Ҳоҷӣ Ҳалим бо ҲНИТ ҳамраъй буданд

Баъди ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурӣ Ҳукумати қонунӣ пойдор гардид. Аз ин давра тақрибан 24 сол сипарӣ гашт. Ҳукумати қонунӣ таҳти роҳбарии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мунтазам кушиш ба харҷ дод, ки сулҳу осоиштагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дўстиву рафоқати ҳамаи миллатҳо ва дар маҷмўъ халқи тоҷик ҷовидонӣ пойдор монад. Дар ин давра ашхосоне пайдо мегардиданд, ки халадори сулҳу осоиштагӣ дар Ҷумҳурӣ мегардиданд. Хушбахтона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратӣ ва салоҳиятдор ҳарчи тезтар сади роҳи чунин ашхосон мегардиданд. Намегузоштанд, ки сулҳу осоиштагӣ ва истиқлолияте, ки бо заҳмати зиёд ба даст омадааст, аз байн раванд. Ҳамагон хуб дарк мекунем ва эҳсос менамоем, ки бо кўшиши баъзе аз равияҳои нохалаф соли 1992-юм баъзе минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хун оғушта шуда буд. Ҳазорон ҷавонон дар ин задухурдҳо ҷони худро нисор карданд. Қисмати зиёди кудакон бепарастор монданд. Шумораи зиёди аҳолӣ маҷбур шуданд, ки хоки Ватани азизамонро тарк намуда ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайсӣ гуреза раванд. Ҳар як шахс бояд тасаввур кунад, ки чи гуна онҳоро дар мулки бегона пазироӣ карданд. Дар ин давра аз ҳолу аҳволи онҳо танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалии Раҳмон бохабар гардид. Тариқи гуфтушунидҳо ва заҳматҳои зиёд халқи гуреза ба Ватан баргардонида шуд. Бояд ёддовар шуд, ки иқтисодиёти Ҷумҳурӣ ҳам наздики садсола қафо зад. Сатҳи камбизоатӣ дар миқёси Ҷумҳурӣ афзуд. Қариб ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба қафозании калон дучор гардиданд. Мамлакатро буҳрони шадиди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ фаро гирифт. Аз ин халқи бузурги тоҷик дар таҳлука наафтода, сарвари ҳақиқии худро дарёфт кард ва бо мурури замон аз ин вазъият баромад. Дар мамлакат сулҳу осоиштагӣ барпо гардид ва ҳамаи соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок бо суръати баланд рушд ёфта истодаанд.
Аз истиқлолияти даврон ва сулҳу осоиштагӣ мо ҳамагон бешумор шукрона мекунем. Сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалии Раҳмон на танҳо дар Ҷумҳурӣ, балки дар арсаи ҷаҳон дастгирии калон ёфт. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётӣ Ҷумҳурӣ ба дастовардҳои калон ноил гардид.
Мутаасифона баъзе аз ашхоси нохалаф мехоҳад фазои тинҷу ором ва осоиштагиро дар Ҷумҳурӣ халалдор созад. Ҳодисае, ки рўзи 4-уми сентябри соли равон руҳ дод, ҳар як фарди Ҷумҳуриро бетараф намегузорад. Яке аз шахсиятҳои маъсул ва мансабдор, собиқ муовини аввали Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода даст ба амалҳои хело ҳам хавфнок зад. Дар натиҷа чандин нафар аз пайравон ва ҳаммаслакони вай ва кормандони ҳифзи ҳуқуки сохторҳои салоҳиятдори Ҷумҳурӣ ҷони худро нисор карданд. Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷўи фаврӣ маълум гардид, ки Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода бо раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони вай забон як карда, мехостанд вазъияти сиёсии кишварро ноором созанд. Бояд тасаввур кард, ки чунин ашхос дар ҳаёт чӣ камбудӣ доранд ва барои чӣ аз чунин ҳаёти осоишта, ором ва истиқлолияти бадастоварда ношукрӣ мекунанд. Имрўзҳо дар сар то сари Ҷумҳурӣ наврасон, ҷавонон ва пиронсолон амалҳои ғайриқонунии онҳоро якдилона маҳкум месозанд. Чунки онҳо мехостанд, ки боз халқи дар солҳои 90-ум азияткашида боз ба азияти дигар дучор гарданд. Назари ман ҳамчун як фарди кишвар чунин аст, ки амалҳои содиркардаи собиқ муовини аввали Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони вай бисёр нанговар ва ғайриқонунӣ мебошанд. Акнун онҳо ҷазои сазовори худро гирифтанд. Ва ин айни мудао мебошад. Аз қабили чунин ашхосон бояд ба хулосае оянд, ки Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти кишвар, ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи вай намегузорад, ки фазои тинҷу ороми кишвар ва ҳаёти осудаҳолонаи мардум акнун халадор гардад. Чунки кулли мардуми тоҷик ва тоҷикони ҷаҳон тарафдори сулҳу осоиштагӣ ва оромӣ дар кураи Замин мебошанд. Аз тамоми мардуми кишвар аз наврасон то пиронсолон даъват ба он месозем, ки истиқлолияти ба заҳмат ба дастоварда, сулҳу осоиштагиро ба монанди гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code