ҶАВОНОН ДАР ШАРОИТИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Мушкилоти экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил шудааст ва имрӯз ҳамагон барои бартараф кардани ин вабои аср мубориза мебаранд. Аз ҷумла Тоҷикистон дар ин ҷода ҳамеша фаъол аст. Бояд гуфт, ки дар кишвари мо низ ин харатҳои ифротгароӣ ва тундгравоиро ҳамчун мушкилоти асри навин мешиносанд ва иод ба ин хатарҳо доимо тавассути ахбори омма (ВАО) мардумро аз рафти ин равандҳо ҳушдор менамоянд. Зеро тибқи он тамоми проблемаҳое, ки дар ҷомеа мавҷуд аст, барои ифротгаро шудани ҳар як фарде, ки дониши кофии динию дунявӣ надорад ва мақси асосии шомилшуданро дар ин гурӯҳҳо надорад, мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ коршиносон бар ин назаранд, ки муборизаи ҳар яки мо бар зидди ингуна равандҳои номатлуб бояд системанок ва доимӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ (профилактика) ва ахбори омма (ВАО) сурат гирад. Дар робита ба ин масъала ва роҳҳои муосири мубориза бар зидди ин равандҳои номатлуби ҷомеа тавассути системаҳои ахбори ҷаҳонӣ доимӣ ва босуръат бошад. Маънои калимаи терроризм – калимаи лотинӣ буда, маънояш тарс, воҳима мебошад. Ин ба маънои шомилшавӣ ба ҳаракатҳои зуроварро дорад, ки  барои ба омма ё давлате расонидани хисорот ва ё куштор аст, ки ин раванд ба дини мубини Ислом робитае надошта, балки мардум худ аз худ баҳри ташкили гурӯҳҳои ифротгаро аз ин нуқтаи назар истифода бурда, номи Исломро ҳамчун далел барои расонидани зараи моддию маънавӣ ба ин ё он давлат ва мардуми он аст. Дар солҳои 1970-1990 асри ХХ терроризми байналхалқӣ вусъат  ёфтааст, ки моҳиятан мақсадҳои зиддиинсонӣ дорад. Даҳшат афкандан ва тарсонидан дар тули асрҳо ба сифати воситаи муборизаи сиёсии неруҳои гуногуни иртиҷоӣ вуҷуд доштанд. Терроризм бештар дар ҳолатҳои гузариши ҷамъиятию сиёсии ҷомеа ва давлат рух медихад. Доираи кирдорҳои террористӣ васеъ гардида, роҳу воситаҳои амалигардонии онҳо низ нав шудааст. Даҳшати терроризм имрӯз ҷаҳони муосирро ба ларза оварда, амнияти инсониятро таҳти хатар гузоштааст. Терроризм – ин воситаи амали гардонидании нақшаҳои доимамалкунандаи ин гурӯҳҳои ифротгаро буда, бештари хисоротро ба иншоотҳо, корхонаҳои маъмурӣ, иншоотҳои истиқоматӣ, беморхонаҳо марказҳои савдо ва ғ. мерасонад. Мақсади асосии гурӯҳҳои террористӣ ин тарсонидан, сохтани муҳити тарс, ваҳм дар байни мардум мебошад, ки ҳаёти одамонро зери хатар гузоштан аст. Аз рӯи ақидаи таърихшиносон ва сиёсатмадорон терроризм ҳанӯз дар давраи қадим ба вуҷуд омада буд. Масалан дар Юнон ба муқобили Фиръавнҳо ва мардуми одди террор ташкил мекарданд ва ин шаҳодат аз он рӯзҳои даҳшати таърих гувоҳӣ медиҳад. Дар папирусҳои юнон маълумот дар бораи террор, ки дар натиҷаи он як қатор фиръавнҳо ба монанди шоҳи ҷавон Тутанҳамон, ки аз майдони сиёсат уро ба восита заҳр дур карда буданд оварда шудааст. Аз рӯи шоҳидии таърихнигори юнони Манефон ки дар асри IV пеш аз мелод зиндагӣ кардааст, дар давраи қадими шоҳигарии Юнон давраи душвори режими террори тотоалитарӣ ба вуҷуд омада буд. Дар давраи эҳёи Рим бошад, урфу одатҳои террористӣ вуҷуд дошт, ки дар таърих нақш гузоштааст. Дар китоби маъмули таърихнигорӣ Рим Гай Светони Транвил «Ҳаёти дувоздаҳ сезарҳо», воқеаҳои ду асри таърихи Римро дарбар мегирад. Ҳашт нафари сезарҳо ки дувоздаҳ нафар буданд, дар натиҷаи суи қасди террористӣ кушта шудаанд. Терроризми Россия баъд аз давраи мавҷи инкилобӣ радикалӣ ба вуҷуд наомада аз руи ақидаи тадқиқотчиён анъанаи қадима дошт. Бо фармони княз Владимир Ярополк бародараш кушта мешавад. Терроризм дар Рус давом карда қурбониёни он бояринхо князхо савдогарон мегардиданд. Ҳануз дар асри 1 мелодӣ дар иудҳо сектае бо номи сика- яъне ба маънои корд  ё шамшер барои нест кардани яҳудиҳое, ки ба римиҳо хизмат мекарданд ташкил  ёфта буд. Инчунин Фома Аквинский ва падарони клисои насронӣ ақидаҳои кушторро ба ҳокимон ва халқи шуриш бардошта ба роҳ монда буданд. Дар асрҳои миёна бошад равияҳои мусулмони куштори имомҳо ва халифаҳоро роҳандози мекарданд. Дар индавра сиёсати террористӣ дар ҷамъиятҳои пинҳонии Ҳиндустон ва Хитой дида мешуд. Дар охири асри Х1Х барои ташвиқоти терроризм дар Аврупо ИМА ба Иоганн Мост рост меояд, ақидаи роҳи « варварские средства борьбы с варварской системой». Терроризм яке аз хусусиятхои асосии ҳаёти ҷамъиятӣ дар асри Х1Х гардида буд.Намояндагони он халқчиёни рус, радикалҳои миллатчӣ дар Ирландия, Македония, Сербия анархистҳои Франсия, Италия, Испания ва ИМА буданд. Аз гуфтаҳои боло хулоса баровардан мумкин аст, ки мафҳуми терроризм аз якчанд фактҳо иборат аст: ин аз чорчубаи хронологи ва ҷуғрофӣ иборат буда тадқиқотчиён таърихчиён , сиёсатмадорон, философҳо, ҷомеашиносон терроризмро-ҳамчун таҷрибаи тарсонидани душман бо роҳи зуроварии ҷисмонӣ то барҳам додан исбот кардаанд. Инчунин ин ҳаракат пешаки хеле хуб тайёркарда шуда ва амал татбиқ кардашуда бо  ёрии гуруҳи одамон ва яроқу аслиҳа , ба муқобили аҳолии осоишта равона карда шудааст. Дар охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ терроризми этники-динӣ ва терроризми байналхалқӣ ба вуҷуд омад, аз тарафи ташкилотҳои ҷудогона барои ҳалли нақшаҳои террористӣ ва ба амал татбиқ кардани амалиётҳои он  ёрӣ мерасониданд ба вуҷуд омаданд. Барои тайёр кардани амалҳои террористӣ шахсони алоҳида ба корҳои ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дохил гардида барои амалиётҳои террроистӣ замина тайёр мекарданд. Инчунин барои ба амал тадбиқ кардани амалиётҳои онҳо махсус лагерҳои ҳарбӣ, анборҳои яроқу аслиҳа дар давлатҳои гуногун фирмаҳо, ташкилотҳо, бонкҳо фондҳои хайрия ташкил карда мешуданд.Терроризми байналхалкӣ баъд аз солҳои 1960- уми асри ХХ хеле рушд карда дар давлатҳои алоҳида ҳамчун гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ амал кардааст. Имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 500 ташкилотҳои террористӣ амал карда аз соли 1968 то соли 1980 зиёда аз 6700 амалҳои террористӣ гузаронида шудааст, ки дар онҳо 3668 нафар ҳалок гардида 7474 нафар ярадор гардидаанд. Имрӯз аз руи таҳлили татқиқотчиён ба ҷаҳонӣ террроризм ҳамасола зи ёда аз 5 то 20 млд доллар дохил мегардад.Фаъолияти ташкилотҳои исломӣ ба тараққи ёти ҷамъиятию си ёсии кишварҳо таъсир расонида дар ҷаҳонӣ имруза густариш  ёфтааст. Аммо густариши саросарии дини мубини ислом, робитаҳои хориҷии иҷтимоиву фарҳангӣ ва шиносоии бештари мардуми кишвар бо фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳои дигар барои ба фазои си ёсии кишварамон ворид шудани баъзе унсурҳои манфӣ ва барои ҷомеаи мо номатлуб мусоидат кард . Баъзе гуруҳу созмонҳои дохилию хориҷӣ ва шаҳрвандони алоҳида ноогоҳии мардумро аз арзишҳои умумиинсонии ислом истифода карда, таблиғоти ифротиро ба роҳ монда ва экстремизму радикализми диниро талқин мекунанд Экстремизм (ифродгароӣ) имрӯз ба проблемаи умумибашарӣ табдил ёфта, инкишофи муътадили давлатҳо ва амнияти мардумро халалдор месозад. Мафҳуми экстремизм ( калимаи лотини Экстремус) дар адабиёти илмӣ ва фарҳангиву иттлоотӣ ба маънои ҷонибдор  ё шомил шудан ба қоидаҳои тундравона яъне «моҷароҷу» омадааст. ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳо ва воситаҳои самаранокӣ мубориза бар зидди терроризм аст. Ба таври доими масъалаи мазкур давр СММ мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор мегирад. Кумитаи махсуси мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ аз соли 1972 фаъолият мекунад, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти кишварҳои гуногунро бар уҳда дорад. Неруҳои ҳарбӣ ва захираҳои молиявии созмонҳои террористӣ аз қабили «Давлати исломи» босуръат афзоиш  ёфта, онҳо имрӯзҳо имкони муқовимат намудан бо кишварҳои абарқудрат ва ҳатто паймонҳои ҳарбӣ-сиёсии онҳоро пайдо карда истодаанд. Яке аз омилҳои пурқудратшавии ташкилотҳои террористи муттаҳидшавӣ ва аз навтақсимшавии созмонҳои террористӣ, ҳадаф интихоб кардани кишварҳои ҷангзадаи аз захираҳои табии бой, истифодаи моҳиронаи идеологияҳои динӣ ва албатта бозиҳои калони геополитики маҳсуб меёбад. Яке аз фактҳои асоси экстремизми исломӣ ин ба вазъи иқтисодӣ иҷтимоии давлатҳои араб ба ҳисоб меравад. Экстремизми исломӣ – роҳи радикалии таҳкурсии ислом ба ҳисоб рафта роҳи зуроварии муборизаи сиёсӣ мебошад. Экстремизми исломӣ баъд аз солҳои 1980-ум авҷ гирифта якчанд ташкилотҳои исломӣ дар давлатҳои Алҷазоир, Эфиопия, Сомали, Сурия, Миср, Арабистони Сауди Фаластин, Уганда, Покистон, Босния ва Филлипин ба вуҷуд омаданд. Соли 1989 аз тарафи Усома бен Ладен ташкилоти исломии «Ал-Қоида» ташкил  ёфт. Дар баробари ин соли 1998 аз тарафи у «Фронти байналхалкии исломӣ» ташкил кард, ки якчанд гурӯҳҳои радикалҳои исломиро ба монанди « Ал-исломия», «Муҳоҷирон», «Ал-ҷиҳод», «Ҳаракат-ул- ансор»-ро муттаҳид кард, ки онҳо дар Покистон, Афғонистон ҳамчун гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ амал мекарданд. Инчунин аз тарафи ин ташкилотҳои экстремистӣ тайёр намудани мутахасисони ҳарбӣ яъне «ҳарбиёни ҷиҳод» махсус лагерҳои ҳарбӣ дар ҳудудҳои Афғонистон, Покистон, ва Судон ба вуҷуд омаданд. Дар Ҳиндустон Фронти озодихоҳии Ҷамма ва Кашмир, дар Покистон 15 гурӯҳи муттаҳид бо сардори Амонуллохон дар Филипин ташкилоти экстремистӣ бо номи «Абу Сайф» ки характери исломӣ доранд амал мекунад. Ин ташкилотҳо ба руйхати гурӯҳҳои терроризми байналхалкӣ дохил карда шудаанд. Дар охири асри ХХ мафҳуми нави ислом – мутахассис террорист ба вуҷуд омад, ки ин ба шахсияти яке аз миллиардери Арабистони Сауди Усама бен Ладен рост меояд. Якчанд ташкилотҳои исломӣ бо номи « Ҷиходи байналхалқӣ», «Бародарони мусулмон», Экстремистони исломӣ дар Яман, Алҷазоир, Кашмир, Босния, Иордания, Косово, Чеченистон, Ӯзбекистон, ва ҳаракати Толибон дар Афғонистон аз ӯ ёрии моддӣ мегирифтанд. Инчунин якчанд фондҳои хайрияи исломи ташкил  ёфта буд, ки маҳз ба чунин гуруҳҳои экстремистию террористӣ равона карда мешуд. « Ҳизб-ут-таҳрир-ал-исломӣ»  ё тарҷума аз араби « Ҳизби озодии ислом» ҳизби сунни  мазҳаби буда соли 1952 дар шаҳри Қуддуси Фаластин ташкил  ёфтааст. Асосгузори ин ҳизб Такийюдини Набҳони буда онро то соли 1977 сардорӣ кардааст. Ин ташкилот хусусияти экстремисти дошта ягонагӣ ва соҳибихтиёрии ягон давлатро эътироф намекунад. Низоми исломиро ягона медонад. Демократияро гуё куфр меҳисобад. Қонун ва мустақилияти давлатро инкор менамояд. Бартарияти мусулмонро аз дигар динҳо баланд медонад. Равияи «Салафия» дар Тоҷикистон соли 2005 ба вуҷуд омада фаъолияти худро ошкоро кард. Дар таърих маълум аст, равияи «Салафия» аз тарафи Муҳаммад Ибни Абулваҳҳоб ба вуҷуд омадааст. Салафиён худро намояндагони асосии Қуръон ва суннат хонда, дар Ҳиндустон, Покистон, Арабистони Сауди, Афғонистон, Яман. Туркия, Русия, Ӯзбекистон ва Кирғизистон бо номҳои мухталиф, ошкору пинҳони амал менамояд. Ҳадафи ниҳоии салафи ён ҷудоиандози дар байни мардуми мусулмон мебошад. Тахлили ҳолатҳо нишон додаст,ки пайравони ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо халалдор кардани амнияти ҷамъиятӣ, сохтори конститусионӣ ва амнияти давлат мебошад. Аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои дини ҷиноятҳои ба вуҷуд овардани кинаю адовати милли, нажоди, махалгарои ва бо рохи зуровари дигаргун кардани сохти конституси они мебошад. Аз тарафи макомотҳои хифзи ҳуқуқ соли 2014-15 якчанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Суғд шаҳрҳои Исфара, Панҷакент аъзони ин ҳизбу ҳаракат дастгир карда шуда ҷазои суди гирифтанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститусионӣ таъмини ягонагии кишвар ташкилотҳои байналхалкии хусусияти экстремисти дошта ба монанди «Ал-қоида», «Туркистони шарқи»,»Туркистон», «Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари тайиба», «Ҷамъияти исломи Покистон», «Таблиғ», «Созмони Таблиғи» хатар тахдид мекунад. Тоҷикистон аз хатари экстремизм ва терроризм эмин набуда метавонад бо ниқоби дини мубини ислом сар бардорад, Аз ин рӯ хар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан ҷавонон бояд барои амнияти кишвар ҳамеша ҳушёр бошанд. Барои пешгири ва бартараф намудани экстремизму терроризм усулу воситаҳои ошкору ниҳонро бояд оқилона истифода кард. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷҷати бисёр муҳим «Стратегияи мубориза бо ифротгарои ва тундгарои дар ҶТ барои давраи то соли 2020 қабул карда шуд. Яъне ин ҳадаф як мушкилоти маҷмуи буда сабабҳои он сарзадани ин масъала ҳам иктисодӣ ва ҳам омилҳои ғайрииқтисодӣ, яъне иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ба паст будани саводи диниву дунявӣ рабт медиҳанд. Яъне маҷмуи сабабҳое,ки дар натиҷа барои ифротгаро шудани ҷавонон ва умуман шаҳрвандон мусоидат мекунад. Солҳои охир масъалаи мубориза зидди терроризм дар си ёсати чаҳони рузмарра гаштааст. Терроризмро ҳамчун тахдиди руирост ва хатарнок ба давлатҳои муосир аксари сиёсатмадорон эътироф менамоянд. Аз таҳдиди терроризм ҳеч давлат худро эмин дошта наметавонад. Аз ин хотир, ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро мебояд дар мубориза бар зидди терроризм якҷоя фаъолият намояд. Барои баъзе кишварҳои дунё терроризм воситаи асосии стратегияи байалхалқи ва олоти амали гардонии манфиатҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад ва барои пешгири намудани чунин амалҳои экстремизм ва терроризм усулу воситаҳои ошкорою пинҳониро оқилона бояд истифода бурд.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нафарони дар роҳ гумроҳшуда дар муҳорибаҳои мусаллаҳона дар кишварҳои Ироқ ва Сурия иштирок доранд, муҳочирони меҳнатие мебошанд, ки ҳудуди дигар давлатҳо ба доми фиреб афтода ба кишварҳои ҷангзада афтодаанд. Ин ҷавононе ҳастанд ки саводи дини надоранд дур аз ватану волидон бо шунидани вазъҳои имом хатибони ифротӣ ба доми фиреб афтодаанд. Барои пешгири намудани чунин раванди номатлум бояд дастаҷамона кор намуда ҷавононро дар руҳияи ватандусти ҳувияти миллӣ ва донишомузӣ тарбия намоем. Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилотҳои террористи ба мафкураи ҷавонону наврасон хеле таъсир расонида истодаанд. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд бо Ватан, миллат давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онхо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code