Маҳфили навбатии «Эҷод» доир шуд.

 

      

Бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 29 сентябри соли 2017 таҳти № 826 маҳфили адибони ҷавони «Эҷод» таъсис дода шудааст. Маҳфили мазкур наврасону ҷавонони боистеъдодро аз Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб ҷамъ  овардаааст. Маҳфил ҳар моҳ як маротиба доир шуда, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон, дастгирии ҳамаҷонибаи истеъдодҳо, мусоидат ба рушди адабиёт, тарбияи зебопарастии ҷавонон, ба адабиёт ворид намудани падидаҳои навин таъсис дода шудааст. Маҳфили навбатӣ санаи 17 феврал доир гардида,  навқаламон пас аз хондани шоҳбайтҳо ва  шеърҳои сафед порчаҳои насрии эҷодкарда ва шеърҳои навқаламонаи худро қироат намуда,  якдигарро таҳлил намуданд. То маҳфили навбатӣ, ки моҳи март доир карда мешавад, навқаламон вазифадор карда шуданд, ки аз эҷодиёти Хоҷа Ҳофиз ва Бедил ғазалҳо аз бар намоянд.                                                                                                                    Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code