Пресс- релиз Оид ба ҷамбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар соли 2017

         Рӯзноманигорони арҷманд!

         Ҳозирини гиромӣ

   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистон, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 бар меояд,  сафарҳои кории Пешвои миллат, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида,  корҳои муайянро ба анҷом расонида, соли 2017- ро бо натиҷаҳои назаррас  ҷамъбаст намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 4 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб даъвати панҷум доир гардид.

Рафти амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои  2015-2019 зери назорат қарор дошта, аз рӯи маълумотҳо дар солҳои 2015-2017 амалишавии 262 лоиҳа ба маблағи 793,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши Барнома  456,9 млн. сомонӣ ё 57 фоиз маблағҳои пешбинишударо ташкил додаст.

Дар натиҷаи татбиқи Барномаи рушд дар солҳои 2015-2017 соҳаҳои саноат, кишоварзӣ бо ифодаи пулӣ дар соли 2017 нисбат ба соли 2014 мутаносибан ба андозаи 55,6 фоиз зиёд шуд. Дар ин давра шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 2179 адад расид, ки нисбати  соли 2014   1294 адад зиёд шуд.

Дар ин давра 13 корхонаҳои хурди нави саноатӣ ва 59 адад коргоҳҳои гуногун бунёд гарида,  дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёт солҳои 2015-2017- ум 8818 ҷойҳои нав  таъсис дода шуд.

Соҳаҳои иҷтимоӣ рушд ёфта, 2 муасисаи таълимии  нав сохта мавриди истифода қарор дода шуда, дар 4 муассисаҳои таълимӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр азнавсозӣ карда шуда, атраксионҳои муосир насб гардида, тамоми шароит барои истироҳати  шаҳрвандон ва кӯдакон фароҳам оварда шуда, боғи мазкур дар соли 2016 сазовори беҳтарин муассисаи соҳаи фарҳангӣ гардид.

Индекси Барнома дар соҳаи саноат 137 фоиз кишоварзӣ 108 фоиз, корҳои пудратӣ- 103,5 фоиз таъмин карда шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷаи маҳаллӣ 102,5 фоиз таъмин гардид, ки нисбати нақша 1,5 млн сомонӣ ва нисбати соли 2016-ум 9,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ ба маблағи 49,8 млн сомонӣ ё 100,2 фоиз иҷро гардида нафақапулии 18 ҳазору 70 нафар нафақагирон пурра пардохт гардида андозаи миёнаи нафақа 282 ,8 сомониро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 821 нафар нафақи суғуртавӣ ва 599 нафар нафақаи иҷтимоӣ таъин карда шуд.

Қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 95,5 млн сомонӣ ё 101,2 фоиз иҷро гардида қисми хароҷотии буҷет ба маблағи 94,7 млн сомонӣ ё 99,9 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра аз маблағҳои умумӣ қисми хароҷотии буҷет 88,8 фоизи он ба соҳаи  иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ равона карда шуд.

Қарзи музди меҳнат дар соҳаи буҷетӣ вуҷуд надорад. Аз ҳисоби бақияи озоди буҷети маҳаллӣ  барои фаъолияти самараноки муассисаҳои буҷетӣ 1 млну 92 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Музди миёнаи меҳнат 874,8 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016-ум 101,5 сомонӣ зиёд мебошад

Дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои чакана 693, 3 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ 139, 9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта мутаносибан 132,3 фоиз ва 115,6 фоиз мебошад.

Бо мақсади рушди соҳибкорӣ чор ҷаласаи Шӯрои машваратии назди раиси шаҳри Кӯлоб оид ба   беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ гузаронида шуда, барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта амру қарорҳои дахлор қабул гардиданд.

Шумораи соҳибкорони инфиродӣ ҳамагӣ 4444 субектро ташкил дод, ки аз ин 515 нафар бо шаҳодатнома ва 2343 нафар бо патент фаъолият дошта, ҳамчунин 1586 хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 332 нафар зиёд буда, аз ҳисоби соҳибкорон дар ин давра 6071 ҳазор сомонӣ андоз ба буҷет ворид шуд, ки нисбати соли гузашта 987,7 ҳазор сомонӣ сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби соҳибкорон 19 иншоот ба маблағи 5,1 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Аз ҳисоби иҷораи амволи давлатӣ ба буҷет 180,6 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2016- ум 75.6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2017  2835 ҷойҳои нави корӣ , аз ҷумла аз ҳисоби шахсони воқеӣ 2031 кор таъсис дода шуд. Дар ин давра 300 нафар ба касбомӯзи, аз ҷумла дӯзандагӣ, кафшергарӣ, муҳосибӣ, бофандагӣ атласу адрасбофӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ кулолгарӣ, омӯзиши компютер фаро гирифта шуда, 58 нафар ба воситаи ҷойҳои кори бандшуда (квота) таъмин карда шуда, 56 нафари дигар, аз ҷумла 22 нафар занон бо гирифтани қарзҳои имтиёзноку ташкили корҳои фардӣ соҳиби ҷойи кор шуда, 100 нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб гардидаанд.

Барои рушди ҳунарҳои мардумӣ Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ» таъсис дода, шуда аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ду дастгоҳи атласу адрасбофӣ харидорӣ гардида, барои омӯзиши нозукиҳои  атласу адрасбофӣ мутахассисон аз вилояти Суғд даъват карда шудаанд, ки ба 30 нафар занону духтарон ин касбро омӯзонидаанд, дар маркази мазкур корҳо дар ин самт идома дорад.

Аз рӯи маълумотҳо дар ин давра 6921 нафар, аз ин 1159 нафар зан ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар карда, 3773 нафар ба шаҳр аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд.  Айни замон 6559 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки нисбат ба солҳои пешин кам мебошад.

Дар шаҳру деҳот 12 лоиҳаи инвеститсионии мутамарказ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ татбиқ шуда 11,3 млн доллари амрикоӣ аз худ карда шудааст.

Тибқи маълумотҳои бонкӣ дар соли 2017 маблағҳои қарзии ҷудогардида, 74,2 миллион сомониро ташкил дод, ки ба соли гузашта 7, 6 млн сомонӣ зиёд мебошад. ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», Ориёнбонк, Соҳибкорбонк бошад умуман қарз ҷудо накардаанд, ки ба иқтисодиёти шаҳр таъсири манфӣ расониданд. Корхонаҳои саноатии шаҳр дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи   190,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,1 млн сомонӣ зиёд буда, рушди соҳаи саноат 110,5 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра 14 коргоҳи истеҳсолӣ бунёд гардида, 92 ҷойҳои навӣ корӣ фароҳам оварда шуда, ҶДММ «Хишти Кӯлоб»  баъди ду соли бефаъолиятӣ ба кор оғоз намуд. Корхонаҳои ҶДММ  «К- Даврон»-1,2 маротиба, ҶДММ «Мунаввара- М»2,2 маротиба, корхонаи ҶДММ «Хосор – С»- 1,7 маротиба, ҶММ «Тиллои Сафед»- 1,6 маротиба, ҶДММ «Кооператор»- 3,1 маротиба, ҶДММ «Хайру неъмат»- 15,9 маротиба, нисбат ба соли 2016-ум ҳаҷми маҳсулотро зиёд намуданд.

Дар соли 2017 ҳаҷми боркашонӣ 2384,7 ҳазор тонна ва мусофирбарӣ 13,1 млн. нафарро ташкил дод, нисбат ба соли гузашта мутаносибан 105,7 ва 111,1 фоизро ташкил медиҳад.

Дар  соли гузашта 89 км роҳҳо таъмирӣ ҷорӣ ва 1,7 км таъмири асосӣ карда шуданд. Аз ҷониби соҳибкорон 11,2 км роҳҳо сангфарш карда шуданд. Аз буҷети маҳаллӣ барои таъмиру барқароркунии роҳҳои автомобилгард 422 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Ҳамзамон бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Роҳбари давлат дар марҳилаи дуюм дар масофаи 11,4 км азнавсозии роҳҳо ва сохтмони 2 купрук ба анҷом расонида шуданд.

Дар ин давра аз ҷониби ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» барои беҳтар намудани таъмини барқ 12 трансформаторҳои иқтидорашон паст ба трансформаторҳои иқтидорашон баланд ва 290 пояҳои чубин ба пояҳои оҳану бетонӣ иваз карда, шуда, дар кӯчаю маҳалла ва деҳот 10 трансформатори иловагӣ насб карда шуд. Ба кушиши роҳарияти шабакаҳои барқӣ ҳамчунин як трансформатори 10 ҳазор кв (киловолта) дар Зеристгоҳи Автобаза насб  карда шуд, ки дар таъмини сифати барқ муосидат намуда, дар натиҷаи чораҳои амалигардида, талафоти нерӯи барқ кам гардида, таъмини  аҳолӣ бо барқ муътадил мебошад.

Тибқи маълумотҳои ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ дар соли 2017- ум 25,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 9,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҷамъоварӣ ҳамагӣ 69,6 фоиз аз аҳолӣ 71,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 23,6 фоизро ва 30,7 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи супориши протоколии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷамъоварӣ аз аҳолӣ на камтар аз 70 фоиз таъмин мегардид, ки ин супориш барзиёд иҷро шуд.

Аҳолии шаҳру деҳоти Кулоб барои бе маҳдудият таъмин гардидани барқ дар давраи тирамоҳу зимистон аз Пешвои миллат хело ҳам миннатдор мебошанд.

Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 423,7 миллион сомонӣ баробар шуд, ки назар ба соли гузашта 14,1 миллион сомонӣ зиёд буда, 103,5 фоизро ташкил дода, дурнамои кишти зироатҳои кишварзӣ 103 фоиз иҷро гардид. Ҳамзамон ҳосили зироатҳои ғалладонигиҳо 18,1 ҳазор тонна,  сабзавот 51,4 ҳазор тонна, картошка 3,5 ҳазор тонна, мева 7.0 ҳазор тонна, ангур 1,2 ҳазор тонна ҷамъоварӣ гардида, нишониҳандаҳои дурнамоои ғаладонагиҳо, сабавот. полезиҳо, мева ва ангур барзиёд иҷро гардидаанд.

Саршумори чорвои калони шохдор, бузу гусфанд, парранда ва асп афзоиш ёфт.

Истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва асал нисбат ба соли гузашта зиёд гардид.

Кишти такрории зироат дар майдони дар майдони 2096 га гузаронида шуда, дар ин давра 46 га боғи нав бунёд гардид, ки 100,1 фоизи дурнаморо ташкил дода, 15 га боғҳои куҳна барқарор карда шуд.

Аз ин рӯ ченаки кумитаи идораи замини шаҳр ба 02 январи соли 2018 кишти тирамоҳии зироатҳо ҳамагӣ дар майдони 2825 га аз ҷумла пиёз  221 га ё 73.6 фоиз, картошка 82 га 54,6 фоиз, ғаладонагиҳо 2432 га ё 105 фоиз гузаронида шуда, кишти зироатҳо идома доранд. Нақшаи ниҳолшинонӣ барзиёд иҷро гардида, 51,6 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ дар шаҳру деҳот шинонида шуд, ки 107,0 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии пахта 6270 тоннаро ташкил дод, ки 101,1 фоизи дурнамо мебошад.

Барои кишти пахта дар соли 2018 майдонҳои замин омода гардида истода, шудгори замин бо мааром идома дорад.

Дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо истифодабарандагони чарогоҳҳои ҷамоатҳои деҳоти Зиракӣ ва Зарбор бо 8 адад трактор ва 1 адад эксватор таъмин гардида, амалишавии лоиҳа идома дорад.

Содироти маҳсулоти кишоварӣ ба хориҷи кишвар 820 тонна ё 102,5 фоизи дурнаморо ташкил дод.

Барои рушд додани моҳипарварӣ аз ҳисоби заминҳои санглох ба 39 хоҷагии моҳипарварӣ майдони 136,2 га вобаста карда шуда, айни замон 24 хоҷагии моҳипарварӣ дар майдони 80,1 гектар ҳавзҳои моҳипарвариро ташкил намуда дар дигар майдони заминҳо корҳо идома доранд.

Сайди моҳӣ 146  тоннаро ташкил дод, ки нисбати соли 2016- ум 5,6 тонна зиёд буда, 104 фоизро ташкил дод.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида барои зимистонгузаронии чорво 13 фермаи чорвои калон, 5 кашар ва як мурғхона таъмир ва омода карда шуда, хӯроки дурушти ширадор захира гардида, ба ҳар як сар чорво 13,57 воҳиди хӯрока рост меояд, ки 100,6 фоизи накшаро ташкил додаст.

Дар соли 2017-ум 131 хоҷагиҳои инфиродӣ ташкил карда шуд.

Ҷиҳати таъмини кишоварзон бо оби полезӣ идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр корҳои заруриро анҷом дода, 5 адад дастгоҳҳои насосиро таъмир намуд.

Барои соҳилмустаҳкамкунӣ чораҳои зарурӣ амалӣ шуда, бо ҷалби аҳолӣ 11,8 ҳазор метри мураббаъ симтур, 380 адад тахтасангҳои оҳанию бетонӣ ва 15,5 ҳазор метри мукааб корҳои замини иҷро карда шудаанд.

Дар Сойи Тебалай лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ шуда истода, ба маблағи 2,4 миллион доллари америкоӣ  корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Дар сойи Даҳана дар мавеъҳои Зарқалъа, Хоҷа Исҳоқ, Офтоблиқо ба маблағи 11,4 миллион сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ иҷро гардидаанд. Дар дарёи Ёхсу ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ дар мавзеъи Чорчашма бо дастгирии БРСММ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расонида шуд. Мавриди зикр аст, ки рӯзҳои 27- ноябр- 1 декабри соли 2017 машқи мукммали ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ гузаронида шуда, дар доираи ин 200 метр соҳили дарёи Ёхсу ба тариқи ҳашар  мустаҳкам карда шуд.

Дар ин давра соҳаи сохтмон, сармояи асосӣ ба маблағи 85,7 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкорӣ 82,6 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 15,7 миллион сомонӣ ва 18,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Корҳои пудратӣ ба маблағи 61,6 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нишондиҳандаи дурнамо таъмин шуда, ба кор андохтани фондҳои асосӣ 66,4 миллион сомониро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботӣ хонаҳои истиқоматӣ дар масоҳати 11,3 ҳазор метри мураббаъ сохта шуд, ки нисбати соли гузашта 2,3 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.

Дар ин давра 171 иншоотҳои таъиноти гуногун ба маблағи 25,2 миллион сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуда, дар 133 иншооти дигар, аз ҷумла 24 корхонаи саноатӣ, 6 муассисаи таълими, 5 муассисаи тиббӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Барои сохтмон, азнавсозӣ ва вобаста намудани қитъаҳои замин 446 қарорҳои раиси шаҳр ба тасвиб расида, аз ин 10 қарор барои бунёди корхонаҳои   саноатӣ мебошад.

Дар ин давра 133,8  га қитъаи замин наздиҳавлигӣ ба 1662 нафар эҳтиёҷмандон, аз ҷумла ба 95 нафар кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва 13 нафар маъюбон тибқи протоколи комиссияи ҷамъиятӣ тақсим карда шуда, 13797 нафар дар навбат номнавис гардидаанд.

Аз ҷониби Кумитаи  идораи замин 166 га қонунвайронкунии замин дар майдони 32,9 га ошкор гардида. Нисбати қонунвайронкунандагон ба маблағи 37,3 ҳазор сомонӣ ҷарима амалӣ гардида, 125 қонунвайронкунӣ дар майдони 14,2 га бартараф карда шуда, 6 мавод барои баррасӣ ба прокуратура ва 2 мавод ба суди шаҳр ирсол карда шуд.

Бо мақсади таъмини кори пурсамари соҳаи коммуналӣ аз буҷаи маҳаллӣ 4,3 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда зиёд ё 126 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра 26,7 ҳазор метри мукааб партовҳо кашонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3,2 ҳазор метри мукааб зиёд буда, 10 хонаҳои баландошёна таъмиру рангу бор карда шуданд.

Бо назардошти он, ки 99 фоизи хонаҳои баландошёна хусусӣ гардидаанд, дар шаҳр 15 ширкатҳои истифодабарандагони манзил ташкил гардида, корҳо дар ин самт идома доранд.

Барои иҷрои корҳои равшаннамоии кӯчаю хиёбонҳо 17 км  кабелҳои зеризаминӣ ва 5911 лампаҳо иваз карда шуда, 68 симчуб шинонида шуда, равшаннамоии кӯчаю хиёбонҳо беҳтар гардид. Дар хиёбони И. Сомонӣ чароғҳои гуногунраг дар сутунҳо ва байни онҳо насб гардид, ки шабона ҳусни шаҳрро оро медиҳанд.

Дар гармхонаҳои  муассисаи ниҳолпарварӣ 94,7 ҳазор гулҳои гуногун парвариш гардида, ташкилоту муассисаҳоро таъмин намуда, кӯчаю хиёбонҳои шаҳр 55,6 ҳазор гулҳои гуногунӣ масимӣ шинонида шуд. Айни замон дар майдони 16827 метри мураббаъ ва 6 гармхонаҳо гулҳои гуногун парвариш шуда истодааст.

Дар МД «Хоҷагии комуналӣ» аз 15 воситаи нақлиёт 6 адад дар ҳолати корӣ, 5 ададаш корношоям буда, 4 адад таъмирталаб мебошад. Қобили қайд аст, ки бо дастгирии Пешвои миллат, роҳбари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нарасидани об Бонки Аврупоии Тоҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» ба маблаги 4,0 миллион долари америкоӣ шартнома ба имзо расонид, ки 2 млн. долари америкоӣ ба тариқи грант ва 2 млн. долари америкоӣ қарзи имтиёзноки дарозмуддат мебошад.Бо амалишавии лоиҳаи мазкур фаъолияти корхонаи комуналлӣ ва ҳолати санитарию гигении куҷаю маҳаллаҳо беҳтар хоҳад шуд.

Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати хӯрокворӣ ва беҳтар гардидани ҳолати санитарию гигенӣ чораҳои зарурӣ амалӣ кара шуд.

Аз ҷониби маркази назоратии санитарӣ эпидемологии шаҳр дар соҳаи коммуналӣ 557 санҷиш, соҳаи хӯрокворӣ- 131 ва соҳаи маориф- 142 санҷиш гузаронида шуда, нисбати 376 нафар ба маблаги 38,8 ҳазор сомонӣ ҷарима амалӣ гардида, нисбати 26 нафар маводҳо барои чораҷӯӣ ба суди шаҳр пешниҳод карда шуд.

Дар ин давра корхонаи фаръии обу каналисатсияи шаҳр ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 7,3 млн м3, оби нӯшокиро таъмин намуд.

Ҷиҳати таъмини деҳаҳои ҷамоати деҳоти Зиракӣ ва Даҳана дар хамкорӣ бо Бонки Рушди Осиё ба маблағи 707 ҳазор доллари америкоӣ корҳои зарурӣ идома доранд.

Бояд қайд намуд, ки барои таъмини аҳолии деҳот бо обӣ нӯшокӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо Барномаи Рушди Созмонӣ Миллали Мутаҳид дар Тоҷикистон шартнома ба имзо расонида, ки ба ин мақсад ташкилотҳои байналмилалӣ 500 ҳазор доллари америкоӣ ба тариқи грант ҷудо намуданд.

Дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи мазкур дар деҳаи Таниёл ва Файзобод чоҳҳои об канда шуда, аз ҷуқурии 110 метр оби нӯшиданӣ бароварда шуд. Айни замон камбудиҳои оби нӯшокӣ дар деҳаи Таниёл, Калот Файзободи ҷамоати деҳоти Даҳана ва деҳаи М. Ғафурови ҷамоати деҳаи Зиракӣ ба ҳамаи хоҷагиҳои хонаводагӣ пайваст гардида, аввалин маротиба дар шаҳр аҳолӣ тавассути ҳисобкунакҳо бо об таъмин шуда, 6 ҳазор нафар, ки солҳои тулонӣ аз нарасидани оби нӯшокӣ мушкилӣ мекашанд бо обӣ нӯшокӣ таъмин шуданд. Дар натиҷаи амалишавиилоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019 оид ба обтаъминкунии шаҳр ду чоҳи амудӣ канда шуда, ду обанбор ва истгоҳи насосӣ сохта шуд. Дар натиҷаи истихроҷи об зиёд шуда, таъмини аҳолӣ бо об нисбати солҳои пешин беҳтар гардид.

Дар ин давра муассисаҳои иҷтимоӣ- фарҳангӣ ба пешравиҳои муайян ноил гардидаанд.

Яке аз соҳаи афзалиятноки иҷтимоӣ маориф ба ҳисоб меравад. Барои фаъолияти самаранок ба сомонӣ ё 56 фоиз маблағҳои қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ равона гардид.

Бояд зикр намуд, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тавассути марказҳои тестӣ амалӣ гардида, дар шаҳр 5 маркази бақайдгирии довталабон амал карда, 69 фоизи хатмкунандагон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус дохил шуданд, ки дар вилоят ин нишондиҳандаи беҳтарин аст. Ҳамчунин 33 нафар тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои олӣ дохил шудаанд.

Муассисаҳои таълимӣ барои мавсими хониши солҳои 2017-2018 таъмир гардида, аз буҷети маҳаллӣ 346 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Дар шаҳру деҳот 10 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошта дар он 1356 навар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр дар марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон 41 гурӯҳ ташкил карда, шуда 757 нафар кӯдакон ба тарбия ҷалб гардидаанд.

Муассисаҳои таълимӣ бо 1534 адад компютер таъмин мебошанд, ки 115 фоиз барномаро ташкил медиҳад.

Бо мақсади таъмини фаъолияти самарабахши муассисаҳои таълимӣ дар давраи тирамоҳу зимистон солҳои 2017-2018 дар соҳаи маориф ангишт 95,8 тонна ё 152 фоиз, ҳезум 492 метри мукааб ё 112 фоиз захира гардида, шишабандӣ 120 метри мураббаъ ё 100 фоиз иҷро гардид.

Бо мақсади беҳтар гаштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, вазъи солимии аҳолӣ ва бо доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ, бобати иҷрои Барномаи қабулгардидаи мубориза бар зиди бемориҳо, хусусан бемориҳои сироятӣ, сил манбаҳои моддию техникии соҳа пайваста тадбирҳои судманд амалӣ гашта истодааст.

Ба соҳаи мазкур дар ин давра 29 млн. сомонӣ ё 30,6 фоизи маблағ қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ равона гардида, муассисаҳои тиббии шаҳру деҳот ба маблағи 383 ҳазор сомонӣ таъмир гардида, ба маблағи 203 ҳазор сомонӣ таҷҳизотҳои тиббӣ ва ғайритиббӣ дастрас карда шуд.

Дар ин давра ба 90,8 ҳазор нафар хизмати тиббӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд буда, шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла зардча, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, дарунравӣ нисбат ба соли гузашта кам гардид.

Дар ин давра 28 нафар маъюбони эҳтиёҷманд бо аробачаҳои маъюбӣ, 10 нафар бо роҳгард, 15 нафар бо асо таъмин карда шуда, 43 нафар ба осоишгоҳҳои Харангон, Шоҳамбарӣ, Баҳористон, Дӯстӣ ва Ромит бо роҳхат таъмин гардидаанд. Ҳамчунин 139 нафар нобиноён замистона таъмин карда шудаанд.

Тибқи тартиби нави  муайянгарида 5717 оила ҳамчун оилаи камбизоат ба қайд гирифта шуд, ки 18 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба 226 нафар нафақахӯрону маъюбони бесаробон ва 101 нафар кӯдакони имкониятош маҳдуд аз оилаҳои ниёзманд 26 намуди хизмати иҷтимоӣ, аз ҷумла 6200 маротиба ба хизматгирандагон хӯрок пухта шуда, 3659 маротиба ба онҳо хизмати тиббии аввалин расонида шуд.

Шуъбаи кор бо занон ва оила дар ин давра корҳои муайянро иҷро намуда, 58 суҳбату вохӯрӣ, 2 конфренсияи илмӣ- назариявӣ, 9 семинару машваратҳо, 4 озмунҳо гузаронидааст. Чорабиниҳо ба ташвиқу тарғиби сиёсати давлатӣ оид ба занҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занҳо, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, хушунат ва зуроварӣ, ҷинояткорӣ ва тақлид накардан ба либосҳои бегона равона шудаанд.

Бахшида ба «Рӯзи модар 5 нафар занҳои собиқадори меҳнат, 25 нафар занони фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ ва 6 нафар занон бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидаанд.

Дар ин давра аз рӯи маълумоти шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ақди никоҳи 1873 ҷуфт ба қайд гирифта шуд,ки нисбат ба соли 2016-ум 209 ҳолат зиёд мебошад. Ҷудошавии оилаҳо 152 ҳолатро ташкил додаст, ки нисбат ба соли 2016- ум 5 ҳолат кам мебошад. Вобаста ба иҷрои Барномаи рушди мақомоти САҲШ дар ҶТ барои солҳои 2014- 2019 аз ҷониби шуъба дар байни аҳолӣ 46 вохӯриҳо анҷом дода шуд.

Дар соли 2017 бахшида ба ҷашнҳои зикргардида ва Соли ҷавонон 988 чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, аз қабили намоишгоҳи китобҳо, барномаҳои театрикунонидашуда, шабакаҳои эҷодӣ, консертҳо доир карда шуданд. Дар Қасри фарҳанги шаҳр Фестивали Ҷумҳуриявии «Мероси фарҳангии ғайримодии халқи тоҷик» бо иштироки ҳунармандони тамоми манотиқи ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар фестивал- озмуни ҷумҳуриявии ансамбли оилавии «Дунёи саодат» оилаи Холовҳо аз шаҳри Кӯлоб сазовори ҷойи аввал  шуданд.

Дар ин давра ҷашнҳои Соли нави мелодӣ, 20- солгарди Ваҳдати миллӣ,  Соли ҷавонон, 23-феврал Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8- март «Рӯзи Модар», ҷашни байналмилалии Наврӯз, рӯзи Кӯдакон, рузи Ваҳдати миллӣ,  25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатии Точикистон  ва ғайраҳо бо   шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуданд.

Қобили қайд аст,ки барои дарёфти ҷавонони боистеъдод, баланд намудани маҳорати онҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳфили “Эҷод” бо ҷалби шоирони варзида ва донишмандон таъсис дода шуд.  Дар натиҷаи фаъолияти маҳфили мазкур аъзои он зиёд шуда истодааст.

Дар ин давра бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ  бо назардошти оне, ки Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Даҳана дар ҳолати ногувор қарор дошт, ба тариқи ҳашар пурра таъмир карда шуд. Дар баробари ин бо саҳми соҳибкорон корҳои таъмиру азнавсозии хонаи фарҳанги деҳаи Ҳакимободи ҷамоати деҳоти Зиракӣ  ба тариқи ҳашар ба анҷом расонида шуда дар назди бинои мазкур майдончаи варзишӣ низ сохта шуд.

Ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳвандон, аз ҷумла ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ 71 чорабиниҳои оммавӣ, варзишию маърифатӣ доир карда шуд . Илова бар ин 234 мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои гуштингирӣ, варзиши сабук, баскетбол, футболи хурд, волейбол, шашка ва шохмот бо фарогирии 56,9 ҳазор ҷавонони шаҳру деҳот баргузор гардидаанд.

Ҳамзамон дар доираи ҷашнгирии «Соли ҷавонон» 472 чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ- маърифатӣ дар байни ҷавонон гузаронида шуданд.Инчунин 39 роҳпаймоиҳо дар мавзуи «Ҷавонон пайрави пешвои миллат» доир гардид.

Айни замон дар шаҳр аз рӯи 14 намуди варзиш 4100 нафар ба машғулияти варзишӣ шомил мебошанд. Варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 510 медал, аз ҷумла, 148 медали тилло гардидаанд.

Барои ҷалби бештари сайёҳон чораҳои дахлдор амалӣ шуда истода, хатсайрҳои сайёҳӣ таҳия гардида, ҳамчунин туҳфаҳои армуғонӣ, аз ҷумла маҳсулотҳои чаканӣ барои сайёҳон омода карда шудаанд.

Дар соли сипаригардида  3606 маъракаҳои гуногун гузаронида шуда, 2 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва 22 нафар ҷаримабандӣ гардида, 19 нафараш маблағи 57.7, ҳазор сомонӣ пардохт намуда, 3 маводи дигар дар баррасии суд қарор доранд.

Дар арафаи идҳо аз ҷониби соҳибкорон туйҳои дастаҷамъонаи арӯсию домодӣ 11 ҷуфт ва хатнасури 298 кӯдакони доир карда шуда, ба ҳамаи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат, шахсони яккавю  танҳо ва ятимони кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида  шуд.

Барои баргардонидани 16 нафар шаҳрвандоне ки ғайрирасмӣ таҳсил дар хориҷи кишвар доранд бо падару модаронашон якчанд маротиба вохӯрию суҳбатҳо гузаронида шуда, дар натиҷа 5 нафар ба Ватан баргардонида шуданд.

Бо мақсади сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон солҳои 2017- 2018, қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 майи соли 2017, № 465 ба тавсиб расида, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки аз 20 банд иборат мебошад, тасдиқ гардида, ба масъулини дахлдор ирсол гардид.

Аз буҷети маҳаллӣ 64,2 ҳазор сомонӣ барои зимистонгузаронӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба нақша зиёд ё 143,8 фоизро ташкил дод. Рафти иҷрои қарори мазкур зери назорати доимии ситоди зимистонгузаронии шаҳр қарор   дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ қабул ба мансабҳои холишудаи хизматӣ давлатӣ пурра дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи хизматӣ давлатӣ» ва «Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ» сурат гирифт. Дар ин давра 5 маротиба озмун эълон гардида, 19 нафар, аз ҷумла 4 нафар зан бо арзёбии дониши кофӣ ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии болозикр ба вазифа таъин гардидаанд.

Дар ин давра 13 нафар хизматчиёни давлатӣ барои баланд намудани сатҳи дониш ба курсҳои такмили ихтисос сафарбар карда шуданд.

Руйхати кадрҳои захиравӣ барои соли 2017 тасдиқ гардид. Ба руйхат 41 нафар ҷавонону мутахассисони ботаҷриба ба мансабҳои роҳбарикунанда шомил мебошанд.  Аз ин шумора 12 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки дар соли 2017- ум 4995 аризаю муроҷатҳои шаҳрвадон ворид гардид, ки нисбат ба соли 2016-ум 605 ариза кам мебошад. Масъулин кӯшиш карданд, ки вобаста ба имконияти мавҷуда ба муроҷиаткунандагон сари вақт ҷавоб гардонида, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бардоштаи онҳо чораҷӯи намоянд. Қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр сурат гирифта, дар баробари ин дар ҷамоатҳои деҳот ва кӯчаю маҳаллаҳо низ қабули сайёри раиси шаҳр доир гардид.

Дар ин давра ба 732 нафар аз оилаҳои эҳтиёҷманд ба маблағи 203,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисобӣ фонди захиравии раиси шаҳр кумакпулиҳо расониа шуд.

Бояд қайд намуд, ки комиссияи ҷамъятитии пешгирӣ аз корупсияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолият дошта, барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба зуҳуроти номатлуби корупсия дар ташкилоту муаасисаҳо, ҷамотҳои деҳот 10 вохӯрӣ гузаронид. Ҳамчунин вохӯрии васеъ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, бонкҳо, имомхатбон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо иштироки намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молияаӣ ва мубориза бо коруппсияи вилояти Хатлон доир гардид. Кори коммисия тибқи нақша идома дода мешавад.

Дар соли 2017 ҳамагӣ 496 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 42 ҳолат зиёд мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо 81 фоизро ташкил дод.

Мавриди зикр аст, ки дар Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки рузи 22 декабри соли 2017 ироа гардид, тамоми соҳаҳо таҳлил карда шуда, вазифаҳо барои соли 2018 мушаххас гардидаанд.

Дар Паёми имсола соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ҳамзамон барои ҳарчи бештар бо корҳои хонагӣ   ҷалб намудани аҳолӣ, ба хусус занону духтарони хонашин, бештар ба даст овардани даромад аз маҳсулотҳои дар хона истеҳсолшуда аз андоз озод карда шуд, ки ин ғамхории навбатии Пешвои миллат барои баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда , аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб аз ин иқдом хушнуд гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нақшаи чорабиниҳоро оид ба корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ вобаста ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли рушди сайёхӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»   таҳия намуда, кушиш менамоянд, ки ҷашнҳои мазкур бо дастовардҳои арзишманду назаррас ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ гузаронида шаванд.

Ташаккур ба диққататон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code