Номае аз аҷзу нотавонӣ

Номае аз аҷзу нотавонӣ
(дар тафсири номаи наҳзатӣ)

      Дар сомонаи ҳангомасози наҳзатӣ матлаби «воҳиманок»-е бо номи «Нома ба Пешво: Ба Рустамҷон унвон диҳед!» мунташир гардид. Ин дафъа наҳзат ва дастгоҳи хабарсози наҳзатӣ дар қолаби танзу киноя ба насиҳати Роҳбари давлат пардохтанд ва ин василаи ба истилоҳ, муассири мафкуравӣ, ки бар пояи пастзании шаъну шарафи инсонӣ асос ёфтааст, ба бозиҳои сиёсӣ шомил гардиданд. Ҳарчанд ки нависандагони «нома» худро соҳиби дониши урупоӣ ва зеҳниёти ғарбӣ талаққӣ кардаанд, пайдост, ки аз донишу мантиқи урупоӣ ва фазилати инсонӣ фарсахҳо дуранд ва чуноне ки мегўянд: «дар либоси дўст кори аҳли душман мекунанд».

Дар матлаб, ки аз рўйи талаботи номанигорӣ ва иқрори худи муаллиф ё муаллифони «нома» мебоист кўтоҳ мебуд, сухан беҳунарона ба дарозо кашида ва музахрафоте рўйи сафаҳоти расона рехта шудааст. Муҳимтар аз ин, муддаӣ ё муддаиёни «нома», тибқи аввалсухани худ бояд кўтоҳ матлабро арз медоштанд, чунки аз дониши урупоӣ ва маҳорати кўтоҳбаёнии ғарбӣ огаҳанд. Мутаассифона, арзи матлаби «номанигорон» дар сатҳи як киноягўйӣ ва кинаварзии маъмулӣ, ки онро, одатан «ғайбати ҳамсоя» мегўянд, сурат гирифтааст. Расонаи наҳзатӣ магар аз ин болотар матолибе интишор дода метавонад? На, зеро ки тавони фикрӣ, эҷодӣ ва маънавиаш танҳо ба сатҳи фаҳмиши авом ва матолиби омиёна мерасад. Ман аз расонаҳои марбут ба наҳзат то ҳол матолиби ҷолиби таҳлилӣ, воқеӣ, ҳирфаӣ, илмӣ ва тахассусӣ нахондаам, шояд шумо-хонандагони гиромӣ хонда бошед, агар дар ёд дошта бошед, лутфан, сарлавҳаи матолибро бароям ироа доред, то аз онҳо огаҳ шавам. Иттифоқан, шуморо бовар мекунонам, ки чунин матлабе дар ин навъи расонаҳо пайдо нахоҳад шуд, зеро ки онҳо маҳз бо тафаккури авом ва диди авомона сари кор мегиранд ва аз ин роҳи маъмулӣ, ки тарафдори зиёд дорад, ба зиёиён ва рўшангарон фишор меоварад. Барои он ки мисли наҳзатиён нома-матлабро ба дарозо накашам ва «кўтаҳбаёнӣ»-и онҳоро такрор накунам, иҷмолан ба чанд нуқта таваҷҷуҳ менамоям:

1.Киноя ва танзе, ки дар «нома» аз он ба унвони аслиҳаи сиёсӣ-мафкуравӣ кор гирифта шудааст, ба наҳзат ва расонаи наҳзатӣ, ки бар мабнои хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ сохта ва пероста шудааст, тааллуқ дорад ва ҳар ҳарфе, ки алайҳи Сарвари давлат ва писари ў ба тариқи танзу истеҳзо омадааст, қабл аз ҳама, ба шаклу шамоили хонаводаи наҳзатӣ иртибот мегирад. Писханд задани унвонҳои олии давлатӣ ва шахсияти дараҷаи аввали кишвар писханд задани давлат ва миллати Тоҷикистон мебошад ва дар баробари ин, масъулини нома худ ва тафаккури бастаю консервативии худро болотар гузоштан мехоҳанд. Дар ҳоле ки мо аз ҳоли зори ин тоифа, ки худро имрўз ҷаҳондида ва таҳсилдида мепиндоранд, хеле хуб бохабарем. Ҳатто дунёи мутамаддини Ғарбро, ки бар асоси ғояҳои инсонсолорӣ ва мардумпарастӣ сохта шудааст,  сўйистифода мекунанд ва бар манфиати муғризонаи худ корбаст менамоянд.

2.Аз Лидери миллӣ дар қолаби кинояву истиора бадгўйӣ кардан ҳадафи муҷриёни барномаҳои наҳзатӣ аст ва бо ин ният онҳо миёни ҷомеаи урупоӣ музахрафотеро паҳну интишор медиҳанд, то холи сиёсии бештар ба даст оваранд ва дар қаламрави мамолики урупоӣ ҷойи по дуруст кунанд. Бо ин мақсад, таҳқиру истеҳзоро ба шахсиятҳои боломақоми ҷумҳурӣ раво мебинанд ва умри дурўғу риёи созмони наҳзатиро дароз кардан мехоҳанд. Агар ба муҳтавои матолиби наҳзатӣ дар ду соли ахир таваҷҷуҳ кунем, ба хубӣ дармеёбем, ки васила-приёмҳои гуногунро барои бадном сохтани давлат ва Ҳукумат истифода бурданд, вале муваффақ нашуданд, бинобар ин, бо асабоният роҳҳои шадидтарро ҷустуҷў ва роҳандозӣ кардан мехоҳанд ва бадномсозии мақомдорони баландпояи давлатӣ, махсусан Сарвари давлат ба стратегияи рақами яки набарди иттилоотии наҳзат дар як соли ахир табдил ёфтааст. Асабонияти наҳзатиро, албатта, фаҳмидан мумкин аст, ҷомеаи сиёсӣ ва мадании урупоӣ, ба ҷуз чанд созмони байналмилалие, ки дунболи манофеи сиёсию иқтисодӣ мегарданд ва наҳзатро ба унвони василаи фишор ба қудратҳои минтақавӣ истифода мебаранд, аз макру ҳияли ТЭТ ҲНИТ ва раҳбари он иттилооти кофӣ дарёфт кардаанд ва ба ҳар сурат, аз «хатти маш»-и ТЭТ ҲНИТ огаҳӣ доранд.

3.Ҳадафмандона дар «нома» зикр кардани мушкилоти муҳоҷират, нархномаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, озодии баён, бастани ТЭТ ҲНИТ ва амсоли инҳо боз идомаи сиёсатҳои муғризонаи наҳзатианд. Раҳбарияти наҳзатӣ ҳамеша аз василаҳои дастраси сиёсӣ ва лафзӣ (мисли озодӣ, демокросӣ, парламентаризм, гуманизм, инсонмеҳварӣ, озодии баён, баробарии инсонҳо ва амсоли инҳо), ки ба платфорамаи пасипардагии ТЭТ ҲНИТ, аслан бегонаанд, истифода мекунад ва аз ин тариқ ҷомеаро гул задан мехоҳад.

4.Ба чеҳраи Роҳбари давлат ин қадар сахт часпидани наҳзат чӣ далел дошта метавонад? Далелаш ин аст, ки раҳбарияти наҳзат ва гурўҳҳои ба он марбут бо «вирд»-и забон овардани исми ишон ва иттиҳом бастан ба инҳо бузургӣ ва шаҳомати худро ба намоиш мегузоранд ва ҳар мушкилеро, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо мекунанд, бидуни андеша ба инҳо рабт медиҳанд. Дар ҳоле ки дар қаламрави ҷумҳурӣ сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ фаъолият мекунанд ва ҳар мушкиле, ки дар ин ё он минтақа рўйи кор меояд, бояд аз ҷониби ҳамон мақомдор бартараф шавад ва саҳлангорӣ ва фориғболии баъзе мақомдорони маҳаллӣ ва расмиро ҷурми Раиси ҷумҳур донистан айб аст. Гузашта аз ин, мактубҳои кушодаи шикоятӣ дар матбуоти даврии мустақил нашр мегарданд ва давлату ҷомеа аз мушкилоти рўзмарраи иҷтимоӣ хабардор мешаванд. Магар ин озодии матбуот нест? Магар ин расидагӣ шудани масоили доғи иҷтимоӣ аз ҷониби дастгоҳҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ нест?

5.Тариқи аббревиатура ва ё ихтисора овардан ва ба истеҳзо зикр кардани ановини давлатӣ, ки аз тариқи қонун ба тасвиб расидаанд, ба номанигор ва ё номанигорон маъруфият намебахшад, баръакс, онҳоро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ шармсор ва беобрў месозад. Ҳар нафаре, ки ҳадалимкон ақли солим дорад, медонад, ки чунин матлабҳо реша дар бухлу кина доранд ва бухлварзию кинатузӣ аз равони холӣ ва халои ботинӣ дарак медиҳанд. Ин гуна нома аз аҷзу нотавонӣ шаҳодат медиҳад, бинобар ин, онро метавон «номае аз аҷзу нотавонӣ» сарлавҳа гузошт. Зиёда аз ин, ҷомеа медонад, ки бо кӣ ва чӣ созмоне тараф аст ва бидуни «мадад»-и иттилоотии наҳзат хару бори худро мустақилона мекашад ва худ тасмим мегирад, ки киро интихоб кунад ва чӣ гуна зиндагӣ намояд?!

Фаридун Ориёӣ

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code