Зан-олиҳаи ҳунар

 

              

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, ҳифз ва нигоҳдошти  анъана ва суннатҳои миллӣ, алалхусус кадбонугӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдустӣ, шиносоӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, бузургдошти муқаддасоти оила ва зебоипарастӣ ва маърифати оиладории занону духтарон   дар коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб озмуни «Зан-олиҳаи ҳунар» доир гардид.

Озмуни мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи шаҳри Кӯлоб ва Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб рӯи кор омада, маротибаи дуюм аст, ки доир карда мешавад.

Тибқи низомнома озмун минбаъд дар Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб,  Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ , коллеҷи милитсия, Раёсати мориф ва дигар муассисаҳои шаҳр  идома меёбад.

Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code