Муассисаҳои тиббии шаҳр ғанӣ шуданд.

Моҳи декабри соли гузашта аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  шаҳри Кӯлоб  ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ таҷҳизотҳои тиббию ғайритиббӣ фиристода шуд.

Ба маркази ёрии таъҷилии тиббӣ 1 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ,1 адад кардиомонитор, 1 адад дефибриллятор, 1 адад коагулятор, 1 адад дастгоҳи сабти барқии кори дил, 1 адад оксигенератор, 1 адад сентрофуга, 1 адад микроскоп, 1 адад мизи ҷарроҳӣ бо маҷмуи асбобҳои ҷарроҳӣ, 10 адад кати беморхонагӣ бо маҷмуи рахти хоб ва ғайра ворид карда шуд, ки  маблағи 185 ҳазор сомониро ташкил дод.

Аз  таҷҳизотҳои воридшуда ба беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб 2 адад кардиомогнитор, 1 адад инфузатор, 2 адади яхону кондитсионер,  10 адад кати беморхонагӣ, 10 адад курсихои ниммулоим, 7 адад ҷевони назди кат ва ғайра ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ дода  шуд.

Ба таввалудхонаи шаҳрӣ бошад,  1 адад дастгоҳи сабти барқи кори дил, 1 адад дастгоҳи ултрасадо, 1 адад кардиомонитор, 10 адад нимкатҳо, 4 адад  лампаҳои квартсӣ  ба маблағи  68 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code