Фестивали “Суруди Модар”

       Бахши  кор бо ҷавонон ва  варзиши шаҳри Кӯлоб тибқи нақша чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни “Рӯзи Модарон” ва эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи зебопарастӣ, ахлоқи ҳамида, ҳидояти насли наврас ба ҷодаи эҷодкориву созандагӣ, санаи 3-юми марти соли равон, дар толори Коллеҷо омӯзгории шаҳри Кӯлоб, Фестивали ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Суруди Модар-Алла”-ро байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои оливу касбии шаҳр баргузор намуд. Даври аввали фестивали ҷумҳуриявӣ дар толори Коллеҷи омӯзгорӣ аз рӯи шартҳои зерин: Иштироки ҳатмии довталабон бо либоси миллии тоҷикӣ, тарз ва усули хобондани тифл дар гаҳвора ва замзамаи суруди Модар – Алла бо овози зинда, гузаронида шуд. Дар фестивал аз ҳар як муассисаҳои оливу касбии шаҳр 1-нафарӣ иштирок намуданд ва дар ҷамбасти фестивал, ҷойи 1-ум насиби донишҷудухтарӣ Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб Нимонова Навбаҳор, ҷойи 2-юм насиби донишҷудухтарӣ Коллеҷи миллитсия Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб Мирзоева Орифа ва ҷойи 3-юм насиби ҷавондухтаронӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Саидзода Розия  ва Коллеҷӣ тиббии шаҳри Кӯлоб Сулаймонова Раъно гардида, ғолибони ин чорабинӣ ба давраи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Бояд қайд кард, ки ғолибони давраи аввали Фестивали ҷумҳуриявӣ бо ифтихорнамаҳо ва тӯҳфаҳои  таъсис намудаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши  шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code