САРБАЛАНДИИ ТОҶИКОН АЗ ОН АСТ, КИ УСТОД РЎДАКӢ ВА ПЕШВОЕ ЧУН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДОРАНД 

САРБАЛАНДИИ ТОҶИКОН АЗ ОН АСТ, КИ
УСТОД РЎДАКӢ ВА ПЕШВОЕ ЧУН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДОРАНД 

        Мардумони тоҷик аз замонҳои дури таърих бо ҳамдигар дўсту рафиқ ва ҳамсояву хешу табор буда, асрҳо ин садоқатро нисбати ҳамдигар ҳифз намудае меояд. Рафоқати беназир ва дўстии олигуҳари бузургмардони адабиёти ҳар ду миллат Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ асрҳост, ки чун рамзи дўстии инсонӣ ва достони ҷовидонаи рафоқат тарғибу ташвиқ мешавад ва онро на танҳо мо мардумони ҳамсоя, балки оламиён шинохтаву аз рафтору кирдори дўстонаву бародоронаи онҳо пайравӣ  менамояд. Ҳидояту раҳнамоии Абдураҳмони Ҷомӣ ба Алишери Навоӣ барои бо забони ўзбекӣ навиштани маснавиҳои хеш имконият фароҳам овард, ки аз бештар аз панҷад сол қабл адабиёти ўзбек низ дар баробари адабиёти тоҷик равнақу ривоҷ ёбад. Ин суннат ва одоби деринаи устодони хешро баъдан устодони бузурги адабиёти ҳар ду миллат Садриддин Айнӣ, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Мирзо Турсунзода, Абдулло Қаҳҳор, ва дигарон ба шоистагӣ ин садоқату дўстии халқҳои моро давом дода омаданд.
Мо, мардуми кишвари ҳамсоя бисёр хушҳол ва хушнуд ҳастем, ки тайи солҳои охир ҳамин муносибати гарму самимиву дўстии халҳои тоҷику узбек дубора барқарор гардида, дар оғози фасли баҳори нозанини имсол тамоми гузаргоҳҳои марзӣ кушода шуданд. Дар ҳақиқати ин рўйдод барои ҳам мардуми ўзбек ва ҳам тоҷик як туҳфаи беҳтарини идонаи баҳорона буд, зеро аз соли 2010 чунин имконияти рафтуомади озод миёни мардуми дўст ва хешутабор набуд. Халқи ўзбеку тоҷик танҳо ҳамсоя нестанд, балки аксаран хешу табор мебошанд ва бузургони мо дуруст гуфтаанд, ки аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар мебошад. Ҳарчанд дар ин фурсат, ки гўё робитаҳои мо канда буд, аммо мардуми ўзбек ҳамеша дар ҳаққи мардуми тоҷик дуойгўй буданд, ки хушбахтона бо ҳидоят ва дастгириву раҳнамоиҳои Пешвои бузурги тоҷикон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин кишвар сулҳу ваҳдат тантана намуд. Сулҳи тоҷикон ва таъмини осоиштагии кишвари дўсти мо Тоҷикистон танҳо барои худи онҳо набуд, балки дар таъмини амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми бузург гузошт. Ба ин хотир, ҳамеша на танҳо дар хонаводаҳои тоҷикон, балки дар хонаи ҳар як ўзбекистонӣ низ имрўз акси Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи аср ва инсони сулҳофару ваҳдатшиор овезон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути чунин корномаҳои сулҳофаринонаи худ тавонистанд, ки на танҳо ваҳдати миллати тоҷикро таъмин намуда, ба халқи худ сулҳ оваранд, балки имрўз барои  таҳкими дўстӣ ва ваҳдати халқҳои минтақаи Осиёи Миёна низ саҳми бузург гузоштанд, ки  барқарор шудани муносибатҳои дўстонаи халқҳои тоҷику ўзбек худ мисоли равшани ҳамин гуфтаҳост. Аз ин рў, ман бо қаноатмандӣ мехоҳам ба Шумо мардуми азизи тоҷик, дўстони деринаву хешовандони миллати ўзбек бо қаноатмандӣ бигўям, ки дар ҳақиқат хушбахттарин миллат дар олам ҳастед, ки мисли Устод Рўдакӣ ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барин фарзандони бузургеро соҳиб ҳастед. Дар ҳақиқат агар устод Абуабдуллоҳи Рўдакӣ асоси адабиёти оламгири тоҷиконро  гузошта, фарҳангу тамаддуни тамоми мардуми тоҷикзабонро ба олам машҳур гардонида бошад, Эмомалӣ Раҳмон асоси бинои сулҳу ваҳдатро дар марҳилаи нави истиқлолияти миллии тоҷикон гузошта, бо бунёди чунин як қасри муҳташами сулҳ, ваҳдат, ҳамдилии ҳам тоҷик ва ҳам тамоми минтақа хидмати бузурги таърихиеро анҷом дод, ки имрўз онро ҷаҳониён ҳамчун фарҳанги беназири сулҳофаринӣ эътироф намудаанд.  Боварии комил дорам, ки аз баракоти ин раҳнамоиҳои Пешвои тоҷикон минбаъд низ парчами дўстиву рафоқати мо мардуми ба ҳам дўст ва ҳамсоя ҳамеша парафшонӣ намуда, дар якҷоягӣ асрҳои аср боз дўстиву рафоқати деринаи худро ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар ва ояндаи дурахшон давом хоҳем дод.

Нурали Нурзод
корманди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code