Ҳамкориҳо самарабахшанд

Рӯзи 20 феврали соли 2018 раиси шаҳри Кӯлоб бо директори минтақавии Оксфам дар Осиё хонум Лилиан Меркад ва хонум Шавкат Ализода роҳбари Оксфам дар Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дод.

Дар вохӯрӣ оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ табодули назар карда шуд.

Директори минтақавии Оксфам дар Осиё хонум Лилиан Меркад қайд кард, ки барои рушди хоҷагиҳои кишоварзӣ, бевосита аз ҷониби кишоварзон ба фурӯш баровардани маҳсулот, ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ба мақсад мувофиқ аст, ки Платформаи минтақавии бисёрҷониба Консорсиуми агробизнеси хоҷагиҳои  хурд дар вилояти Хатлон таъсис дода шавад.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Сипас дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ мизи мудаввар бо иштироки намояндагон аз вилояти Суғд, ноҳияҳои Муъминобод, Восеъ, ташкилотҳои байналмилалии БРСММ дар Тоҷикистон, Фонди Оғохон ва роҳбари хоҷагиҳои кишоварзие, ки асосан занҳо буданд, оид ба таъсиси Платформа доир гардид.

Ҷаласаро намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб кушода меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъсиси Платформаро дастгирӣ намуд. Дар ҷаласа намояндагон аз вилояти Суғд, ноҳияҳои Муъминобод, Восеъ, ташкилотҳои байналмилалии БРСММ дар Тоҷикистон, Фонди Оғохон иштирок намуда, оид ба таъсиси Платформаи мазкур таклифу пешниҳодҳо намуданд. Дар ҷаласа қайд гардид, ки мақсади асосии Платформа рушди фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ,  омӯзиши таҷрибаи пешрафат, истифодаи технологияҳои муосири агротехникӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулотҳо, басту банди маҳсулотҳо, ба хориҷа содир намудани он ва дар ин замина баланд бардоштани ҳавасмандии хоҷагиҳои кишоварзӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон дастгирии бештари занон ва ба кор ҷалб намудани онҳо низ яке аз ҳадафҳои таъсиси Платформа мебошад.

Гуруҳи корӣ ба хулоса омад, ки баъди як моҳ оид ба оғози кори Платформаи минтақавии бисёрҷониба Консорсиуми агробизнеси хоҷагиҳои  хурд дар вилояти Хатлон натиҷагирӣ карда хоҳад шуд.

Шуъбаи иқтисод ва савдо.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code