Бонувони Кӯлоб ободкоранд.

           

  Рӯзи 3-юми марти соли ҷорӣ занону модарон ва ҷавондухтарони Кӯлобшаҳр таҳти ливои «Занон дар тозаву ободии диёрамон саҳмгузоранд» дастаҷамъона ба ҳашари ободкорӣ баромаданд.

   Бонувон кӯчаю гулгаштҳоро, атрофи биноҳои истиқоматӣ, идораю вазоратҳо ва макони истироҳату фароғатии сокинонро тоза карда, бо ин иқдом дар арафаи «Рӯзи модар» дар ободии як гӯшаи диёри азизамон саҳми босазо гузоштанд.

   Чунин корҳои ободию созандагӣ минбаъд низ идома дода хоҳанд шуд.

                                                                                                                                  Дилором Файзова 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code