Табрикоти Раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Хайрулло Амонулло бахшида ба «Рӯзи матбуот»

     Рӯзноманигорони гиромӣ !

    Қаблан Шуморо  ба муносибати Рӯзи матбуот табрику таҳният гуфта, дар кору эҷод  ва     ҳаёти шахсиатон  барору комёбиҳо орзумандам.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хеле хуб қайд кардаанд: «Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, дар таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имконияти васеъ муҳайё месозад»

     Инсоният аз оғоз ба алоқаи маънавии байни ҳамдигар эҳтиёҷ дошт ва ҳамеша роҳу воситаҳои ба якдигар иртибот карданро меҷуст, ба вуҷуд омадани ҷомеаи инсонӣ ва ташаккули соҳаҳои иҷтимоию  иқтисодӣ дар раванди худ тақозои як воситаеро доштанд, то иртиботи маънавии инсонҳо бино гардад.

     Зиёиён ва равшанфикрони тоҷик ниҳоят  тавонистанд баҳори соли 1912 ба орзуи деринаи хеш – таъсис додани нахустин рӯзнома ба забони тоҷикӣ-форсӣ расанд.

    Нахустин шумораи «Бухорои шариф» 11 марти соли 1912 дар матбааи Когони Бухоро ба табъ расида, то 14 июли соли 1912 ҳафтае шаш маротиба, сипас чор маротиба ва моҳи сентябри соли 1912 ҳар ҳафта се маротиба мунтазам чоп мегардид.

    Матбуоти тоҷик дар ҳар давру замон мавқеи худро нигоҳ дошта дар инъикоси саҳифаҳои рангини ҳаёти иҷтимоӣ нақши арзанда дорад.   Дар шароити кунунӣ матбуоти тоҷик мавқеашро дар ҷомеа мустаҳкам намуда, рӯзноманигорон вобаста ба талаботи замон мекӯшанд, баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, инъикоси афкори одамони гуногун, тарбияи ахлоқӣ, ватандӯстиву худшиносӣ  хизмат намоянд.

    Дар даврони Шуравӣ шумораи рӯзномаву телевизион ва радиоҳо ангуштшумор буданд. Имрӯз теъдоди онҳо ба маротиб меафзояд.  Мардум дар симои матбуот ҳамфикри худро мебинанд ва маҳз тавассути матбуот байни васоити ахбори омма ва аҳли ҷомеа муносибат барқарор мешавад.

     Бо мақсади тарбияи рӯзноманигорон дар  Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб факултаи рӯзноманигорӣ ташкил карда шудааст, ки ҳамасола садҳо нафар рӯзноманигоронро ба арсаи матбуот сафарбар менамояд.

     Дар  шаҳрамон нашрияҳои «Навиди  Кӯлоб», «Кулябская правда», нашрияи   ҷамъиятии  «Пайк» ва Телевизиони Кӯлоб амал  намуда,  розу ниёзи мардумро нашр ва  бозгӯӣ менамоянд.

    Ҳамзамон, намояндагиҳои рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум»,  «Народная газета», «Нақлиёт», ҳафтавори ҷамъиятии «СССР»,  намояндагии ТВ «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо»   паҳлу ба паҳлуи мо истода,  аз дастоварду нуқсонҳои ҷомеа ёдрас шуда, баҳри ислоҳи онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

   Дӯстони  азиз!

      Дар ин санаи фараҳбахш мехостам арз намоям, ки  нақши қаламкашони  шаҳри Кӯлоб дар рушди ВАО-и тоҷик басо калон аст. Дар ин рӯзи тантанаи сухан, месазад, аз собиқадорони   арсаи журналистика Ҳақназар Ғоиб, Зафар Мирзоён,  Рустам Одинаев, Ғайбулло Ҳалимов, Назрӣ Мурод, Латиф Баротов, Абдурасул Рахмонов  ёдовар шуда ба онхо саломатӣ ва осудаҳолӣ  таманно  намоем.

  Рисолати ҳар як эҷодкор ва зиёӣ он аст, ки нерӯи сухан ва хомаи созандаашро барои ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ  равона созад.

   Кори  пуршарафи Сафаралӣ Бозорзода, Темуршоҳи Файзалӣ, Раҳматалӣ Назрӣ, Турко Дикаев, Аслиддин Достиев, Сайёфи Мизроб, Аҳмади Иброҳим, Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, Назирмад Сафаров, Каримхон Амроқулзода, Ширинҷон Сафарзода,  Дилшод Назирмадов  ва боз чандин нафарони  дигар шоистаи ёдоварист.

Ман ба ҷавонони  соҳибистеъдод Беҳрӯзи Одина, Ёқуби Содиқ, Хайрандеши Хайриддин, Маҳмудҷон Раҳматов, Шарифхони Тағоймурод, Барнои Бекмадзода, Исломи Раҷабалӣ, Муҳаммадӣ Мусавӣ,  Худойдоди Ислом ва Шоҳрух Қаюмов, ки дар фазои рӯзноманигорӣ  навпарвозанд, комёбиву муваффақият таманно менамоям. Муҳтарам аҳли эҷод! Хизматҳои шумо, ки  дар ҳама давру замон ба хотири тантанаи адолату ҳақиқат нигаронида шуда аст, ҳаргиз аз мадди назари халқ фаромуш намешавад. Шумо бо навиштаҳои  худ манфиатҳои бузурги миллатро ҳифз карда, онро ҳамчун миллати сарбаланд ва соҳибтамаддун ба оламиён муаррифӣ мекунед, ки барои ин мо ба шумо сипоси бепоёни  худро мерасонем.

     Итминони  комил дорем, ки ҳамкориҳои мову шумо ба нафъи халқу диёр буда,  ҳамеша дар поя ва сатҳи баланд боқӣ мемонанд. Бо ин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо ба Рӯзи матбуот табрику таҳният гуфта, ба шумо саодат ва пирӯзӣ хоҳонем.

  Ид муборак, дӯстони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code