Сабабҳои пайдоиши терроризми сиёсӣ ва шаклҳои асосии он.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар замони  мураккаби муосир вобаста ба масъалаи терроризми сиёсӣ ин муайян кардани сабабҳои пайдоиш ва паҳн шудани ин падидаи номатлуб мебошад. Дар чунин ҷомеа гурӯҳҳои гуногуни мухолиф  пайдо мешаванд: сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ, ки барояшон қонунӣ будани ҳокимияти мавҷудбуда шубҳаангез мешавад. Ба андешаи мо, дар марҳилаҳои гузариши ҷомеа терроризм аз сабаби он тамоюл ба афзоиш дорад, ки дар қисмҳои муқарраршудаи вақт дар робита бо азнавбаҳодиҳии назарияҳои таълимот дар бораи арзишҳо манзари муассири дахлдор барпо мешавад, вале ноустуворӣ, моҷароҳои бераҳмона ва носозишкорона хусусияти асосии муносибатҳои базавӣ ва робитаҳои иҷтимоӣ мебошанд.
Давраи гузариш, ки бо вазъи вазнини иқтисодӣ мушкил гаштааст, шароити муқобалаи иҷтимоиро ба вуҷуд меорад, ҳолати махсуси афкори умумиро ташаккул медиҳад, ки барои он арзёбии номувофиқи воқеияти ҳақиқӣ, рӯҳияи ноустуворӣ, интизориҳои бефоида, хашмгинӣ ва таҷовузкорӣ хос аст. Дар ин шароит даъватҳои экстремистӣ ва амалҳои эътирозӣ ба осонӣ қабул карда мешаванд. Қашшоқӣ, бекорӣ, ғаму ғуссаи беканор, фарқияти аз ҳад зиёди аҳолӣ аз ҷиҳати даромад, заифии ҳокимияти давлатӣ, қобилият надоштани ҳокимият дар таъмин намудани бехатарии шахс ва молу мулки ӯ ба он меоранд, ки экстремизм ва парастиши бераҳмӣ қисми ҷудонашавандаи тафаккури ҷомеа мешавад.
Баррасии сабабҳои асосӣ ва заминаҳои паҳншавии терроризми сиёсӣ дар замони муосир барои фазои пасошӯравӣ хеле муҳим аст,  зеро ҳоло ҳам инкор кардани таъсири манфии давомкардаистодаи дигаргунии харобиовари геополитикӣ – пошхўрии ИҶШС –ро дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ инкор кардан мушкил аст.
Пеш аз ҳама таҳлили амиқи сиёсӣ, тағйиротҳои сохтори сиёсии ҷомеаи тоҷик, ҳолати муносибатҳои ҷамъятӣ зарур аст; ҷудо намудани мухолифатҳои дар ҷомеа ҷойдошта (ё заминаи мухолифатҳо) лозим аст, ки феномени терроризмро сабаб мешаванд. Робита байни вазъи сиёсӣ-иқтисодӣ ва афзоиши экстремизм ва терроризмро маълум намуда, набояд ҳолати ҳокимият ва моликиятро чун сарчашмаҳои асосии афзоиши зӯроварии иҷтимоӣ аз мадди назар дур кард.
Ҳамин тавр, нобаробарии иҷтимоӣ яке аз манбаъҳои зоҳиршавии террористӣ дар ҷамъият мебошад, зеро ҳар як гурӯҳ мекӯшад вазъияти худро беҳтар кунад, ҳаҷми неъматҳои иҷтимоии дар ихтиёр доштаашро васеъ намояд. Низоъҳои сиёсии бо сабаби нобарор тақсим кардани неъматҳои моддӣ ба вуҷудомада метавонанд дараҷаи баланди шиддатнокӣ дошта бошанд. Ба ин ду Инқилобҳои Кабирӣ дар таърихи инсоният  шуда (дар Фаронса дар охири асри XVIII ва дар Руссия дар аввали асри ХХ) мисол шуда метавонанд. Синфҳои сарнагуншуда нисбати худ амалҳои фоҷиабори ҳаракатҳои терроризм ва террорро чашиданд.
Татбиқ кардани ислоҳотҳои азими иҷтимоӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва собиқ ҷумҳуриҳои собиқи он дар охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90 ба пастшавии назарраси мақоми иҷтимоии гурӯҳҳои соҳибимтиёзи шӯравӣ (қисми партократия, ҳарбиён) оварда расонд, ҳамчунин ба некӯаҳволии табақаҳои мобайни аҳолӣ таъсир расонд. Қариб дар ҳамаи ҷумҳуриҳои пасошўравӣ дар даромади байни камбағалон ва сарватмандон фарқияти калон мушоҳида карда мешавад. Набудани механизмҳои ҳуқуқии ҳифзи манфиатҳои табақаҳои васеи меҳнаткашон яке аз масъалаҳои асосӣро мемонад. Ба ин тақсимшавии якбораи ҷамъиятро ба синфҳои сарватманд ва камбағал бояд илова кард, ки ба люменизатсияи (ҷинояткорон, оворагардон, қашшоқон) қисми калони аҳолӣ меорад. Дар навбати худ ин табақа дар ҳолати афзудани шумораи худ тамоюл ба ҳамроҳшавӣ бо элементҳои криминалӣ дорад, ба қувваи ноустувор ва харобкунанда мубаддал мегардад. Дар ин замина шаклҳои фаъолияти террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки на танҳо ба бехатарии иҷтимоӣ, балки бехатарии сиёсии мамлакат таҳдид мекунанд. Ба ин маъно субъектҳои терроризм умумиятшои иҷтимоие мешаванд, ки онҳоро пеш аз ин ба тамоюлҳои экстремистӣ ва аз он беш террористӣ айбдор кардан мумкин набуд.
Дар ҷомеа ба таври кофӣ мавҷуд набудани синфи миёна, ки дорои даромадҳои миёнаи устувор ва моликияти шахсӣ мебошад, ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад ва муборизаи қувваҳои сиёсиро тезутунд мегардонад.Зайфии табақаи синфи миёна ба сафарбаркунии нокифояи нерӯҳои солими ҷомеа сабаб мешавад. Дар натиҷа ташаббус ба дасти доираҳои террористӣ мегузарад, ки оқибатҳояш фоҷиавор аст.
Номувозинатии сахти иқтисодиёт махсус ба ҷавонон – аз ҳама қисмати фаъоли аҳолӣ таъсир мерасонад. Чунин омил, чун бекории оммавӣ, ҷавононро ба гурӯҳҳо муттаҳид месозад, мавҷуд будани вақти зиёди озод ба он оварда мерасонад, ки барои онҳо иштирок дар корҳои гурӯҳ шакли асосии фаъолият мегардад. Вобаста аз сифатҳои шахсии инсон (бекорхуҷагӣ, хоҳиши зуд сарватманд шудан, муддате диққатро ба худ ҷалб кардан, дар доираи худ нуфуз пайдо кардан) ӯ ва дигар аъзоёни гурӯҳро дар дасти ҷонибдорони ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ метавонад ба фарди гапдаро мубаддал кунад.
Ба назар мерасад, ки муқоиса кардани “ҷомеаҳои маҳкам кардашуда ва шахшуда” – ро бо ҷомеаҳое, ки кайҳо дар тараққиёти худ ин давраро аз сар гузаронидаанд, на он қадар дуруст мебошад.
Дар мамлакатҳои тақрибан якхелаи тарзи истеҳсолот ва фарҳанги иҷтимоӣ сатҳи гуногуни шиддатнокии низоъҳои иҷтимоӣ мушоҳида мешавад (масалан, Шветсия ва Италия ҳозира).
Инқилобҳои саноатӣ ҳамчун сабаби дигаргуншавии системаи стратификатсионӣ имрӯз аз байн рафтааст. Дар ибтидои асри ХХI сабабҳои дигар пайдо шудаанд: мувозинати стратификатсионӣ дар замони горбачёви кӯшиш карданд дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ яку якбора ҳам режими сиёсӣ, сохтори миллӣ-давлатӣ ҳам низоми иқтисодии мамлакатро дигар кунанд.      Ивазшавии давраҳо ба ивазшавии одатҳо ва меъёрҳо, пастшавии сатҳи маънавӣ-ахлоқии аҳолӣ боис мешавад. Ниҳоят дарднок ҳолатҳои гузариш мешаванд, вақте одатҳои кӯҳна воқеияти дигаршударо инъикос аллакай намекунанд, вале боз дар ҳаёти насли калонсол боқи мемонанд ва ба ҷавонон бо низоми анъанавии тарбияву таълим бор карда мешаванд. Ин қонунияти умумӣ мебошад.
Нигилизми ҳуқуқӣ заминаи мусоидро барои зӯроварии ифротӣ барпо мекунад. Бо нигилизми ҳуқуқӣ нигилизми ахлоқӣ робитаи сахт дорад, ки принсипи он ҳукмронии қувва бар ҳуқуқ мебошад. Оид ба ин нуқтаи назар дар арафаи террори бераҳмона дар ибтидои асри ХХ дар имерияи Россия файласуфи рус Л.М. Лопатин навишта буд: “Идеалҳои кӯҳна нобуд мешаванд, умедвориҳои пешина ва интизориҳои боисророна хира мешаванд… Ва муҳимаш эътимоди мо ба маданияти муосир ислоҳнопазир ва чуқур ноустувор мешавад: аз пояҳои он ногаҳон чунин башараи ҳайвонмонанди мудҳиш  назар намуд, ки мо беихтиёрона аз он бо нафрат ва тааҷҷуб рӯй гардонидем”.
Бар замми он, дар ҳолати мавҷуд будани хатогиҳои муайяни сиёсӣ дар сатҳи давлатӣ ҳамаи дигаргуниҳои номбаршудаи манфӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маданӣ заминаҳои ба вуҷуд омадани экстремизм ва терроризм мебошанд.
Инро дар мисоли Чеченистони Федератсияи Руссия дида мебароем. Ба монанди ҳамаи шаҳрвандони Федератсияи Россия чеченҳо якбора паст шудани сатҳи зиндагиро аз сар гузарониданд, тарс ва нобовариро ба рӯзи оянда ҳис намуданд. Вазъиятро он ҳолат мураккаб месохт, ки ин халқ соли 1943 аз замини бобои худ маҷбуран ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна кӯчонида шуда буданд, норозигӣ аз натиҷаҳои бозсозӣ ҳисси ранҷиши таърихиро тезутунд мегардонд. Бар замми ин тарзи фикрронии (менталитет) халқи ифтихорманд ва диловар нақши худро гузошт.
Бинобар ин мо шањрвандони кишварро зарур аст, ки дар мољарои љањонишавї бо дарки масъулият истиќлолияти худро натанњо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо мењнати софдилона ва самимї дар њама соњањо тањким бахшем.Ва барои таълиму тарбияи љавонон дар рўњияи ватандўстї, худогоњиву худшиносї, инчунин љалби онњо дар корњои созандагиву ободкорї, њифзи дастовардњои истиќлолият, тањким бахшидани вањдати миллї сањмгузор бошем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code