ФАНАТИЗМИ ДИНӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки нишонаҳо ва решаҳои шаклҳои гуногуни экстремизм, аз ҷумла экстремизми сиёсӣ-диниро дар тамоми динҳо пайдо намудан мумкин аст. Яъне то як андозае гуфтан мумкин аст, ки эътиқоди динӣ метавонад ба ҳайси асоси фалсафию идеологии экстремизми сиёсӣ-динӣ баромад кунад. Аммо на ҳама навъи эътиқод, балки эътиқоди кӯр-кӯрона, аниқтараш фанатизми динӣ асоси фалсафию идеологии экстремизми сиёсӣ-динӣ аст. Зарур аст, ки барои муборизаи самаранок бо ин навъи экстремизми баррасишаванда оиди фанатизми динӣ ҳамчун асоси он маълумоти муфассал дошта бошем, то ба саволи «Барои чӣ эътиқоди кӯр-кӯрона ва бечунучаро ба дин асоси экстремизм ва терроризм аст?» ҷавоб диҳем. Фанатизм мафҳуми лотинӣ буда, маънояш «ҷонканона», «бо тамоми қувва» мебошад. Фанатизми динӣ ин эътиқод ва пайравии кӯр-кӯронаи то канора расида ба ақидаҳои динӣ ва кӯшиши амалисозии бечунучарои онҳо дар ҳаёт мебошад, ки ба он таҳаммулпазирӣ ба намояндагони дигар дину мазҳабҳо хос нест. Фанатизми диниро бештар дар раванди ба мазҳабҳо ҷудо кардан мушоҳида кардан мумкин аст. Одатан фанатизми динӣ ба ақидаи муқаддас будани қурбонӣ барои ақидаҳои пайравишаванда асос меёбад. Дар фанатизми динӣ эҳсосот бар ақл боло мегирад. Фанатизми динӣ барои барангехтаги бадбинии динӣ, миллӣ ва сиёсӣ истифода бурда мешавад. Аз ҳамин сабаб он ҳачун асоси экстремизм ва терроризм шинохта мешавад. Фанатизм падидаи мураккаб ва инкоркунандаи иҷтимоию таърихӣ буд ва то ҳол мондааст. Он ҳамеша диққати файласуфон, сиёсатшиносон, сиёсатмадорон, ходимони дину санъатро ба худ ҷалб мекунад. Дар шаклҳои гуногуни зуҳуроташ фанатизм дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсон ва ҷомеа дида мешавад. Фанатизми динӣ ҳамчун шакли аввалини фанатизм миёни дигар навъҳои он мақоми махсус дорад. Фанатизм дар тамоми динҳо дида мешавад. Он дар шароити муайяни таърихӣ пайдо шуда, метавонад аз тарафи гуруҳҳои гуногуни манфиатдор истифода шавад. Фанатизми динӣ аксар ҳолат аз ҷониби гуруҳҳои гуногуни сиёсию динӣ барои расидан ба ҳадафҳои иҷтимоию сиёсӣ васеъ истифода бурда мешавад. Дар марҳилаҳои гузаштаи таърихӣ чунин ақида вуҷуд дошт, ки ҳангоми аз байн бурдани монополияи идеологияи динӣ ва паҳн шудани ақидаҳои илмӣ фанатизми динӣ аз байн меравад. Ба андешаи мо таърих исбот кард, ки чунин андеша ғалат будааст. Таҳлили ҳаводиси охири асри ХХ ва аввали асри ХХ1 нишон медиҳад, ки фанатизми динӣ на ин ки аз байн нарафтааст, балки ба авҷи тараққиёти худ расида, мақоми нави иҷтимоиро касб кардааст. Дар аксари давлатҳои олам, ки дунявиянд ва масҷид дигар ниҳоди асосии иҷтимоӣ нест, ҳанӯз ҳам фанатизми динӣ бо шаклҳои гуногуни зуҳуроташ мушоҳида карда мешавад. Зарур аст, ки имрӯз аз фаҳмиши классикии фанатизми динӣ (яъне сабаби асосии фанатизми динӣ маърифати паст аст) даст кашид. Зеро бо зиёд шудани шумораи ҷавонони соҳибмаълумот масъалаи фанатизми динӣ ҳал нашуда истодааст. Хатари асосии фанатизми динӣ дар он аст, ки он метавонад ҳамчун унсури монипулятсияи гуруҳҳои ҷамъиятӣ ва идораи афкори эътиқодмандон истифода шавад. Яъне он метавонад ба усули амалисозии экстремизми сиёсӣ-динӣ табдил ёбад. Фанатизми динӣ аксаран аз эътирозҳои иҷтимоӣ маншаъ мегирад . Дар шароити муосир фанатизми динӣ ба таҳлили илмӣ ниёз дорад. Барои омӯзиши фанатизми динӣ бояд усулҳои байнифаннӣ истифода шаванд. Зеро он тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти инсон, аз ҷумла ҳастӣ, психология, эътиқод, сиёсат, ахлоқ ва ғайраро фаро мегирад. Ҳатто баъзе муҳаққиқон онро проблемаи психологӣ низ маънидод мекунанд. Аҳамияти омӯзиши масъалаи фанатизми динӣ дар он аст, ки он хусусияти умумиинсонӣ касб кардааст ва асоси яке аз мушкилоти асосии глобалӣ-экстремиз ва терроризм ва шаклҳои гуногуни онҳо гаштааст. Муноқишаҳои гуногуни хосияти сиёсиву динидоштаи нуқтаҳои гуногуни олам (аз ҷумла ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997) нишон медиҳанд, ки чи қадар фанатизми динӣ дар авҷ гирифтани онҳо нақши муҳим мебозад. Аз ҳамин сабаб омӯзиши масъалаи фанатизми динӣ натанҳо аҳамияти назариявӣ, балки аҳамияти бузурги амалӣ низ дорад. Дар давраҳои алоҳидаи рушди ҷамъит шароити мусоид барои рушду такомули фанатизми динӣ фароҳам оварда мешавад. Чи тавре ки давраи ҳассос дар таърих танҳо як муҳлатро ташкил медиҳанд, дар дин низ фанатизми динӣ дар як давраи муайян арзи ҳастӣ мекунад. Дин метавонад ҳам бо фанатизм арзи ҳастӣ кунад ва ҳам бе он. Барои ҳамин, решаҳои фанатизми диниро аксар вақт на дар дин, балки дар шароити иҷтимоию таърихии мавҷудияти он бояд ҷуст. Дар дин мо танҳо «тухмдона»-ҳои фанатизми диниро мушоҳида карда метавонем. Таълимоти динӣ догма аст ва он тағйир намеёбад. Аммо шароити иҷтимоию таърихӣ метавонад ба он хосияти фанатикӣ бахшад. Моҳиятан фанатизми динӣ ин шакли махсуси тафсири ҷаҳонбинии динӣ ва эҳсосити динӣ аст. Ҷаҳонбинии фанатикӣ меҳвари фанатизми динӣ мебошад. Фанатизми динӣ ҷаҳонбинии аниқ ва содда дорад. Он ба олами маълум, ки ба андешаи фанатик ниёз ба тағйирот дорад, равона шудааст. Эътиқоди фанатикӣ хосияти зӯроварӣ дошта, ислоҳи олам ва бадбиниро нисбати пайравони дигар ақида талқин мекунад. Эътиқоди динии фанатикӣ на ба олами ботинии шахс, балки ба олами атроф нигаронида шудааст. Низоъҳои глобалии иҷтимоию тамаддунӣ, ки дар самтҳои идеологӣ ва динӣ ба вуқуъ меоянд, заминаи мусоидро барои пайдоиш ва ташаккули фанатизми динӣ фароҳам оварда истодаанд. Сабабҳои ташаккули фанатизми динӣ ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд: объективӣ ва субъективӣ. Сабабҳои объективӣ:

  • вазъи иҷтимоии бегонашавии умумӣ (сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ, этикӣ), ки дар он гузариш аз ҷомеаи индустриалӣ ба постиндустриалӣ ба амал омада истодааст;
  • кӯшиши давлатҳои абарқудрат ҷиҳати амалисозии ҷаҳонишавии умумии капиталистӣ бо роҳи сохтани системаи ягонаи трансмиллии назорати сиёсию идеологӣ ё худ кӯшиши таъсиси «ҳукумати ҷаҳонӣ»;
  • вакуумҳои идеологӣ;
  • дигар сабабҳои объективии хоси давлатҳои алоҳида вобаста ба шароити рушди таърихиашон.

Сабабҳои субъективӣ:

  • вазъи номуътадили руҳӣ;
  • сатҳи пасти зиндагӣ;
  • плюрализм;
  • зӯроварии иделогии берунӣ, ки мақсади он нест кардани арзишҳои мавҷуда мебошад.

Ин комплекси сабабҳои объективӣ ва субъективӣ шароитро барои пайдоишу ташаккули фанатизми динӣ ба вуҷуд меоранд ва минбаъд он ба пайдоиши экстремизми сиёсӣ-динӣ сабаб мешавад. Ақидае мавҷуд аст, ки дар ҷомеаи муосири илмию техникӣ дин дигар шакли асосии шуури ҷамъиятӣ нест. Барои ҳамин фанатизми динӣ нақши инқилобии худро аз даст дода, комилан падидаи реаксионӣ гаштааст. Имрӯз фанатизми динӣ пешомади ягон тағйироти иҷтимоӣ набуда, баръакс муқобили дигаргуниҳои иҷтимоӣ аст. Дар баъзе шароит фанатизми динӣ ба яроқи идеологии баъзе синфҳои ҳукмрон табдил ёфтааст, ки мехоҳанд тавассути нигоҳдории арзишҳои куҳнашуда мақоми худро ҳифз кунанд. Дар замони муосир вобаста ба намуди динҳо фанатизми динӣ шаклҳои гуногунро касб кардааст. Бештар фанатизми исломӣ, насронӣ, яҳудӣ ва ҳиндуиро дар равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Дар замони муосир яке аз вазифаҳои муҳими давлат ин пешгирии рушди фанатизми динӣ аст. Дар ин самт чораҳои комплексӣ гузаронидан лозим аст. Ба барномаи пешгирии фанатизми динӣ чораҳои зерин дохил мешаванд: таъмини шароити мусоид барои тарбияи комил ва донишгирии универсалии шаҳрвандон; демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҳадигарфаҳмии гуруҳҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо. Дар рафти пешгирии фанатизми динӣ корҳои зеринро амалӣ намудан лозим аст:

  • сабабҳои иҷтимоии бавуҷудоии фанатизми диниро аз байн бурдан лозим аст;
  • таъмини ҳаёти арзанда барои эътиқодмандон;
  • бо роҳи тарғиби арзишҳои инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ мубориза бурдан бо идеологияи фанатизми динӣ;
  • беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот.

Тавре дар боло зикр намудем, ақидаҳои фанатикӣ дар тамоми таълимоти динӣ дида мешавад ва аз шароити мушаххаси таърихӣ вобаста аст, ки ин ақидаҳои фанатикӣ рушд кунанд ё не. Аз ҳамин сабаб барои ҷилавгирии фанатизми динӣ пеш аз ҳама зарур аст, ки ислоҳоту тағйиротҳо саривақт ва дар шароити лозимӣ гузаронида шаванд.  Фанатизми диниро бе гузаронидани ислоҳоти ҷиддӣ нест кардан мумкин нест. Вақте дар ҷамъият тариқи гузаронидани ислоҳоти дуруст ва саривақтӣ камбудиҳо бартараф карда шуда, шароити арзанда барои рушди шахсият ва ҷамъият фароҳам оварда мешаванд, зарурат ба идеологияи фанатизми динии ислоҳотталаб дигар боқӣ намемонад. Мубориза бо фанатизми динӣ ин пеш аз ҳама муборизаи идеологӣ аст. Якчанд самтҳоро дар муборизаи идеологӣ бо ин падида ҷудо намудан мумкин аст: гузаронидани корҳои тарғиботӣ байни ашхоси зери таъсири фанатизми динимонда; тарбияи инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирии тамоми наслҳо; корҳои равшаннамоӣ ва маърифатноккунӣ; дуруст ба роҳ мондани кори ВАО ва ғайраҳо. Тамоми ниҳодҳои иҷтимоӣ дар самти муборизаи идеологӣ бо фанатизми динӣ бояд фаъол бошанд. Дар ин ҷода пеш аз ҳама боя доила, мактабу маориф, дин ва ВАО пешсафтар бошанд. Муборизаи идеологӣ аслан барои аъзоёни қатории гуруҳҳои фанатикӣ равона шудааст. Зеро роҳбарони ин гуруҳҳоро бо роҳи боварикунонӣ аз ин роҳи хато баргардонад қариб ғайриимкон аст. Яке аз вазифаҳои қисмати мазкури рисола низ ҳамин аст, ки ба саволи «Фанатики динӣ кист ва кадом хусусиятҳоро дорост?» ҷавоб диҳад. Дар натиҷаи таҳлилҳо мо ба хулосае омадем, ки фанатики динӣ чунин инсон аст:

  • инсоне ки аз фаъолияти худ барои амалисозии ақидаи динӣ кайфияти махсус эҳсос мекунад;
  • инсоне, ки худбаҳодиҳии паст дорад;
  • инсоне, ки кӯр-кӯрона ба сарвари руҳонӣ пайравӣ мекунад ва мехоҳад қисми муваффақияти ӯ бошад;
  • инсоне, ки худро пурра ба сарвари руҳонӣ бахшидааст;
  • инсоне, ки доимо ба ҳамфикрон ниёз дорад ва доимо дар ҷустуҷӯи гуруҳи ҳамфикрон аст;
  • инсоне, ки танҳо ақидаи худро дуруст эълон карда, арзишҳои барои дигарон муқаддасро нодида мегирад;

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code