Аз ҷаҳолат то гумроҳӣ

Терроризм ҳамчун зуҳуроти хатарзо солҳост ба амнияти ҷомеъа ва ҷони инсонҳо таҳдид намуда, қурбониҳои зиёдеро ба миён овардааст. Ҳарчанд ин вабои аср дар гузашта низ домангири ҷомеъаи инсонӣ буд, вале охири асри ХХ дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ бо суръат ташаккул ёфта, ба яке аз хатарҳои мудҳиштарин табил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ин нуқтаро таъкид намуд, ки «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз солҳои ядроиро ба миён овардааст». Сарвари давлати мо ҳамчун ташабускори ҳалли масоили глобалӣ аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеъаи ҷаҳониро аз паёмадҳои даҳшатбори терроризму ифротгароӣ ҳушдор дода, ҳамагонро ба муборизаи муштарак алайҳи ин зуҳуроти номатлуб даъват намудаанд.

Коршиносону таҳлилгарон низ ба ҳамин назаранд, ки дар сурати идома ёфтани чунин вазъ домони нооромиҳо боз ҳам густурдатар шуда амнияти саросарии ҷаҳон халалдор хоҳад шуд.

Таассуфовар аст, ки гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз дини мубини ислом  барои худ сипар карда, амалҳои ғайриинсониро анҷом медиҳад.

Ҳол он ки ба таъкиди Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ислом дини тақво, инсофу адолат, сулҳу амният, ахлоқи ҳамида ва талқингари маънавиёти воло буда, ҳамагуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд».

Мутаасифона, бархе ҷавонон мо низ аз сабаби заифии дониши диниву дунявӣ, шуури сиёсӣ ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтида, рӯзгори худу пайвандонашоро талху доғдор менамоянд.

Аз ин рӯ, доираҳои гуногуни ҷомеъаро зарур аст, ки дар баробари ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ба кори таълиму тарбия  ва камолоти маънавии насли наврас бетараф набошад. Ҳамагон, бояд тавассути  ба роҳ мондани тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ ба эҷод мафкураи зиддитеррористӣ талош варзем. Бо пуштибонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна, ватандустонаву бунёдгарои Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи фазои амну осоиштаи кишвар ва саодати насибгаштаи рӯзгорамон даст ба кор бошем.

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», устоди ДДК ба номи Рудакӣ,  Исфандиёр Бадалов

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code