Кирдорхои тавбафармоён

Воизон, к-он ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис боз пурс.
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.

Имрӯзҳо боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст, ки гурӯҳе аз муллобашараҳо бо истифода аз номи поки Ислом на танҳо ба номи ин дин иснод меоваранд, балки боиси шармсориву сарафкандагии як миллати боғурур гардидаанд. Чунин афрод, ки дар таноби ҳавои нафс пойбанданд, барои даст ёфтан ба ғаразҳои худ истифода аз ҳар роҳу васила, ҳатто дину бовариҳои мардумро ба худ иҷозат медиҳанд.
Мо борҳо вобаста ба «корнамоӣ»-ҳои Шайх Темуру Мулло дигар хайхнамоҳои аввомфиребу фосиқ аз тариқи наворҳои телевизионӣ ва шабакаҳои интернетӣ ошно шуда будем ва тамоми ҷомеа рафтори чунин шахсиятҳоро маҳкум мекард, ба ғайр аз як гуруҳ. Ин гуруҳ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, ки аъзоёну фаъолонашон ҳамвора ин навору барномаҳоро туҳмат унвон мекарданд ва аз фосиқону раҳгумзадагон дифоъ менамуданд. Агар шахсе аз аъзоёни ҲНИТ «қаҳрамон»-и чунин намоишномаҳо мебуд, фавран вокуниш нишон медоданд ва доштани чунин аъзои ҳизбро рад мекарданд.
Аммо ҳеҷ амалу нияти нопок аз чашми мардум пинҳон намемонад. Навори ахире, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ чарх мезанад ва «қаҳрамон»-и асосиаш аъзои роҳбарияти олии ҲНИТ, дуюмин нафар дар рӯйхати номзадҳои ҲНИТ дар интихоботи имсола, номзади ҲНИТ ба вакилии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37 Саидиброҳими Назар мебошад. Дар ин навори видеоӣ, ки бо номи «Нури наҳзат» сабт шудааст, амали ғайриахлоқии Сайидиброҳими Назар бо як зани шавҳардор ва соҳиби се фарзанд ба намоиш гузошта шудааст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз сербинандатарин пурбаҳстарин наворҳо ба шумор меравад. Албатта ин ҷо бо риояи меъёрҳои ахлоқӣ аз шарҳи ҷузъиёти навор худдорӣ меварзем ва танҳо овардани ҳамин нуктаро лозим мешуморем, ки навори мазкур ниқоб аз рӯи чунин дурӯяҳоро бардошт. Ин наворе буд, ки ҳарчанд наҳзатиҳо кӯшиш карданд онро ботил муаррифӣ кунанд ва ба чашми мардум дигарбора хок пошанд, аммо натавонистанд. Дар навор чеҳраи Саидиброҳими назар ва амалҳои фосиқонаи он ба таври раднопазир сабт шуда буд.
Тавре аз навор маълум гардид, шахсе, ки ҳамвора давлату ҳукуматро барои интихоби роҳи демокративу дунявӣ мавриди танқид қарор медод ва меъёри аслии зиндагиро танҳо дар чаҳорчӯбаи дини Ислом раво медид, рафтораш на танҳо ба меъёрҳои динӣ мувофиқ нест, балки ҳатто аз чаҳорчӯби меъёрҳои ахлоқии як ҷомеаи дунявӣ берун аст.
Пас, ҳадафи аз номи дин бо мардум сухан гуфтану аз худ пешвои сиёсии дин тарошидан ва дар ҳамин замина динро сиёсатзада кардани ин ва ҳампаймонҳояш аз чи иборат аст? Киҳо ва ё кадом омилу қувваҳо ба рӯи ин гуна фосиқон ниқоби «пешвои динӣ»-ро гузошта, эшонро ҳамчун василаҳои таъсиррасон ба фазои идеологии мо сафарбар намудаанд?
Воқеан ин саволҳое ҳастанд, ки гумону тахминҳои зиёдеро ба бор меоранд, аммо як чиз аниқ аст, ки дар пушти ҳамаи ин як чиз меистад: манфиати шахсӣ. Манфиате, ки ин тоифа болотар аз арзишҳои миллӣ, давлатдорӣ ва динӣ мегузоранд. Манфиатҳое, ки аз нафсонияти шайтонии онҳо сарчашма гирифта, эшонро ба хиёнат таҳрик медиҳад. Шояд Сайидиброҳими Назар ва дигар наҳзатиҳо бо овози баланд эълон кунанд, ки онҳо хоин нестанд. Аммо ин рафтори аз лиҳози ахлоқӣ фосиқонаи ӯ нишонаи хиёнат ба бовариҳои дини Ислом ва баромаду суханрониҳояш дар миёни мардум нест?
Тавре аз баҳсу баррасиҳои ин мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдост, мардум аллакай фиребу найрангҳои шаръии чунин афродро дарк намудаанд. Мардум фаҳмид, ки роҳбарияти ҲНИТ ин як бозичае дар дасти хориҷиён барои таъсир расонидан ба равандҳои сиёсӣ ва бо роҳи ба вуҷуд овардани буҳрони маънавӣ дар кишвар гирифтани пеши роҳи рушди Тоҷикистон мебошад.
Ин аст, ки бархеҳо дар пайнавишти ин навор дар фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дар муроҷиат ба роҳбарияти ҲНИТ ба ҷои вожаи «НАҲЗАТӢ» вожаи «ЛАЪНАТӢ»-ро истифода бурда, ҳамвора ҳушдор медиҳанд, ки вуҷуди чунин ҳизб барои зуҳур ва густариши ифротгароӣ дар ҷомеа замина фароҳам меорад. Бо назардошти ин аксари шахсиятҳои саршиноси кишвар, махсусан аҳли рӯҳоният борҳо даъват ба амал овардаанд, то ҲНИТ, ки ҳамвора дар роҳи расидан ба ғаразҳои сиёсии худ аз дин истифода мекунад, баста шавад. Фикр мекунам, амалӣ намудани ин пешниҳод дар шароити пуртаззоди ҷомеаи байналмиллалӣ, замоне, ки ҳаракату ҷараёнҳои динӣ-сиёсӣ аз тарафи давлатҳои абарқудратр ба сифати яроқи қатли оми муосир табдил ёфтааст, саривақтӣ мебошад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code