Сухани табрикии Раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам афсарону сарбозон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  собиқадорони набардҳои башардустона  ва  барқароркунандагони  сохти конститутсионӣ

Ҳар сол 23-юми феврал санаи таъсисёбии  Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан ва мардони шуҷоъу далер   бо шукуҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ ва ҳамаи  Шумо ҳозирини гиромиро табрику таҳният гуфта ба Шумо сиҳатмандиву хушбахтӣ, сарбаландиву барори кор  орзу менамоям.

Тавре маълум аст  23 февралро дар замони Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун Рӯзи ташкилёбии Артиши Советӣ ё Армияи Сурх ҷашн мегирифтанд. Дар ин рӯз бори аввал баъд аз Инқилоби Октябр дар наздикии Саритсинои Русия қувваҳои навташкили Артиши Сурх ба қисмҳои артиши сафед ё артиши ҷонибдори низоми шоҳии Русия ғолиб омада буданд. Минбаъд Армияи Советӣ дар бисёр ҷангҳои қарни 20 ширкат намуда, ғолиб омадааст.

Қуввахои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст.  Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд.

Ҳамзамон онҳо аз Артиши пурқудрати Шуравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтаанд.

Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсӣ ва бепарвоию аз воқеъият дур будани роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ   имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шуравӣ бархурдор гардад. Ҳол он ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дивизияи пурқудрати  тирандози 201-ҷойгир буд.

Тибқи қоидаҳои онвақта тақсимоти Артиши собиқ иттиҳоди Шуравӣ тамоми қисмҳои низомӣ бо техникаҳо яроқҳояшон  ба ҳамон ҷумҳуриҳое дода шуданд,ки дар он ҷо онҳо маскун буданд. Вале ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин мерос чизе нарасид. Ташкил ва таъмини тавоноии артиши миллӣ яке аз комёбиҳои бугурги Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Барои ташкил намудани  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993  фарзанди ҷасури миллат, сарвари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузоштааст. Баробари таъсиси артиши миллӣ, ба вуҷуди Тоҷикистони ҷангзадаву бемадор  неруи тоза ворид гардид.

Ҳифзи истиқлолият, ҳар лаҳза омода будан ба ҳимояи марзу буми ватан, посдории сулҳ, тинҷиву оромӣ, осмони беғубори Ватан , роҳ надодан ба ҳар гуна бадхоҳӣ ба мисли терроризм, экстремизми сиёсӣ, динӣ ва дигар бадхоҳиҳо вазифаи муқаддаси Артиши миллӣ аст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 13 декабри соли 1996, таҳти №316 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, субекти  ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дорои Қувваҳои мусаллаҳи худ мебошад. Тибқи моддаи 1-и Қонуни мазкур Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ,ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад.

Барҳақ қувваҳои мусаллаҳ мактаби мардонагӣ, камолот ва омузиши касбу ҳунар буда, осоишу оромии халқу ватан ба ҳамин хизмати содиқона вобастагии ногусастанӣ дорад.

Артиши миллӣ аз ибтидо барои барқарор сохтани сулҳу оромӣ дар саросари Ҷумҳурӣ, муҳофизати дастовардҳои истиқлолияти мамлакат ва бехатарии марзҳои он талошу муборизаҳои сарнавиштсоз ва шоистаи таҳсинро анҷом дод. Дар ҷанги шаҳрвандӣ садҳо нафар фарзандони содиқи ватанамон ҷони худро нисор кардаанд. Хотираи онҳо ҷовидон ва фаромушношуданист.

Аз рӯзҳои аввали таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ  афсарони мо дар сангарҳо ҷангиданд, вале таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вучуд надошт. Норасоӣ ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат, роҳи пур-печутоберо тай намуда, таҷриба андухт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бунёди Кувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.

Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қуввахои ҳарбие буд, ки кобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин максад бригада ва баталёнҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қуввахои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ буд.

Қувваҳои мусаллаҳи ҷумхурии мо  собит намуданд, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот хизматҳои беназир намуда истодаанд.

Ба қавли  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Артиши ҷавони мо хусусан дар солҳои душвору фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани   гурӯҳҳои террористиву экстемистӣ , дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомуш кардани ошубҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт»

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин табақаи шарафманди ҷомеаи мо вазифаи муқаддаси худро бо сарбаландӣ дар назди халқу Ватан ва миллат ба ҷо оварда, сулҳу оромӣ, амнияти кишвар ва меҳнати бунёдкоронаи мардумро бо дилу ҷон ҳифз менамояд ва садоқати худро ҳамчун муҳофиз ва такягоҳи боэътимоди Ватану ватандорӣ собит месозанд.

Бояд тазаккур дод, ки тантанаи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурӣ на танҳо иди низомиёни мо, балки иди кулли мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз аст. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурӣ ба василаи хизмати фарзандону пайвандон чун як узви ҷудонашаванда ба кору пайкори рӯзгори халқ ҳамбастагии ҷудонашаванда дорад. Ба ин маънӣ Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон  рӯзи иди хурду калон ва пиру барнои давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.

Мусаллам аст, ки дар таърихи ватандориямон Истиқлолияти Тоҷикистон дастоварди бузург ва муқаддас аст. Вақте аз муқаддасоти давлату давлатдорӣ сухан меронем, пеш аз ҳама ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихиро пеши рӯ меорем, ки он воқеан дар родмардӣ ва ҷонфишониҳои баҳодуронаи низомиёни  Қувваҳои мусаллаҳи мо таҷассум меёбад. Шарафи бузург аст, ки сарфармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доранд.

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои ташкилёбиаш  то ба имрӯз собит сохт, ки дар воқеъ ҳамчун артиши ватандӯсту аз ҷиҳати маънавӣ ва ҷисмонӣ  обутобёфта  ба камол расидааст ва ба ҳеҷ гуна мушкилот тан намедиҳад.

Набояд фаромуш кард, ки агар қаҳрамонҳои   миллиамон дар мушкилтарин рӯзҳо барои бақои миллати тоҷику давлатдории он ҷонфидоӣ карда бошанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон охири асри бист миллатро аз парокандагиву давлатро аз  нестшавӣ раҳоӣ бахшид.

Агар рӯ ба таърих биёрем падарони қаҳрамони мо Ватанро ҳимоя карда ҷон доданд ва бо сабақи мардонагӣ мероси муқаддас ба мо ёдгор гузоштаанд. Қаҳрамониҳои Шерак, Спитамен, Катан, Муқаннаъ, Шаҳболи Хатлониву, Деваштиҷи Суғдӣ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалику Восеъ ва садҳо қаҳрамони дигар барои мо  дарси мардонагиву шуҷоат  меомузанд.

Мардонагии фарзандони шаҳру деҳоти  Кӯлоб, Гулов Илҳомҷон Маҷидович, сокини маҳаллаи Рӯдакии шаҳри Кӯлоб,  соли таваллудаш 1984, ки 5 октябри соли 2010 аз тири яроқи оташнишон, Аҳмадов Шавкат Ҷураевич, соли таваллудаш 1986, зодаи деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Кӯлоб, ки дар натиҷаи таркиши чархбол, Қаландаров Зоиршо Зардакшоевич, соли таваллудаш 1971, зода ва истиқоматкунандаи маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб,  ки  аз ярадоршавии тири яроқи оташфишон   соли 2010 дар низоъҳои мусаллаҳонаи душманони миллат дар ноҳияи Рашт ва Азимов Азамат, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҳангоми муноқиша дар ҳимояи хоки Ватан ба ҳалокат расидаааст, ҳаргиз аз лавҳи хотири мо фаромуш намешавад.

Лоиқ ба ёдоварист, ки дар ин рӯзи таърихӣ аз фарзандони шуҳратманди худ, Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев, Исмат Шариф, Амиралӣ Саидбеков, Мусо Абдуллоев, Сайдаҳмад Каримов, Шариф Пирназаров ва даҳхо диловарони дигар  ёд кунем.

Хотири ҳамаи  сарбозони шуҷоъу далери ҳалокгардидаро бо   дақиқаи хомушӣ пос медорем.( Ҳама аз ҷой бархоста як дақиқа хомуш меистанд) .

  Ҳозирини гиромӣ !

Ҳамасола ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз шаҳри Кӯлоб ҷавонони неруманд ва ғаюру далер ба ҳимояи марзу буми кишвар равона гашта, барои ҳимояи ҳар як каф хоки  муқаддаси Ватани азиз сина сипар менамоянд.

Меҳри Ватан ҳеҷ гоҳ интиҳо надорад, балки аз гаҳвора то гур меҳри Ватан бо қарзи ватандорӣ дар дили ҳар як аскарбача шуълавар мемонад.

Имрӯз бошад воқеан ҳам тантанаи умумимилист ва дар  ин лаҳзаи ниҳоят муборак метавон боз номи садҳо нафар қумандонҳои ҷасур, сарбозони диловар ва фидоиёни ватанро ба забон овард, ки онҳо дар ҳақиқат шаъну шарафи қувваҳои мусаллаҳро бо хизмати намунавӣ боло мебардоранд.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ватан дар ҳама гуна ҳолат намунаи баланди нангу номус ва ҷонфидоӣ нишон медиҳанд. Мову Шумо низ ҳамватанони азиз  аз ҷумлаи сарбозони Ватан ба шумор меравем ва агар зарур шавад, барои Модар- Ватан ҷони худро бедареғ нисор менамоем.

Бо ҳисси сипосгузорӣ бори дигар шуморо бо ин лаҳзаи таърихӣ табрик мегуям.

Зиндаю поянда бод Қувваҳои мусаллаҳи шарафманди мо- сипари боэътимоди Ватан, такягоҳи халқу миллат ва нангу номуси миллати мо!

Шараф ба аскарони шуҷою далери Ватан !

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code