Тоҷиктелеком хизматрасониро тавсеа мебахшад.

     ҶСК «Тоҷиктелеком»-и шаҳри Кӯлоб дар соли 2017 аз рӯи нақшаи даромадҳои тарифӣ ба  маблағи  404,4 ҳазор сомонӣ хизмати алоқа расонидааст, ки ин нисбат ба соли 2016 15,9  ҳазор сомонӣ  зиёд буда, 103,1 фоизи нақшаро ташкил дода аст. Аз  ҷумла ба аҳолии шаҳр ба маблағи 75,8 ҳазор сомонӣ хизмати пулакӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2016 106 фоиз  ё ин, ки  5,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Миқдори умумии нуқтаҳои васлгардида дар якҷоягӣ бо истгоҳҳои хаттии телефонии шаҳру деҳот 5612 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 4746 ададаш ба аҳолӣ ва 866 адади  он ба  ташкилоту муассисаҳо таллук дорад.

Дар соли 2017 муассиса барои рушди соҳаи алоқа 24 адад нуқтаи телефонӣ насб карда, 150 рақамро барқарор намудааст. Роҳбарияти корхона  кӯшиш дорад, ки  нуқтаҳои пайвасти интернетиро ба ташкилоту муасисаҳои шаҳр ва аҳолӣ афзоиш диҳад.

Барои пешрафти кори соҳа дар соли сипаригардида 7,1км хатҳои телефонӣ таъмири асосӣ ва 10,1 км таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст.

Муассиса ба 445 нафар шахсони имтиёздор, ки  аз супоридани муштарипулӣ  ба қадри 50 ва 100 фоиз озод мебошанд, хизмати телефонӣ мерасонад.

 Сулаймон  Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code