Тантанаи «Рӯзи модар»

                         

  Чорабинии фарҳангиву тантанавии «Рӯзи Модар» дар шаҳри Кӯлоб бо шукуҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил карда шуд.

  Аз субҳи барвақт раиси шаҳр  муҳтарам Хайрулло Амонулло ва фаъолону собиқадорон  дар пояи Муҷассамаи  Модар гулчамбар гузоштанд. Донишҷуёни факултаи таърихи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб дар васфи бузургии модар дубайтиву шеърҳоро қироат намуданд.

  Чорабинӣ сипас дар назди қасри фарҳанги  шаҳр бо савту навои   карнаю сурнай ва тамошои намоишгохи  муҳташами ҳунарӣ, ки аз ҷониби Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб,  Донишкадаи технология ва менечменти инноватсионӣ, коллеҷҳои тиббиву омузгорӣ, ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои миёнаи умумӣ,  осорхонаи ҳунармандони шаҳр, мактаби рассомӣ  бахшида ба соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда буд идома ёфт.

  Сипас як қатор фаъолон ва  ғолибони озмуни «Олиҳаи ҳунар» бо диплом ва туҳфаҳои раиси шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

  Раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло  модарони азизи Кӯлобшаҳри бостониро ба муносибати  ин ид таҳният гуфта аз ҷумла таъкид намуд, ки Иди Модар ҳамрадифу ҳамсадои фасли баҳорон буда,  рангомезии  замину замон, руйдани сабзаву гиёҳ,  шукуфтани гулу нағмаи мурғони хушилҳон, навои дилнавози обшорон, резиши борони баҳорон, хандаҳои беғаши кӯдакон, табассумҳои ширини гулдухтарон ҳама сари таъзим фуруд овардан ба  Модар аст ва ҳама армуғони шодии баҳорӣ  ба ин олиҳаи замон меоранд.

  «Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад», изҳор медорад Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон .

  Воқеан, зан- модар сазовори ҳамагуна эҳтиром ва қадршиносӣ мебошад. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон гирифтани 8-уми март ҳамчун «Рӯзи модар» гувоҳ аз қадршиносӣ ва манзалати Зан-Модар дар кишвар аст.

  Вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини  ҳаёти занон, инчунин проблемаҳои вобаста ба сиёсати демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии  ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуку имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Точикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд»  қабул гардидаанд, ки татбиқи онҳо боиси хеле беҳтар гардидани  мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа гардид.

   Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон  дар симои зан нерӯи созандаи ҷамъияти имрӯзаро дида, саҳми занонро дар рушди кишвар рушан арзёбӣ менамояд. Зеро имрӯз зани тоҷик дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар фаъолона ширкат варзида, дар пешрафти он нақши муҳим  мегузорад.

  Бо вуҷуди  ба фаъолияти  ҷамъиятӣ ва давлатӣ машғул шудан, занон  пеш аз ҳама тарбиятгаранд.

   Ривояте ҳаст, ки зане қабл аз таваллуд назди Абуалӣ ибни Сино омада , нисбати тарбияи фарзанд  маслиҳат мепурсад. Ӯ ба Сино мегуяд,ки ман барвақт омадам, то баъди таваллуд дар тарбияи фарзанд дер намонам. Сино мепурсад,ки кудакат чандвақта шуд?

  Ҳаштмоҳагиро пур кард,- ҷавоб медиҳад зан.

  Шумо хоҳарам дар тарбияи фарзанд аллакай ҳафт моҳ дер мондед- мегуяд Сино.

  Ин суханон ҳикмати баланд доранд.Кудак ақлу одобро бо шири модар мегирад.

 Зан-модар посдори забони миллӣ низ мебошад. Беҳуда халқ забони давлатиро забони модарӣ намегӯяд.

  Дар ҳақиқат модар сарчашмаи муҳаббати ҷовидонӣ ва мунису меҳрубони беғаразу беминнат,  буда ба ҳама некиву бадиямон моро таҳаммул мекунаду бо ҷон мепарварад.

  Модар ягона мавҷудотест, ки худованд   рисолати офарандагияшро ба ӯ бовар карда супурдааст. Модар фариштаи заминии ҳаёти мост, ки чашм ба ҷаҳони ҳастӣ во карда, нахуст симои азизашро мебинему ғизои нахустинро аз пистони ӯ нуши ҷон мекунем. Дар лаҳзаҳои сангинтарин ва дард исмашро ба забон оварда кумакашро меҷуем.

 Ҳанӯз дар Авасто  гиромидошти мақоми зан ва иртиботи он ба зиндагӣ, хеле хуб  ба қалам дода шудааст.  Мард дар Авасто чун осмон ва зан чун  замин  дониста мешавад. Замин дар навбати худ чун сояи осмон инсонро парвариш дода, дигар мавҷудотро ба ҳаёт фаро мехонад ва дар оғуш мегирад.

 Тибқи сарчашмаҳо ҷашни «Рӯзи модар»  дар сарзамини қадимаи мо то асри 12 боқӣ монда буд. Ҳатто дар Руми  Қадим, ки оини куҳани тоҷикон меҳпарастӣ дар фарҳанги мардумони он ҷо решаи амиқ давонда буд, аз ин ҷашн таҷлил мекарданд. Табақаи бофарҳанг ва зиёиёни тоҷик бояд ба хубӣ дарк намояд, ки гузаштагони арҷманди мо ва хосатан равнақдиҳандагони фарҳанги волои миллӣ дар байни мардумони олам- давлати муқтадири ориёиёҳо, давлати Ҳахоманишиҳо, ҷашни  «Рӯзи Модар» -ро дар  тамоми кишварҳои тобеъи худ ба мисли ҷашни Наврӯз фароқамвӣ гардонида буданд.

  Иди «Рӯзи модар», акнун дар Тоҷикистон на танҳо ба хотири озодии занон, балки барои арҷгузорӣ ва эҳтироми самимӣ ба модар ҷашн гирифта мешавад.

 Ҳанӯз бузургони мо медонистанд, ки оғози офариниш, ибтидову интиҳои олам дар раҳми модару замин аст. Бесабаб нест, ки дар устураи миллии тоҷикон аввалин инсони рӯи замин Каюмарс аз замин, яъне аз хок офарида шудааст.

   Мо нақши дастони сеҳрофарини занҳоро  дар кору эҷоди ҳамарӯза, дар амалӣ гаштани нақшаҳои бузурги давлат мебинем ва онҳо дар қатори мардон барои ободии диёр ва шукуфоии Ватани азизамон заҳмат мекашанд.        Корномаҳои занони ватанпарвару қавииродаамон ҳаргиз аз лавҳи хотирамон зудуда намегардад.   Ҳаёт ва фаъолияти занони шуҳратёри шаҳрамон Низорамоҳ Зарифова, Гулчеҳра Содиқова, Сурайё Қосимова, Хосият Вализода, Аслбӣ Шарифова, Садбарг Набиева, Турсунбӣ Ҳотамова, Мавзуна Чориева, Оламбӣ Сайдалиева, Моҳшариф Файзуллоева, Малика Файзова, Шафоат Комилова, Иброҳимова Гулсунбӣ,Муслима Ятимова,   Хайринисо Ватанова, Давлатбегим Раҳимова, Садбарг Қосимова, Раъно Ғафурова,  барои занон ва духтарони имрӯза шоистаи ибрат ва пайравӣ буда садҳо занони фаъоли шаҳру деҳот имрӯз силсилаи корнамоиҳои зан-модарро дар кору рафтори худ таҷассум менамоянд.

  Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Соли 2018 соли рушди сайёҳи ва  ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд.

  Ин ташаббуси   наҷибона боис гардид,ки занону модарон ҳунарҳои қадимаи аҷдодиро аз нав эҳё намоянд.

  Воқеан занону модарони мо то имрӯз фарҳанги либосдории қадимаи тоҷиконро ҳифз намуда меоянд. Куртаи чакан, кокул ва руймоли сафед дар баробари ифодаи табиати афсункори макони зист ба занони кулобӣ  таровату зебогии дигаре мебахшад.

  Мо бо соҳибкорзанони  муваффақ, Ҳасанова Савронбӣ, Сафарова Мавҷуда, Шайдуллоева Нисо, Маҳмадалиева Таманно ки дар эҳёи чакандӯзӣ саҳми беандозаи хешро гузошта истодаанд, ифтихор мекунем.

  Имрӯз бо ифтихор номи занони донишманд ва соҳибунвони  шаҳрамон Кенҷамоҳ Маҷидова, Шарофат Худойдодова, Дилором Сайдаҳмадова, Савронбӣ Раҳимова, Зайналби Холиқоваро ки  дар рушди илми муосир нақши арзанда  гузошта истодаанд,  метавон ёдрас шуд .

  Боиси хурсандист, ки мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади амалӣ намудани қарору фармон ва дастуру нишондодҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҳар чӣ бештар ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намудани занҳо,  корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Махсусан дар ҷобаҷо гузории кадрҳо пешравиҳои зиёде ба амал омадаанд.

  Айни замон аз 5 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқии вилоят аз шаҳри Кӯлоб 2 нафарашон ва аз 40 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ 9 нафарашон занон мебошанд. Аз 134 нафар занҳои роҳбар; дар соҳаи маориф 86 нафар, тандурустӣ 3 нафар, соҳаи фарҳанг 4 нафар   кору фаъолият намуда истодаанд. Имрузҳо  612- нафар зан сардори хоҷагии деҳқонӣ, 803 нафар зан соҳибкор , 37 нафар дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ  фаъолият карда истодаанд.

  Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ занҳо дар вазифаҳои муовини раиси шаҳр, мудири шӯъба, сармутахассис адои вазифа менамоянд, ки ин аз шумораи умумии хизматчиён 25 %-ро ташкил менамояд.

  Дар воқеъ замоне, ки гуфтаҳои бузургонро дар васфи Зан-модар мехонем, бузургии модар пеши рӯ меояд.    

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,  

Дар зери қудуми модарон аст.

  Модар  аст, ки мардони оламро дар домони меҳри покаш парвариш дода, ба ҷаҳониён тақдим кардааст.

  Бонувони арҷманд! Мо ба садоқати шумо нисбати диёри азиз ва масъулияти шумо дар иҷрои вазоифи ба душ доштаатон боварии комил дорем. Итминон дорем, ки шумо модарону хоҳарони азиз ҳамчун олиҳаи бузурги офаридгор баҳри шукуфоии Ватан, пойдории ваҳдати миллӣ, ободии хонадон, тарбияи фарзандон нерӯи бузург ва муҳаббати бепоёни худро дареғ намедоред ва ҳамаи мо дар якҷоягӣ баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ мекунем. Бо ин ниятҳои нек бори  дигар  шумо модарону хоҳарони азизро ба «Рӯзи модар» – иди зебоӣ ва сидқу сафо  муборакбод  намуда, ба шумо  тани сиҳат, хотири  болида ва рӯзгори  хушу босаодатро орзумандам! Бигузор  чароғи афрӯхтаи муҳаббати модарон то абад  фурӯзон бошад!

Ҳамду сано ба модар – ба сарчашмаи ҳаёт ва ҳомии зиндагии башар!

Сано ба модар –ба  раҳнамову раҳбар ва азизи ҳар як хонадон!

Идатон муборак, модарон ва хоҳарони азиз!

Ҷамъомадро   барномаи фарҳангӣ ҳусни тоза бахшид.  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code