Тантанаи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ

                    25-уми солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб  бо тантана таҷлил карда шуд. Чорабинии муҳташам бо иштироки афсарону сарбозон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  собиқадорони набардҳои башардустона,  барқароркунандагони  сохти конститутсионӣ, курсантҳои коллеҷи милитсия, намояндагони комисариати ҳарбӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо    доир карда шуд.

Дар чорабинӣ раиси шаҳр, муҳтарам  Хайрулло Амонуло баромад намуда, иштироккунандагонро табрику таҳният гуфта аз ҷумла қайд кард: «Имрӯз воқеан ҳам тантанаи умумимилист ва дар  ин лаҳзаи ниҳоят муборак метавон номи садҳо нафар қумандонҳои ҷасур, сарбозони диловар ва фидоиёни ватанро ба забон овард, ки онҳо дар ҳақиқат шаъну шарафи қувваҳои мусаллаҳро бо хизмати намунавӣ боло мебардоранд.

Қувваҳои мусаллаҳи Ватан дар ҳама гуна ҳолат намунаи баланди нангу номус ва ҷонфидоӣ нишон медиҳанд. Мову Шумо низ ҳамватанони азиз  аз ҷумлаи сарбозони Ватан ба шумор меравем ва агар зарур шавад, барои Модар- Ватан ҷони худро бедареғ нисор менамоем».

Сипас ба як зумра фаъолон ва шахсони баруманди шаҳр барои хизматҳои арзанда ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ободониву созандагӣ ва тарбияи ватандустиву ватанпарварии ҷавон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии шаҳри Кӯлоб   сарфоз гардонида шуданд.

Чорабинии фарҳангӣ ба ин тантана шукуҳу шаҳомати тоза бахшид.                                                                   Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code