Тантанаи ҷанговарони башардуст

              

       Ҳамасола 15- феврал ҳамчун рӯзи ҷанговарони башардуст таҷлил карда мешавад.  Имсол тантанаи баромадани қушунҳои шуравӣ аз хоки Афғонистон  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Шӯрои собиқадорони башардусти шаҳру минтақаи Кӯлоб  дар сатҳи зарурӣ доир гардид.

      Чорабинӣ нахуст аз маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи нимпайкараи Саидҷон Назаров, Саидқул Турдиев ва муҷасамаи «Оташи ҷовид» оғоз гардид. Сипас дар Қасри фарҳанги шаҳр муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода С аз номи раиси шаҳри Кӯлоб башардустонро табрик гуфта, ба онҳо ва оилахои башардустоне, ки дар хоки Афғонистон  халок гардидаанд, туҳфаҳои  хотиравӣ, медалҳои ҷашнӣ ва маблағҳои  пулӣ тақдим карда шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code