Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

    Ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон  дар шаҳру деҳоти Кӯлоб  таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ оғоз ёфта аст.

  Баҳри  амалишавии ин иқдоми наҷибона  Ёддошти тафоҳум  миёни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  дар бораи татбиқи марҳалаи чоруми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ», бахусус  сохтмони бинои дуошёнаи таълимии 8 синфхона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и деҳаи Зарқалъаи ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба имзо расонида шуд.

   Бо амалишавии ин Барнома сокинони деҳаи Зарқалъаи ҷамоати деҳоти Зиракӣ бо бинои мактаби дуошёнаи замонавӣ  таъмин мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар муассисаҳои таълимии №№17, 21, 36 низ аллакай сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо саҳми соҳибкорон ва  ҳашари сокинон  оғоз гардида аст.                                                                

                                                                                                                                                                        Сулаймон Султон  

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code