САЪДИЕВ ЁДГОР: «Халқи тоҷик бузург аст, зеро он устод Рўдакӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дорад»

САЪДИЕВ ЁДГОР:
«Халқи тоҷик бузург аст, зеро он устод Рўдакӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дорад»

      Дар тантанаҳои ифтитоҳи сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон баробари сарварони вилоятҳо, ноҳияҳои ҳамсарҳад аз ҳарду ҷониб инсонҳои барўманд, шахсиятҳои шинохта ва шоистаи даврон ҷамъ омада буданд. Аз ҷумла корманди соҳаи фарҳанги вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон Саъдиев Ёдгор ҳангоми суханронии шодбошии хеш андешаи мазкурро таъкид кард ва дар идома хулоса намуд: «Миллати тоҷик аз ин рў ифтихор дорад, ки сардафтари адабиёти оламшумули тоҷику форс устод Рўдакӣ ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони ҷумҳурии мо низ азизанд ва дар ҳар хона сурати Пешвои миллат нуру сафобахши хонадон аст…»
      Мусаллам аст, ки устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ шаҳодатномаи миллати мост ва тавассути эҷодиёти ў ҳам сулолаи Сомониён машҳури  олам гардиду ҳам номи халқи тоҷик, забони шево ва биҳиштии ноби дарии тоҷикӣ ба маснади давлатӣ баромад ва ҷовидонӣ гардид, ҳам адабиёти беназири тоҷикӣ дар қаламрави забони густурдаи замони шукўҳманди сомониён ба дараҷае расид, ки ҳазорсолаи дигар аз пешқадамтарин дар олам маҳсуб мешуд. Албатта ёздаҳ аср инҷониб ситоиш кардани устод Рўдакӣ барҳақ аст ва баробари ин нобиғаи ҳамаи замонҳо гузоштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби меҳмони соҳибмаърифат далели барҷастаи хидматҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Ҳарчанд қиёс кардани ин ду симои барҷаста ҷоиз нест, аммо бузургони калому фалсафа ва ирфону илм собит кардаанд, ки дар муқоиса ва баробаргузорӣ шукўҳу шаҳомат ва бузургию асолати зубдагон муайян мегардад. Аз ин лиҳоз, пеши назар овардани симои нуронии Пешвои муаззами миллат кофист, ки чӣ гуна шахсият имрўз дар ҷодаи беҳудуди тамаддуни фарогири олами имрўз миллати моро ба ояндаи дурахшону мунир раҳнамоӣ ва сарварӣ мекунанд.
Дар ҳақиқат бузургтарин шахсият дар байни тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як нафар инсони шариф ва ҷавонмарди соҳибмақоми муосире мебошанд, ки дар хислату табиати он кас кўшишу матонат, фидокорию ҷасорат, донишу заковат, фаросату футувват ва некманишию одамият таҷассум ёфта, беҳтарин хислатҳои тоҷикона дар рафтору кирдор ва пиндору гуфторашон ҳувайдо мегарданд. Ин суханонро на барои таърифу тавсифи беҳуда рўи коғаз меоварем, балки дидаю санҷида ба силки нигориш мекашем, то дар ин иншои хеш симои ҳақиқии як фарди муосири мо муҷассам гардад. Аслан барои мо муҳимтар аз ҳама он аст, ки ситоишкунандаю меҳрбахшандаи мо дар айни замони барои халқу мардум ва наздикону пайвандон, умуман одамони қарибу бегона чӣ навгоние, неъмату комёбие овардаанд ва барои беҳбуди зиндагии одамон чӣ кўшишу талошҳои бузурге кардаанд…
Ҳамагон ба андешаи амиқ расидаанд, ки тамоми дигаргуниҳои табиату таҳаввули фитрии Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти минбаъдаи вай бетаъсир намондааст. Фаъолияти баъдинаи он кас, ки бе истироҳату пуршиддат сурат мегирифту мегирад, натиҷаи ғайрату шуҷоат, ҳиммату ҷасорат, хираду ҷавонмардӣ, муҳаббату садоқат, тоқату таҳаммул, наҷобати миллӣ ва ахлоқи ҳамида, андешаю идрок ва тафаккури фарогири ў мебошад, ки ҷомеаро таҳрику ҷунбиш мебахшад, то бештар ва беҳтар ба Ватану халқи азиз хидмат намоянд.
Борҳо собит шудааст ва ҳамагон набояд фаромўш кунанд, ки ҳар шахсият дар зиндагии фардии худ як давраи муҳимтаринро аз сар мегузаронад, ки он аз бисёр ҷиҳат ба сарнавишти халқ робитаи махсус дорад. Ҳамин гуна марҳилаи гардиш ва таҳаввули фардиро сарвари давлати тоҷиконмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ басо пурбор аз сар гузарондааст.
Бояд шарҳ бидиҳем, ки ин таҳаввули фардӣ дар чӣ таҷассум ёфт?! Гоҳе чунин суол аксари сиёсатмадорони ҷаҳонро ба андеша водор месозад. Пеш аз ҳама, тақвияти идроки муҳаббату садоқати ў ба Инсон ва Ватан нахустин зинаи таҳаввулоти фардияш маҳсуб мешавад, ки минбаъд ҳамчун сарвари давлат ба арсаи мўҳташами сиёсати ҷаҳонӣ раҳнамунаш гардиданд. Меҳри инсон касро ба бузургтарин дастовард ва иқдоми зафармандона ҳидоят мекунад.
Мардуми оддӣ борҳо шоҳид шудааст, ки Пешвои миллат ва роҳбари давлати мо ба аҳди худ содиқ мондааст ва инро ба ҳама талқин мекунад. Садоқатмандӣ беҳтарин фазилати инсони ҷавонмард аст. Аслан ин фазилат дар ҳама гуна муносибатҳои байниҳамдигарии инсонҳо таҷассум ёфта, то  вафодории асилу амиқ ба муҳаббати Ватан камол меёбад. Аз ин лиҳоз ватанпарастӣ ва ватандорӣ ду ифодаи садоқатмандӣ нестанд, балки мазмун ва мўҳтавои гуногун доранд. Агар ватанпарастӣ мафҳуми маҳдудтар ва ба фард вобастагӣ дошта бошад, пас ватандорӣ бештар садоқати қавӣ ва асилро мепарварад, зеро дороии айнию маънавии ватандор танҳо дар садоқат ба Ватан ҳувайдо мегардад.…
Барои ду халқи асрҳои аср паҳлуи ҳам зиндагонӣ доштаю дўстию рафоқаташ дар тўли қарнҳо санҷидаю мустаҳкамгардида во шудани сарҳади байни ду ҷумҳурии бародар воқеаи калони таърихӣ гардид. Агар яке сифат кунад, ки ба шарофати Пешвои миллати тоҷикон ин кор ибтидо гирифтааст, дигаре тавсиф менамуд, ки Сарвари нави Ҷумҳурии Ўзбекистон низ ба истиқбол оғўш кушодаанд.
Вақте садди сарҳадҳо боз гардид, гурўҳ-гурўҳ ба пешвози якдигар омадани аҳли оилаҳо, хешу таборҳо, ҳаммаслакону ҳамкорони пешина, соҳибкорону одамони касбу кори гуногун шаҳодати он буданд, ки чӣ тавр «девори чинӣ», чунонки ибтидои солҳои навадум аз байни ду давлати олмонӣ бардошта шуда буд, барҳам хўрду оғуш ба оғуш меҳмононро сари дастархони идонаи баҳорӣ ва наврўзӣ даъват менамуданд.
Мўйсафеди 100-сола, собиқ тракторчии хоҷагии ноҳияи Панҷакент, сокини кўчаи Сино, 56, пири муҳтарам Лутфулло Сироҷев иброз дошт, ки духтарашро 20-сол инҷониб бо набераҳояш қариб ки надидааст. Вай бо ашки шашқатор ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дасти дуо бардошт, ки пояндаву абадӣ бод давлати халқи муаззам бо сарварии Ҷаноби Олӣ ва ҷовидону қавитар гардид дўстии ду халқи дўсту бародар…
Бисёр рамзист, ки дар аксари гузаргоҳҳои сарҳадӣ маросими расмии ифтитоҳ рўзи якуми фасли баҳор ба вуқўъ омад ва ин аз он шаҳодщат медиҳад, ки баҳори дўстии ду халқи қадимаю ҳамсоя абаддуддаҳр меваҳои шаҳдбор хоҳад дод ва хешону наздикон, пайвандону ҳамсоягони орзупарвар ба хонадони ҳамдигар бе мамониат равуо хоҳанд кард.
Муҳимтарин дастовард ва комёбии оғози соли муборак ин сари дастархони ҳамдигар, сари хони дўстӣ ва ҷашни ҳамсоягию рафоқат нишастани мардуми оддӣ мебошад.

 Аҳмадчони Рахматзод,
раиси шўъбаи суғдии Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code