Мусобиқаи сарбозону афсарон.

         

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамбастагӣ бо комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб,  дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 17-уми феврали соли равон, мусобиқаҳои варзиширо аз рӯи намудҳои бандкашӣ, турниккашӣ ва вазнбардорӣ байни сарбозону афсарони қисми низомии 13483 «Д» баргузор намуд. Мақсад аз баргузории чунин мусобиқаҳо, ин рушду оммавияти варзиш, тарғиби тарзи ҳайёти солим ва мустаҳкам намудани дустӣ байни варзишгарон мебошад. Дар мусобиқаҳои зикргардида беш аз 75 нафар сарбозону афсарони қисми низомии 13483 «Д» воқеъ дар шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Дилором Файзова 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code