Ифроту тафрит чист ва киёнанд мутаассибони ифротгаро?

Ифроту тафритро маънӣ аз ҳад беш гузаштан дар амале бошад. Ва  Қуръон низ эътиқодоти диниро ба ифротгароӣ даъват накардааст, зеро паёми илоҳӣ ки хирадовар аст, бештар ба гурез аз таассуби динӣ ишораҳо дорад. Бархе дингароёни кишвар норизо будани худро аз иқдоми ҳукумат барои вопас хондани таҳсилкунандагони мадрасаҳои Бағдоду Миср ва дигар донишгоҳҳои майли ифротгароӣ дошта, шурӯъ карда буданд. Худро ё ба нодонӣ зада ва ё қасдан намехостанд бубинад, ки фориғуттаҳсили мадрасаи Исломобод, дар Тоҷикистон омада бо дутори покистонӣ нағма сар медиҳад ва ё дипломдори донишгоҳҳои Қоҳира таблаки “Ихвон ул муслимин” дар даст, оҳанги салафӣ менавозад. Воқеан, агар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро аз  вартаи бегонашавӣ бо ахлоқи миллии тоҷикон намераҳонид, ҳозир онҳо дар сафи хунхорони ифротгаро буданд.Дингароёни ифротӣ таъна мезаданд, ки мақомоти расмӣ гароиши фарзандони аъзои фронти халқиро нодида мегиранд ва низомиёнаш тарки мансаб карда бо ДОИШ пайвастаанд. Ва ин камбуди ҷиддии ҷомеаи тоҷикиро бар души ниҳодҳои давлатӣ бор карданианд. Ин пиндор ҳамон матали машҳурро ба хотир меоварад, ки баъзеҳо дар ҷустҷӯи айби касон, айби худро намебинанд. Бояд дид, ки решаи ин ҳама гароишҳо дар раҳгум сохтани мусалмонони бечора, дар бешаи исломгароии ифротӣ ҷой дорад. Ҳамон писари аъзои фронти халқӣ ва полковники гурезаи вазорати дохиларо магар мавъизаву таблиғоти исломгароёни ифротӣ, барои ҷорӣ кардани давлати исломӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон мунҳариф насохтааст?! Магар шумо аз покандешӣ ва мусалмонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯъистифода накарда истодаед?!  Ба вижа ҳангоме ки дар ҳар ноҳия то 40 – 50 ва бештар аз он масҷидҳо амал мекунанд, боз дигар чӣ мехоста бошанд “он суфиёни аз ҳама пок”. Шумораи ҳоҷиён дар муқоиса ба кишварҳои исломӣ, 10 – 12 дар сад бештар аст. Ҳизби динӣ, зери унвони Ҳизби наҳзати исломӣ як бор мардуми Тоҷикистонро қариб буд ба вартаи ҳалокат расонад ва бечунучаро хуни ҳазорон ҷавонони ғурамарг дар гардани онҳоест, ки он ҳизбро созмон додаву раҳбарӣ мекунанд. На ҳама огоҳанд, ки аз бехирадии сиёсиёни ҳизбҳои исломии Мисру Сурия ва дигар мамолики араб, ҷанги мазҳабӣ оташ гирифта, хомуш сохтани он номумкин гаштааст. Набояд аз дида дур дошт, ки таззоди вазнин дар дини мубини ислом, дар замоне рӯх дод, ки паямбари ислом Муҳаммад (с) вафот ёфт. Ҳамон замон мусалмонон ба рехтани хуни ҳамдигар шурӯъ карданд ва шиъаву суннӣ душмани ҳамдигар шуданд. (Ё чӣ хеле ки мардум мегӯянд шиаву суннӣ агар душман ҳам набошанд, гургошно мебошанд.) Бояд донист, ки ҷангҳои мазҳабӣ аз заволи дин ва ғалабаи нерӯҳои зиддидинӣ гувоҳӣ медиҳад, на аз тантанаи дин. Ин ҷангҳо аз шикасти сахти ислом дар ҷаҳон хабар медиҳад, ки гуноҳаш бар души ҳизбҳои сиёсии динӣ мебошад. Ҳама гуна ихвон – ул муслиминиҳо, ал қоидаҳо, толибониву салафияҳо ва ҳаракатҳову наҳзатҳои исломӣ кирмҳоеро мемонанд, ки исломро аз дарун мехӯранд. Ҳар рӯз садҳо ва гаҳе ҳазорҳо ҷавонони бехабар аз мақсади дини ислом, яъне некиву накӯкорӣ, қатл мешаванд, баҳсҳои аблаҳона дар бораи ришмониву риштарошӣ сатрпӯшиву ҳиҷоб ба сар кардан, ҳамсояро бо ҳамсоя, хешро бо хешованд зид ва душман месозад. Дингароёне пайдо шудаанд, ки барои роҳ ёфтани силоҳбадастони толибиву доишӣ ба марзҳои Тоҷикистон, замина муҳайё месозанд. Пас ҳукумат чӣ кор кунад?  Барои давлатро аз нифоқи динӣ раҳонидан, даст ба тадбирҳои анъанавӣ занад? Ҳамон тадбирҳое, ки Камол Ататурк дар Туркия, Амонуллохон дар Афғонистон, Сталин дар Иттиҳоди Шӯравӣ, Ислом Каримов дар Узбекистон, Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистони ҷануби шарқӣ карда буданд? Давои ифроту тафрит, “агар ки нашуд, мондам ки равад” нест. Ифроту тафрит ва таассуби шадиди диниро бояд пешгирӣ кард  ва амали онро маҳдуд сохт, вагарна ифротӣ метавонад ба Гитлер табдил гардад. Ифротгароӣ паёмади бемориҳои рӯҳии параноя ва шизофрения мебошад. Вақте ки инсон донистагиҳои худро ҳақиқати мутлақ эълон карда, фикри дигаронро ботил медонад, ба бемории рӯҳӣ ишора дорад. Гаҳе бархе тақводорон ҳукуматро танқид мекунанд, ки дар конфаронсҳову ҷамъомадҳояшон чаро уламои динро даъват намекунанд. Киҳоянд ҳамон “уламо”?! Дар кишвари мо мулло агар 10 оятро, ки қориазёд кард, худро олим мепиндорад ва ба танқиди дигарон шурӯъ мекунад. Ҳамин дар дин ришмониву сатрпӯширо асос донистан ва ҳамвора дар атрофи ҳамин мавзӯъ гап задан, худ аз камсаводии динӣ нишон медиҳад. Яъне тақлидкориро асоси дин донистан маънии онро дорад, ки ба муҳтавои Қуръон натавонистааст ворид шавад. Дар хотима бояд гуфт, ки аз афкори хатарноки ифротгароёни динӣ бояд ҳазар кард, зеро онҳо тайёранд, ки дар болои ҷасадҳои нисфи аҳолии Тоҷикистон по гузошта ба курсии ҳукумат бинишинанд. Агар хубтар ҷустуҷӯ шавад, дар миёни мутаассибони ифротгаро бисёранднокасоне, ки дуогӯ ва тарафдори одамкушони ифротгароии мазҳабӣ мебошанд.Аммо онҳо набояд аз ёд бибаранд, ки тоҷикон он тоҷикони солҳои 90 ум нестанд ва давлати Тоҷикистон низ он давлати солҳои 90 уми асри гузашта нест.

                                                                                                                                                                 Зафар Мирзоён

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code