Ислом ба зоти худ надорад айбе…

Ислом дар ҳама давру замон, алқисса  аз рӯзи бунёдаш дин буд. Дини мубин, дини пур аз меҳру муҳаббат, сидқу садоқат, дӯстию рафоқат, панду ҳикмат. То мардум дарси ибрат гиранд, ба ҳам оянд, дастгири якдигар бошанд. Ҳамроҳ сохтани дин ба ҳар гуна ҳизбҳо, ҷунбишу ҳаракатҳо ва аз ҷумла сиёсат қобили қабул нест, чунки баъзе  аз ҳизбҳо ва гурӯҳҳои манфиатҷӯи ифротгаро на танҳо аз номи худ гап зада амал мекунанд, балки исломро ба онҳо олуда сохтаанд. Вале охир, ислом барои ин нест. Балки дин барои тавбаю тазарруъ, зикр кардан, бахшиш хостан аз гуноҳон  аст. Ҳар мамлакат соҳиби сиёсати давлатии хеш аст. Пайдо гаштани ҳаракату равияҳо, ки ҳар яке исбот кардан меҳоҳанд, ки танҳо онҳо ҳақанд ва беҳтару хубтаранд, ин асбоби ҷудоӣ андохтан,  низоъ хезондан  байни мусулмонон шуда метавонанд. Бехабар аз он, ки ҳама назди Худо рост меистанду бахшиши гуноҳ мепурсанд. Ва ҷумла муслимин як китоб доранд, ки Қуръон аст. Ва ӯ чор имоме, ки ҳар яке паси дигаре мазҳаб сохтаю соҳибмазҳабанд, барои беҳбуд бахшидан баҳри ҳалли осонии мушкилиҳои мардум кӯшишу заҳмат кашидаанд. На барои исбот сохтан, ки ӯ беҳтару хубтараст  ва на аз барои тафриқаю ҷудоӣ андохтан байни мусулмонон. Чун имрӯзҳо ба чашм мерасад, ки гиребони якдигар мегиранду байни ҳам душманӣ меварзанд. Бинед, ки агар ягон масъала дар як мазҳаб роҳи ҳалашро наёфт ба мазҳаби дигар рӯ оварда онҳоро  ҳал мекунанд. Пас як мазҳаб дигареро дар  ҳолатҳои зарурӣ пурра мегардонад. Ин аст, ки ин бузургон аз мазҳаб сохтанашон бо дилу нияти соф ва ба хайрхоҳӣ далолат мекарданд. Ҳар як кору амал тартиби иҷрои худро дорад. Минзумра намоз ҳам  тартиби адои худро ҳатман бояд дошта бошад. Чун назди Худованд рост меистем, ки гунаҳкорем  бояд аз руи одоб боодобона дар ибодат бошем. Одобро тоҷи сари мардон гуфтаанд, ки беҳуда  нест. Тасаввур кунед, ки пеш аз ба назди як бандаи хокӣ-сардор ва роҳбаратон даромадан, чӣ қадар сару либоси худро ба тартиб медароред, Сухан боодобона мегӯед, то танбеҳ нагиреду носазо нашунавед. Пас ҳама беодобиҳо дар намоз хатост. Оё бо ҳамаи «стойка»-атон як бор худатонро дар оина бингаред, бо он гуна бастани дастҳо, васеъ гузаштани пойҳо, бо сару гардани баланд,  ҳамаи тартиби истоданатон ба худи шумо хуш меояд? Охир гунаҳкор сар ба зер афканда меистад на чун ғурурманд.

Имрӯз ҷомеаи мусулмон пур аз тафриқот ва ихтилоф гаштааст, ки манша аз амалкарди даъваткунандагоне мегирад, ки бо номи ислом мусулмононро бо ҳамдигар гумроҳ сохта, душманӣ меандозанд.

Пайдо гаштани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва фаъолият бурданашон дар ҷомеаи исломӣ сабаб бо он мегардад, ки байни мусулмонон гуногунандешӣ ҳузур мекунад ва боиси парокандагӣ, қафомондагӣ ва дар охир сар задани ихтилофи мазҳабӣ мегарданд, ки бори нек ба бор надорад.

Дар асри 12-уми ҳичрӣ равияе пайдо гашт, ки худро «Ал- муваҳридун» номиданд. Таълимоти эшон бо исломи аслӣ, ки аз ҷаҳони мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат манша мегирифт, созгор набуд. Бинобар ин мардум онҳоро «Ваҳҳобӣ» ва баъдан «Салафӣ» хонданд. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб- муассис ва идеологи «Салафия» чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоатро мавриди интиқод қарор дода, бо эшон дар масъалаҳои Худошиносӣ, фиқҳ, усул, ақида ва тафсир мухолифат дошт. Ин буд, ки ақидаҳои ӯро бисёре аз мардуми мусулмон қабул накарданд.

Равияи «Салафия» бемазҳабиро авло медонанд. Зиёрати қабрҳо, таҷлили мавлуди Наби (С), зикр ва дуои баъд аз намоз ва дигар масъалаҳои муҳими диниро  бидъат эълон намуда, инчунин дар масоили фиқҳӣ, тарзи адои намоз тафовут доранд. Мазҳаби ҳанафии моро мавриди интиқод қарор дода, нисбати Имоми Аъзам, ки нисфи дунё эҳтиромаш мекунад, носазо ҳам мегӯянд. Ҳатто гӯё мазҳаби ҳанафӣ монанди аҳли инҷил мухолифи ислом аст. (Носирудин Албонӣ, саҳифаи 548-и китоби «Мухтасари Саҳеҳи Муслим» дар ҳошияи  ҳадиси 2060). Ҳатто Имоми Аъзам гумроҳу бидъаткор номбар мешавад.

Дин тавҳид ва ягонагӣ аст. Рисолати дин ваҳдат ва субботи ҷомеа аст. Агар хоста бошем, ки давлати мо ободу зебо бошад, мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаандозӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем. Ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқӣ, маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба ҷавонон нишон диҳем ва дар тарбияи аҳлоқиву маънавии эшон ва аз арзишҳои исломӣ истифода бубарем. Хулоса, ки:

Ислом бо зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки  ҳаст дар мусулмонии мост.

Абдуҷаббори Содиқзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code