Боздид аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб

   

Муовини Раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Хидирзода Махфират Умар ва муовини Раиси шахри Кӯлоб муҳтарам Мачидова Кенҷамо Авғоновна санаи 11 феврали соли 2018  аз Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  дар минтакаи Кӯлоб дидан намуданд. Зимни  вохурӣ бо кормандон ва волонтёрони Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  аз рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумхурии Точикистон “Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Точикистон” ва “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” ибрози назар карда шуд. Гузашта аз ин,  меҳмонон аз бино ва анбори бахш дидан намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки муҳтарам Хидирзода Махфират Умар ва Маҷидова Кенҷамо Авғоновна аъзои фахрии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Точикистон маҳсуб ёфта , бо Нишонҳои сарисинагии Ҳилоли Аҳмари Точикистон сарфароз гардонида шудаанд. Котиби иҷроияи Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Точикистон дар минтакаи Кӯлоб Сатторзода Точиддин дар бораи фаъолияти ҷамъият ба меҳмонон  ҳисобот дод.

Аз ҳисоботи Сатторзода Тоҷиддин   маълум гардид, ки  айни ҳол дар анбори Бахш барои 30 оила маводҳои ғайрихурока ҷихати расонидани кӯмаки башардустона ба аҳолии ниёзманд хангоми сар задани холатхои фавкулодда захира карда шудааст. Маводхои ғарйрихурокаи мазкур аз хаймаҳо, кампал, курпа, руйпуши хоб, зарфи обгирӣ, болишт, бастаи ошхона, ва бастаи гигиенӣ иборат мебошад.                         

Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code