Пайомадҳои салафия дар Тоҷикистон

Нахуст суханро аз Ваҳдат ва суботи ҷомеа оғоз намуда, ёдрас мешавем, ки сарчашмаи ҳама гуна дастовард, ки имрӯз арзи ҳастӣ дорад ва ё мо дар дил мепарварем, ин устувории иттифоқиву сарҷамъӣ ва ҳамин истиқлолияти мо шуда метавонад. Ҷомеаи навбунёди Тоҷикистон, ки бо ташаббуси оқилонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба ҷавонон ниҳодааст ва баҳри самарабахш гардонидани фаъолияти ҷавонон тамоми ҷидду ҷаҳди хешро равона намуда истодааст, зарур мешуморем, ки мо ҳамагон ин идеяи хирадмандонаро пайгирӣ намуда, баҳри додани ғизои маънавӣ ба ҷавонони ояндасози миллатамон тамоми ҳастиамонро сафарбар намоем.

Имрӯз, ки ифротгароён ба миллати иттифоқи мо чашм ало намуда, мехоҳанд, давлатеро, ки бо як суръати ниҳоят баланд пойдевори бисёрҳам заҳматталабро дар як фурсати ниҳоят кам барафрохтаву девори онро сарбафалак намуда истодааст, халал ворид намоянд. Аз ин рӯ, мо соҳибони ин Ватан, ин миллат, ин сарзамин бо қавииродагии хеш талош меварзем, ки ҳомии давлатамон бошем.

Алъон дар ҷомеаи исломӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият мекунанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагии мусулмонон ва дар натиҷа, сар задани ихтилофоти мазҳабӣ мегарданд. Худованд дар  ояти 105 Сураи Оли имрон мефармояд.

وَلاَ تَكُونُواْ كَالَّذِينَ تَفَرَّقُواْ وَاخْتَلَفُواْ مِن بَعْدِ مَا جَاءهُمُ الْبَيِّنَاتُ وَأُوْلَـئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ

«Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд; ва он гурӯҳро азоби бузург аст»(яъне монанди яҳудион ва насрониён машавед, ки ҳафтоду чанд фирқа гаштаанд) .(худованд тафриқачиёнро ба куфр ҳукм кардааст)

Дарди ихтилоф ва тафриқа ҷомеаи мусулмононро фаро гирифта, маншаи он амалкарди доиёне аст, ки бо номи ислом мусулмононро ба ҳамдигар душман сохта, бо гумроҳ сохтани ҷавонон аз масири воқеии аҳли суннат ва ҷамоат, бахусус таълимоти Имоми Аъзам, онҳоро барои мухолифат бо мусулмонон таълими динӣ медиҳанд. Дар ҳаққи чунин «даъватчиён» Расули Худо фармудаанд: «Гурӯҳе аз доиён бар дари ҷаҳаннам меистанд ва пайравонашонро ба дохили он меафкананд» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)…

Чунин як равия дар асри дувоздаҳуми ҳиҷрӣ хуруҷ карда, худро «Ал-муваҳҳидун» номиданд. Таълимоти онҳо бо исломи аслӣ, ки аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат маншаъ мегирифт, созгор набуд. Аз ин рӯ, мардум онҳоро «ваҳҳобӣ» ва баъдан «салафӣ» ном ниҳоданд.

Муассис ва идеологи салафия Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мебошад, ки соли 1111 ҳиҷрии қамарӣ (асри 18 мелодӣ) ба дунё омада, баъд аз омӯзиши улуми исломӣ як қатор ақидаҳои худро паҳн намуд. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоатро мавриди интиқод қарор дода, бо онҳо дар масъалаҳои худошиносӣ, фиқҳ, усул, ақида ва тафсир мухолифат дошт. Ин буд, ки ақидаҳои ӯро мардуми мусулмон қабул накарда, худашро аз Наҷд ба Мадина, аз Мадина ба Кӯфа, ва аз Кӯфа ба  Бағдод ва дигар шаҳрҳое, ки онҷо сукунат намуд, шармандавор ронданд.

Омили асосии ихтилофоти салафия бо мазҳабҳои чоргона ин эътироф накардани қиёс, урф, истеҳсон ва бидъат хондани анвои ибодот мебошад. Аз ҷумла, салафия «ломазҳабият», яъне бемазҳабиро авло дониста, тақлид, тавассул-дархост аз Худо ба воситаи Паёмбар (с), тавассул ба воситаи некӯкорон, зиёрати қабрҳо, табаррук ҷустан, яъне баракат гирифтан аз осори Паёмбар (с), таҷлили мавлуди Набӣ (с), зикр ва дуои баъд аз намоз ва дигар масъалаҳои муҳими диниро бидъат эълон намуда, инчунин дар масоили фиқҳӣ, мисли тарзи адои намоз-бастани дастҳо, васеъ гузоштани пойҳо, гуфтани такбир, ишораи сабоба, намози таровеҳ тафовут доранд.

      Салафии имрӯз, ваҳҳобии дирӯз ва хавориҷи парерӯз ҳама аз як сарчашмаи бидъат об мехӯранд ва дар дарёи торики гумроҳӣ шиноваранд. Ҳадафашон барҳам задани сафи мусулмонон аст.

Барои беҳтар шинохтани симои воқеии душмани ғаддори мазҳабиёни мо-яъне салафиҳо чанд нишонаҳои онҳоро баён мекунем:

  1. Такфири мардум, яъне ба осонӣ, ба иртикоби як гуноҳ мусулмонро ба куфр нисбат медиҳанд, зеро салафиҳо амалро ҷузъе аз имон медонанд. Ҳол он, ки Имоми Аъзам гӯяндаи калимаи шаҳодатро мусулмон медонад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ӯро кофир гуфта намешавад.
  2. Доимо барои гумроҳ кардани насли ҷавон дар талошанд, бахусус ҷавононе, ки сатҳи маърифати диниашон паст аст.
  3. Нисбат ба Паёмбар (с) беадаб ва беҳурматанд. Бо салавот фиристодан, зиёрати оромгоҳ ва тавассул ба эшон – паноҳ бурдан ба Худо ба василаи Паёмбар (с) … мухолифанд.
  4. Пайваста бо аҳли суннат ва ҷамоат даргиранд ва эҷоди ихтилоф менамоянд.
  5. Таҷлили Мавлуди Паёмбар (с)-ро бидъат ва анҷомдиҳандаи онро мубтадеъ медонанд, ҳол он ки мавлуд сар то по салавоту дуруд аст.
  6. Ба намоз дер меоянд ва баъд аз салом зуд хориҷ мешаванд, Паёмбари Худо (с) дар ҳаққи чунин афрод фармудаанд: «Ал-мунофиқу фил масҷиди ка-т-тайри фил қафас» – Мунофиқ дар масҷид, мисли парранда дар қафас аст.
  7. Пайравони салафия дуои баъди намоз, инчунин дуои дастҷамъонаро инкор мекунад.
  8. Бо тасбеҳ зикр карданро қабул надоранд, аммо дар фурӯхтани тасбеҳ моҳиранд.
  9. Аз бархостан назди калонсолон ҳазар доранд.
  10. Канорагирӣ аз зиёрати аҳли қубур доранд.

Хуллас, масъалаҳои зиёде мавҷуданд, ки хилофи таълимоти мазҳаби мо буда, ин парокандагӣ ва муноқишаҳои ҳарбӣ, дар ниқоби ислом рехтани хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ, вайронӣ ва фасоди давлат дар якчанд кишварҳои мусулмонӣ далели равияи салафия шуда метавонад.

Маҳз ворид шудани ақидаи бегона сабаби асосии низоъҳои динӣ мегардад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон 1300 сол инҷониб пайрави мазҳби ҳанафӣ буда, таълимоти Имоми Аъзам аз хурдӣ ба кӯдакон талқин карда мешаванд.

Чанд сол қабл пайравони салафия, ки аз асли мазҳаб огоҳ набуда, ба гуфтаҳои пешвоёни худ кӯр-кӯрона тақлид мекарданд, дар масҷиду маҳфилҳо худро аз ҷомеа ҷудо карда, ихтилоф эҷод намуданд, ходимони дин ва китобҳои муътабари мо-Чаҳоркитоб, Мухтасару-л-виқоя ва ғайра, ҳатто тарзи намозхонии моро мавриди интиқод қарор дода, худро аз дигарон авлотар медонистанд.

Дар натиҷа кор то ҷое расид, ки мардум якдигарро дашному таҳқир менамуданд. Аз ин рӯ, бо ҳалномаи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 фаъолияти равияи салафия дар ҷумҳурӣ мамнуъ эълон гардида, соли 2014 ҳамчун равияи экстремистӣ шинохта шуд.

Умуман рафтору кирдори чунин «салафиҳо» сар то по хилоф аст, имоми масҷидро бад мебинанд, ходимони динро нодон мепиндоранд, худро аз дигарон афзал мешуморанд, гумон мекунанд, ки танҳо намозу ибодати онҳо мувофиқи суннат асту дигарон дар роҳи бидъатанд. Ҳол он, ки аксари онҳо аз таълимоти динӣ умуман огоҳӣ надоранд.

Дар масҷиде, ки онҷо чунин одамон намоз мегузоранд, фазои якдигарбадбинӣ, хушунат, кибр, ғурур мавҷуд аст. Одам намози хондаашро эҳсос намекунад, зеро мухолифат аст, бадбинӣ аст… (бо падару модари хеш муносибати дурушт доранд). Дар исботи дуруст будани таълимоти Имоми Аъзам метавон садҳо оят ва ҳадис далел овард, зеро ҳар фатво ва иҷтиҳоди Имом Абӯҳанифа дар асоси Қуръону суннат аст. Имом Муслим дар муқаддимаи «Саҳеҳ»-аш ҳадисеро аз Паёмбар (с) оид ба сохтакории салафиён ривоят мекунад, ки фармудаанд: «Дар охири замон якчанд ҳилагар ва дурӯғгӯ пайдо мешаванд, ҳадисҳоеро ба шумо нақл мекунанд, ки на шумо ва на падарону ниёгонатон онҳоро нашунидаед. Пас ҳушёр бошед ва хештанро аз шарри эшон нигоҳ доред, то накунад, ки гумроҳатон намуда, аз дин мунҳарифатон созанд».

Маълум мешавад, ки мақсад аз эҷоди ҳадисҳои гуногун, шак овардан дар сиҳатии ҳадис, заиф шуморидани ҳадисҳои саҳеҳ– овора кардани мусулмонон, ба гурӯҳҳо тақсим намудани ҷамоат ва дар натиҷа ҷанг андохтани онҳост.

Дар муқобили иддаои салафиҳо чун ҳадисе оварда шавад, онро заиф мешуморанд ва мегӯянд, дар китобҳои шумо (яъне, Саҳеҳи Бухорӣ, Муслим, Муснади Имоми Аъзам ва ғайра) ҳадисҳои заиф бисёранд.

Фарзандонро насиҳат кунед, ҷавононро аз роҳи хато баргардонед, зеро Паёмбар (с)  мефармоянд: Ҳар яке аз шумо агар кори хилоферо дид, бояд онро бо дасти худ аз байн бибарад, агар натавонист, онро бо забону андарз аз байн бибарад ва агар натавонист, бо дил аз он безорӣ намояд, ки ин охирин ва заифтарин марҳилаи имон аст”. (Муслим, Аҳмад ва соҳибони Сунан).

Мо шоҳиди онем, ки имрӯзҳо дар Сурияву Ироқ шиаву суниро бо ҳам шуронда ба як қатлу ғорати ваҳшиёна рӯбарӯ карданд, ки баъзе ҷавонони камсаводу гумроҳ идеяи худро дуруст интихоб карда натавониста фирефтаи ин гуруҳҳо гаштанд. Офарандагони равияи салафия низ дар дил нияти нопок парварда бо сӯйистифода аз эътиқоди мо ихтилофҳои мазҳабиро ба вуҷуд оварданиянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ПрезидентҶумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа чунин таъкид намуданд:

 «Рисолати таърихии дин-ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».

Мо бояд гуфтаҳои Сарвари давлатро ба ҷону дил қабул намуда, барои муттаҳидии халқу миллат, барои амнияти кишвар, ояндаи дурахшони фарзандони худ саҳмгузор бошем.

Ҳамон нафароне,ки ба ном худро доъиён нишон дода, зеҳни ҷавонони моро сӯйистифода намуда, ба мафкураи онҳо зарба мезананд, албатта ин роҳи ҳақиқат ва ё Ислом нест. Даъват ба роҳи ҳақиқат ва ё Ислом ободкардани ҷомеа, саҳм доштан дар пешрафти давлату миллат, сохтани биноҳои боҳашам, бунёди нақбу роҳҳо ва дигар аъмоли наку шуда метавонад, ки ҳазорон ҳазор, балки миллионҳо нафар аз он манфиат мебаранд. Ҳадиси Паёмбар аст «Ҳуббул Ватани минал имон». Дӯстоштани Ватан аз имондори аст.

Мо ҷавонон иқдомҳои оқилонаву дурандешонаи Пешвои миллатамонро иншои кори худ қарор дода, бо як матонат ва иродаву ҳуввият эҳсоси ботинии хешро тавассути забон бурун оварда, ба самъи ҳамагон мерасонем, ки мо бо субот, ваҳдат, истиқлолият ҳамсолему ҳамҷонем.  

Мутахассиси пешбари бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб- Шокирҷони Карим

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code