Кӯмаки навбатии Салиби сурх

     

Яке аз самтҳои сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон ва бевосита сиёсати пешгирифтаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ин расонидани кӯмак ба табақаи  ниёзманд, алалхусус расонидани кӯмак ба ятимону бепарасторон, шахсони яккаву танҳо, пиронсолони дардманд ва шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Дар ин замина Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Точикистон дар минтақаи Кӯлоб, ҷихати иҷро ва дастгирии сиёсати давлатӣ дар самти расонидани кӯмак ба шахсони имконияташон маҳдуд, яъне Ташкилоти чамъиятии “Мушфиқи маъюбон” ва беморхонаи касалиҳои руҳии шахри Кӯлоб либоси дасти дуюм, ки аз ҷониби Салиби сурхи Финландия дастрас гардидааст, кӯмак намуданд.

Дар оянда Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Точикистон дар минтақаи Кӯлоб расонидани чунин кӯмакҳоро ба дигар ташкилотҳои дорандаи шахсони имконияташон маҳдуд низ ба нақша гирифтааст.

Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Точикистон дар минтақаи Кӯлоб ин иқдоми хайрхоҳонаро пайваста идома дода, чиҳати дастгирии сиёсати давлатӣ дар самти расонидани кӯмак ба аҳолии ниёзманд, инчунин чиҳати ичрои Қонунхои Ҷумхурии Точикистон “Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Точикистон” ва “Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ дар Ҷумҳурии Точикистон” кушиш ба харҷ медиҳад.

                                                                                                                                    Дилором Файзова 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code