабирӣ бештар бо мақсади ба даст овардани маблағ ва нигоҳ доштани роҳати зиндагиаш ҳудро ба ҳар дар мезанаду вонамуд мекунад, ки гўё ҳамчун роҳбари ТЭТ ҲНИТ мубориза мебарад. Дар асл кушишҳояш танҳо барои худаш мебошанду ҳатто ҳамандешону ҳаммаслаконашро ҳам фиреб медиҳад.
Дар натиҷаи фаъолияти солҳои охири ТЭТ ҲНИТ ба сафи ДИИШ ва ташкилотҳои дигари террористӣ пайвастану дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат варзидани як идда ҷавонони тоҷикистонӣ аз хиёнатҳои дигари ТЭТ ҲНИТ ба ҳисоб меравад. Мубаллиғон ва муллоҳои наҳзатӣ бо супориши хоҷагони хориҷиашон – доираҳои мазҳабии хориҷӣ ба мағзшуӣ ва таблиғи ифротии ҷавонони тоҷик ҳануз солҳои навадуми асри гузашта шуруъ карда буданд. Наҳзатиҳо аз боварҳои динии мардум ва хусусан ҷавонон суиистифода карда, дар байни онҳо таблиғоти ифротии динӣ мебурданд. Ҷавононро барои таҳсил ба мадрасаҳои динии ғайрирасмии кишварҳои дигар сафарбар менамуданд. Онҳоро ба сафи созмону гуруҳҳои террористӣ шомил мекарданд.  Дар натиҷаи чунин фаъолияти тахрибкоронаи наҳзатиҳо шумораи муайяни ҷавонони тоҷикистонӣ солҳои аввал ба Ҳаракати Толибон дар Афғонистон ва солҳои баъдӣ ба ДИИШ ва дигар гуруҳҳои террористии муқими Сурия ва Ироқ пайваст мешуданд ва дар ҷангҳо ширкат меварзиданд. Ҳамин тавр, ТЭТ ҲНИТ сабабгори бадбахтии садҳо хонавода, гумроҳӣ ва кушта шудани ҷавонон, ятим мондани кудакон гардидааст. Дар асл ТЭТ ҲНИТ бо содир намудани чунин амалҳои ҷинояткоронааш мехост, ки вазъияти Тоҷикистонро ҳам ба мисли Сурия ва Ироқ тағйир диҳад ва аз он ба манфиати худ истифода барад.    Хушбахтона, баъди мамнуъ гардидани  фаъолияти ТЭТ ҲНИТ таблиғи ифротгароиву терроризм дар кишвар кам шуда, пеши роҳи раванди ба Сурия ва Ироқ рафтани ҷавонон гирифта шуд. Мардум дарк намуд, ки пайравӣ ба исломи сиёсӣ ва ақидаҳои ташкилоту гуруҳҳои ифротию террористӣ оқибати хатарноку ногувор дорад.
Ҷор задани Кабирӣ дар мавриди он ки исми баъзе роҳбарони мақомоти кишварро барои ворид намудан ба «рўйхати Магнитский»  пешниҳод мекунад, хиёнати навбатӣ, дурўғи маҳз ва амали ғайривоқеист. Сохторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амнияти миллат, суботу оромии кишвар ва минтақа фаъолият доранд ва ин масъаларо роҳбарияти кишварҳои дигар, аз ҷумла Аврупо хуб дарк месозанд.  Дар асл, худи Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро ҳамчун ҷинояткори хавфнок политсияи байналмилалӣ меҷўяд ва ТЭТ ҲНИТ дар рўйхати созмонҳои террористист.
Кабирӣ дар суҳбатҳояш дар бораи таҷдиди ТЭТ ҲНИТ низ сухан ба миён меорад, ки  комилан дурўғанд. Зеро ташкилоти террористиву экстермистӣ ба ҳеҷ ваҷҳ тағйирпазир нест. Агар чунин намебуд, дар давоми солҳои зиёд вобаста ба инкишофи ҷомеъаи Тоҷикистон тағйир меёфт. Аммо ҳадафи ТЭТ ҲНИТ  ҳамеша харобиоварию сузандагӣ буд, на бунёдкорию созандагӣ. ТЭТ ҲНИТ танҳо мақсади ба Тоҷикистон овардани бадбахтию харобӣ дорад. Тамоми фаъолияти ин гуруҳи ҷинояткор бар зидди манфиати миллат ва Ватани мо мебошад.
Вобаста ба ин, дар интиҳо таъкид менамоем, ки барои ТЭТ ҲНИТ  дар ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон ҷой нест. Тамоми мардуми кишвар ва берун аз он хуб фаҳмидаанд, ки ТЭТ ҲНИТ як гуруҳи ҷинояткор ва бадхоҳ буда, дар ҳоли комилан фаношавӣ қарор дорад.

Хуршеди Нусрат

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code