Пул сохта мешавад

     Дар асоси татбиқи ҳадафҳои Паёми пешвои миллат оид ба вусъат  бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри  Кӯлоб ба истиқболи ҷашни Наврӯз аз ҷониби сокинон ва ташкилоту муассисҳо корҳои ободонӣ  вусъат меёбад.

   Баробари гулпуш намудани кучаю маҳҳаллаҳо ҳамзамон тариқи ҳашарҳои дастаҷаъмона дар таъмири роҳҳои маҳҳаллӣ ва  бунёди пулҳо сахмгузорӣ менамоянд. Дар доираи вусъати чунин корҳои ободонӣ дар маҳҳаллаи Хати роҳ ва Даминзода тариқи ҳашари дастаҷаъмона сохтмони як пул бо дарозии 6 метр идома дорад, ки баъди ба истифода додани ин  пул рафту омади сокинон ба маҳаллаҳои Корвонгузар, китъаҳои 1, 4 ва хоҷагии Назаров ҳалли худро пурра  пайдо менамояд.

   Чунин ҳашарҳои дастаҷаъмона дар 4 ҷамоати деҳот низ доир гардида сокинони шаҳру деҳот ният доранд бо баргузории чунин тадбирҳо Наврӯзи хуҷастапайро бо дастовезҳои арзанда истиқбол намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code