Ҷамъоварии маблағи барқ зиёд мешавад

   ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» дар моҳи январи соли ҷорӣ ба нишондодҳои назаррас ноил шуданд. Аз ҷумла дар моҳи январ 3 млн 425 ҳазору 260 сомонӣ маблағи ҳақи барқ ҷамъоварӣ карда  шуд, ки ба бахши хусусӣ 2 млн 422 ҳазор сомонӣ рост омадааст, ки нисбат ба соли гузашта 1 млн 326 ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад.

   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» ният доранд, ки корро дар ин самт боз ҳам хубтар ба роҳ монда,  ҷамъоварии маблағи барқро  боз  ҳам бештар мегардонанд.                                                                       

Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code