Терроризми сиёсӣ зуҳуротӣ номатлуби замони муосир.

Терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Мақсади ташкили нооромиҳо ин иваз кардани сарвари давлат ва ё дигар кардани сохти конститутсионии кишвар, истифодаи сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ ба фоидаи хеш мебошад. Ин аст, ки дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Мафҳуми терроризм калимаи лотинӣ буда, «тарс», «таҳлука», «воҳима»-ро ифода мекунад, ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида онро барои амалӣ кардани ҳадафҳояшон ба кор мебаранд. Амалҳои террористӣ бештар ба худ характери сиёсӣ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ мегардад. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиоварашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Махсусан амалиёти террористӣ, ки 11 – сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом дода шуд, бо бераҳмӣ, густохӣ ва теъдоди зиёди одамони қурбоншуда бесобиқа мебошад. Имрӯз ифротгароӣ ва терроризми яке  аз ҷиддитарин таҳдидоти субботу амнияти ҷаҳонист. Барои муқобила бо падидаи гароиши ҷавонон ва аз зумра занон ба гурӯҳҳои ифротӣ  бояд дар сатҳи миллӣ  маҷмӯе аз тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ  ва фарҳангӣ – динӣ  андешида шавад. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд кард:Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад Терроризм ва терроризми сиёсӣ монанд карда шудаанд. Як қатор муаллифон барои муайянсозии терроризм доираи сиёсӣ ва муассирӣ, расонидани таъсир ба ҷамъиятро истифода мебаранд. Дигарон бошанд доираи предметиро (сиёсӣ, ҳуқуқӣ) истифода мебаранд. Сеюмиҳо расму қоидаҳои мантиқӣ (таҳлилу синтез), чорумиҳо нақши давлатро дар ташкил ва паҳнкунии терроризм (давлатӣ, ки аз тарафи давлат ҷонибдорӣ мешавад) истифода мебаранд. Вазъият аз сабаби дараҷаи баланди ғаразнокии таҳқиқгарон вобаста ба масъалаи мазкур дучанд душвор мешавад. Ҳамаи ин аз набудани намунаи тасвирии таҳлили ин масъала шаҳодат медиҳад. Қолаби мазкур, аз нуқтаи назари муаллиф, чунин ҷанбаҳои баррасиро бояд дарбар гирад: – терроризми сиёсӣ чун падида; – усули ғайриқонунии мубориза барои ноил шудан ба мақсадҳои сиёсӣ; – тактикаи махсуси муборизаи сиёсӣ; – давом додани сиёсат бо воситаҳои зӯроварӣ; – яке аз усулҳои муборизаи сиёсӣ. – шакли экстремизми сиёсӣ; Терроризми сиёсӣ тактикаи ғайриқонунии муборизаи сиёсии ба амали террористӣ такякунандаро дар назар дорад, ки қурбониҳои ногузир вобаста барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ мебошанд. Тасвияи ҳоло дар Иттиҳоди Аврупо қабулгардида терроризмро чун “ҳамлаи барқасдонаи одамон ё гурӯҳи одамон ба ягон мамлакат, институтҳои он ё мардуми он бо мақсади тарсонидани онҳо” муайян мекунад. Чуноне дида мешавад дар варианти пешниҳодгардида мафҳуми “терроризми давлатӣ” нест. Дида мешавад, ки раванди коркарди таърифи ягонаи умумиқабулшудаи терроризми сиёсиро берағбатии баъзе давлатҳо, ки худро бо таърифи устувор намехоҳанд вобаста кунанд, душвор мегардонад. Ин мамлакатҳо пинҳонӣ аз ҷаҳон ва халқи худ фаъолияти террористонро дастгирӣ менамоянд. Сипас вобаста аз объектҳои таъсиррасонии терроризми сиёсӣ, ки субъекти он давлат баромад мекунад, бояд самти беруна ва дохилиро фарқ кард. Дар айни замон сухан дар бораи самти беруна дар бораи сиёсати террористӣ ва амали давлат берун аз ҳудуди мамлакат сухан меравад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии ҷомеаи  худро аз чунин пайомадҳои  манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем. Барои муайянсозии универсалии падидаи “терроризми сиёсӣ” ба мо зарур аст як қатор хусусиятҳои хоси онро аниқ ошкор кунем. Аломати якум ин бурдани амалиётҳои мусаллаҳона на бар зидди қувваҳои низомии душман, балки бар зидди аҳолии осоишта ба мақсади фишор овардан ба ҳокимияти сиёсӣ ва элита мебошад. Ба ибораи дигар дар ҷанг барои ғолиб омадан душман кӯшиш мекунад замини ӯро ғасб кунад, дар терроризм бошад ҳудуде вуҷуд надорад, ки душман онро ғасб кунад. Аломати дуюм  ин махфӣ нигоҳдорӣ ва анонимӣ (беномӣ), таёрии пинҳонии амалҳои террористӣ мебошад. Аломати сеюм – ба терроризм аксар вақт тамоюлу рӯоварӣ ба ҳангома хос аст.Амали террористӣ – ин манзараи аз рӯи намоиш бераҳмона мебошад. Аломати чорум идеологияи маҳдуд мебошад. (Аломати мазкури терроризм ба терроризме, ки паҳнкунандаи он давлат мебошад, дахл надорад. Асосан идеологияи терроризм аз рӯи мундариҷа нисбатан маҳдуд ифода ёфтааст ва бо воситаҳои психологияи ҷамъиятӣ, постулатҳову догмаҳои динӣ иҷро мешаванд. Барои террористон муборизаи мусаллаҳона аз раванди асосноккунии идеологӣ муҳимтар мешавад. Вале бояд қайд кард, ки ҳоло тамоюли ҳарчи бештар истифода бурдани асосноккунии фаъолияти терроризм ба чашм мерасад ва барои ин дар навбати аввал шабакаи Интернет истифода мешавад.Бояд гуфт, ки рушди интернет барои таъмини иртиботи истифодабарандагон шабакаҳои мухталифи иҷтимоиеро ба вуҷуд овардааст, ки ҳар яки онҳо хусусиятҳои ба худ хосеро доро мебошанд. Масалан айни замон дар шабакаи интернет чунин шабакаҳои иҷтимои, ба монанди “В Контакте”, “Отноклассники”, “Мой мир”, “Facebook”, “Мир тесен” ва монанди инҳо арзи ҳасти менамоянд, ки шумораи аъзошудагон дар онҳо садҳо ҳазор ва миллионҳо нафарро ташкил медиҳад. Яъне шабакаҳои иҷтимоӣ инконият доранд, ки тавассути иттилооти дар худ дошта ба шуури ҷавонон таъсири зиёд расонанд, бо роҳи фиребу қаллобӣ фикру ақидаи онҳоро ба дилхоҳ самт равона  созанд. Дар Конференсияи байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон (с. 1970), ки ба масъалаи терроризм ва ҳифзи аҳолӣ аз он бахшида шуда буд, се шакли терроризм номбар шуд: иҷтимоӣ, сиёсӣ, идеологӣ. Инак ба қатори аломатҳои асосие, ки терроризми сиёсӣ ба сифати зуҳуроти иҷтимоӣ-сиёсии номатлуб арзёбӣ мешавад, инҳоро дохил кардан лозим аст: хавфи ҷамъиятӣ, анонимӣ, ғайриқонунӣ, маҷбурсозӣ ва тарсдиҳӣ. Террор ва терроризмро ҳамчун заминларза пешгӯи кардан хеле гарон аст, аз ин ру, ба андешаи мо, зери мафҳуми терроризм бояд амали ҷиноие дар назар гирифта шавад, ки бо истифода аз зӯроварӣ ё таҳдидӣ зӯроварӣ нисбати шахсони алоҳида ё гурӯҳи шахсон амали гардидааст.Мақсади он тарсонидани  аҳолӣ ва ташкили вазъиятӣ ғаразнок, рӯҳафтодагӣ, шиддатнок бо нияти таъсиррасонӣ дар қабули қарорҳои барои террористон манфиатнок, бо хатари аз ҳад зиёд фарқ кунандаи ҷамъиятӣ ва хусусияти ошкоро содир кардани он мебошад. Ҳамин тавр, аломатҳои фарқкунандаи падидаи терроризми сиёсиро номбар карда, ба он чунин таърифро додан мумкин аст: терроризми сиёсӣ– ин ҳамлаи ногаҳонӣ, ғайриқонунӣ, барқасди дилхоҳ субъект (хоҳ шахсият, иттиҳод, давлат, ҷомеаи ҷаҳонӣ) бо истифодаи зӯроварӣ дар дилхоҳ шакли он (ё таҳдиди истифодаи он) бо истифода аз дилхоҳ намуди силоҳ ба дилхоҳ объект (хоҳ шахсият, иттиҳод, давлат, ҷомеаи ҷаҳонӣ, объектҳои моддӣ, муҳити экологӣ), ки душмани сиёсии субъект набуда, вале мақсади рамзӣ буда, ба он таъсир расонда, субъект кӯшиш мекунад ба душмани сиёсӣ таъсир расонад, мақсадҳои сиёсиро дунболагирӣ мекунад: маҷбурсозии ҳукумат (ҳукуматҳо) ё ташкилоти байналхалқиро ба иҷрокунӣ ё даст кашидан аз иҷрокунӣ, ҳамчунин барои ноустуворӣ, вайроншавии сохторҳои асосии сиёсӣ, иқтисодии (иҷтимоӣ) мамлакат ё ташкилоти байналхалқӣ. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ истиқлолияти он ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем. Аз ин рӯ, дар шароити ҷаҳонишавию душвор муносибатҳои байналмиллалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаи ҳифзи симои миллӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, ва маърифатӣ ҳуқуқии кишвар, хусусан ҷавонон, диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Файзов Рамазон
докторанти (Phd)-и кафедраи таърих ҳуқуқ ва                                                                               сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code