Баромади раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистӣ”

Ҳозирини гиромӣ

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Мутаассифона, таи солҳои ахир дар динпарастии мо  тоҷикон низ бархе нуқсу иллатҳо пайдо шуда, шомил гаштани ҷавонон ба ҳизбу ҷараёнҳои экстремистӣ, ба хусус, гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ имрӯз ҷомеаи моро сахт нигарон карда аст.

Ҳамин нуктаро ба инобат гирифта,  мову шумо ҷамъ омадаем, то ки  ҷиҳати пешгирӣ аз терроризму ифротгароӣ бо шумо ин ҳамоишро доир намоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси олӣ изҳор доштанд:

«Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ,  густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам,  таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Мутаҳид мебошем.

Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омадаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

Бо ин  мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави се ҳадафи стратегӣ баҳри таъмини амният, сулҳу оромӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқ  ҳамаҷониба кушиш менамояд.

Ба ин мақсад имрӯз баргузории ин вохӯрӣ бо аҳолии ҷамоати деҳоти Зиракӣ аз он сарчашма мегирад, ки мо ҳамагон моҳиятан дарк намоем, ки имрӯз аз дониши номукаммал ва фаҳмиши маҳдуди фарзандони мо мардуми ифротгаро сӯйистифода намуда, мехоҳанд ҷавонони моро ба доми фиреб гирифтор кунанд.

Аз ин рӯ, иттиҳодиву иттифоқӣ, дӯст доштани марзу бум ва миллати худ намегузорад, ки ба ниятҳои ғаразноки шахсони манфиатҷӯй роҳ диҳем.

Имрӯз дар ҷомеаи башарӣ, хусусан ҷомеаи исломӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое роҳ ёфтаанд, ки дар ҷомаи исломӣ байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагии мусулмонон ва дар натиҷа, сар задани ихтилофоти мазҳабӣ мегарданд.

Чуноне,ки Пешвои миллат таъкид намуданд:

«Рисолати таърихии дин-ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон.

Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».

Ҳар яки моро зарур аст, ки  ин суханро моҳиятан дарк намуда, барои муттаҳидии халқу миллат, барои амнияти кишвар, ояндаи дурахшони фарзандони худ саҳмгузор бошем.

Ишора бояд кард,  ки интернет дар баробари ҷиҳатҳои мусбии худ тарафҳои манфӣ низ дошта, яке аз усулҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро ва ифротгаро буда, аз он гурӯҳҳои экстремистӣ барои манфиати худ ба таври васеъ истифода мебаранд.

Гурӯҳҳои экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили «фейсбук», «одноклассник», «кантакт» ва амсоли инҳо бо филмҳои ҳуҷҷатии экстремистӣ, роликҳо, иттилоот, хабарҳо, дарсҳои видеоӣ оид ба шомил шудан ба он гурӯҳҳо, тарҷумаи беасоси ояту ҳадисҳо омода менамоянд, то  ба мафкураи ҷавонон зарба зананд.

Дар Қуръон ва  ҳадисҳои Паёмбари ислом низ кирдорҳои даҳшатафкан, хусумату бадбинӣ ва ҷангу ҷидол маҳкум гардидааст. Расули Худо дар ҳадисҳои худ амнияту тинҷиро яке аз неъматҳои Худованд дониста, дар яке аз ҳадисҳояш гуфтаанд:

«Ду неъмат аст, ки бисёриҳо дар ҳолати ба даст доштани онҳо ба қадрашон намерасанд: яке саломатӣ ва дигар бошад,  тинҷиву амонӣ»

Ифротгароён бо сӯистифода аз эътиқоди динии шаҳрвандон мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор намуда, барои зиддиятҳои миллӣ восита ҷӯянд. Баҳри ин ҳадаф миёни ҷомеа ҳизбу ҳаракатҳои мухталифро ворид намуда, бо ин восита ихтилофҳои мазҳабиро ба вуҷуд меоранд.

Дар ин бора  Ҷалолиддини Балхӣ  фармудааст:

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад,   

Паркандагӣ аз нифоқ хезад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба мазҳаби Ҳанафӣ, ки зиёда аз ҳазор сол боз мардуми тоҷик онро ба мерос гирифтааст, нагузорем, ҳеҷ гурӯҳе ва ё нафаре ихтилофе ворид кунад.

Ифротгароён, ки ба ном худро мусалмон нишон доданӣ мешаванд, зеҳни ҷавонони моро сӯйистифода намуда, ба мафкураи онҳо зарба мезананд,ки  албатта ин роҳи ҳақиқат ва ё Ислом нест. Даъват ба ҷиҳод ва  роҳи ҳақиқат ин хизмат ба падару модар, дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону маъюбон ва камбизоатон, обод кардани роҳу купрукҳо, саҳм доштан дар пешрафти давлату миллат, сохтани мактабу ятимхонаҳо,  бунёди нақбу роҳҳо ва дигар амали наку шуда метавонад, ки даҳҳо ҳазор шаҳрвандон аз он манфиат мебаранд.

Дар ин маврид Маликушшуаро Баҳор хеле хуб фармудааст:

Ҳеҷ донӣ ки чи кардем ба модар ману   ту,

    Ё чи кардем ба ҳам ҷони бародар ману    ту,

     Сайъ кардем ба вайронии кишвар ману  ту,

                     Рав ки туф бар туву ман бошаду,  туф  бар ману ту.

Шароит имрӯз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи ниҳоят ҷиддӣ қабул намоем, ба хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештаре намоем.

Тавре маълум аст, ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба аҳли ҷомеа таҳмил намоянд.

Дар луғат «террор» (terror) ба маънои тарсондан ва даҳшатафканӣ омадааст. Истилоҳи «терроризм» барои ифодаи анҷоми амалҳои террористӣ ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зӯроварӣ ва қатлу куштор рӯ овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад. Ифротгароӣ, тундравӣ ва даҳшатафкании динӣ нишонаҳои асосии гурӯҳҳои ифротгарои динӣ мебошанд.

Маъмулан, имрӯз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегӯянд.

Ифротгаро ба тарзи дигари фаҳмиши меъёрҳои дин, аз ҷумла мазҳабҳо тамоман эҳтиром намегузорад, нисбат ба пайравони онҳо бадбинӣ ва нафрат зоҳир намуда, дар муқобили онҳо ҳамеша баҳс мекунад, носазо мегӯяд ва мубориза мебарад. Ба ҷомеа ва ҷаҳон нигоҳи фирқаӣ дорад. Дар бораи тарзи фаҳмиш ва тарзи амали мусулмонони дигар ба осонӣ ҳукм бароварда, онҳоро «фосиқ», «бидъаткор», «ҷоҳил», «муртад» ва «кофир» ҳукм менамояд.

Шахси ифротгаро гирифтори таваҳҳум (иллюзия) мешавад, гӯё фақат фаҳмишу амали ӯ дуруст буда, ҷомеа ҳама «фосиқ», мағозаю ошхонаҳо ҳама «ҳаром», бонкҳо ҳама «рибохор», нӯшобаву шириниҳо ҳама маҳсулоти «куффор», расонаҳо ҳама «дурӯғ» мебошанд. Ӯ тайёр аст, ки нисбат ба ҷомеа ва инсонҳо ҳама гуна таҳқиру нафрат ва бераҳмию зӯровариро раво бинад. Хусусияти муҳими ифротгароии динӣ аз он иборат аст, ки идеологҳои ин гурӯҳҳо онро ҳамчун восита ва силоҳи муборизаи манфиатҳои худ вориди муборизаи сиёсӣ намудаанд.

Барои азнавтақсимшавии ҷаҳон,    манфиатҳои геополитикӣ, пайдо кардани нуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ ва ба даст овардани нафту газ, ва дигар манбаҳои даромад давлатҳои абарқудрат даҳшатафканӣ, низоъ  ва норомиҳоро ба миён гузоштаанд, ки имрӯз  сабаби харобию ташвиши ҷаҳониён гардидааст.

Аъзои гурӯҳҳои ифротии динӣ ба он назаранд, ки ягон давлати мусулмон бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Онҳо ҳамаи ин давлатҳоро маҷбуран ишғол, ба таркиби «хилофати ягона» дохил ва ҳамчун як ноҳияи «хилофат» бе чуну чаро ба хилофати ягонаи худ тобеъ намуданианд. Онҳо давлатҳои мустақил ва соҳибистиқлолро эътироф накарда, ҳамаи ин давлатҳоро дар таркиби «хилофат»-и худ маҳв намуданианд. «Ҳизби таҳрири исломӣ», «ДОИШ» ба таври расмӣ назарияи бунёди «хилофати ягонаи исломӣ»-ро тарғиб менамоянд.

Гурӯҳҳои ифротгарои динӣ танҳо ба ташвиқу тарғиб машғул набуда, нияти бо роҳи зӯрӣ ва ҷанг ишғол намудани кишварҳои мусулмонӣ ва ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсиро тарзи фаъолияти худ интихоб кардаанд. Дар ниҳояти кор боз ҳамон давлатҳои сарватманду қудратманд ин гурӯҳҳои ифротгароро сохта ва сармоягузорӣ  менамоянд.

Мақсади ин қудратҳо маҳз ишғол кардани ҳудуди кишварҳои мусулмонӣ, ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ дар онҳо ва дар ниҳоят ба даст гирифтани сарватҳои табиии онҳост. Метавон гуфт, ки ифротгароии динӣ як роҳи нави ишғолгарӣ буда, ба истиқлолияти кишварҳои мусулмонӣ хавфи ҷиддӣ дорад.

Дар раванди мубориза бо ДОИШ фаромӯш набояд кард, ки шумораи муайяни ҷавонони Тоҷикистон аз ҷумла ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб  имрӯз дар сафҳои он меҷанганду хунхор мешаванд. Аксари онҳо ҳалок мешаванд, вале баъзе аз онҳо  ба ватан баргашта, барои Тоҷикистони азиз  хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд. Ин хатар аз он иборат аст,ки ҷавонони тоҷикистонӣ, ки дар сафҳои ДОИШ меҷанганд, аз ақл бегона шудаанд.  Ғояҳои ин гурӯҳи террористӣ ба эътиқодашон табдил ёфтааст, онҳо метавонанд бо истифода аз имкониятҳои техникии замонавӣ, аз ҷумла интернет  ҳамин таълимотро ба хешу табор, наздикону пайвандон ва дӯстони худ талқин намоянд. Ин ташвиқу тарғибест, ки ДОИШ барои ҷалби ҷиҳодиёни нав ба кор мебарад.

Баъд аз торумор шудани ҷангиёни террорист аз тарафи Қувваҳои муссаллаҳи Федератсияи Россия, ки дар Сурия мавқеъ гирифта буданд, террористон  ба Афғонистони  ҳамсояи мо интиқол дода шудаанд, ки сарҳади он бо Тоҷикистон   1400 км-ро  ташкил дода,   барои кишвари азизи мо хатари ҷиддӣ эҷод менамояд.

Ҳарчанд ДОИШ зери ниқоби ислом баромад кунад ҳам, ин гурӯҳи террорист ба ислом ҳеҷ умумияте надорад.

Ба номгӯи нопурраи гуруҳҳои террористӣ Ал-қоида,  ДОИШ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  Ҳизби Таҳрир, Бародарони мусулмон, Ҷунбиши Толибон, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Салафия, Ҷамоати даъват ва таблиғ, Ихвон-ул-муслимин, Ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ, Акрамия, Ҷамоати муҷоҳиддини Осиёи Марказӣ, Аш-Шабоб, Боко Ҳаром ва Ансоруллоҳ дохиланд.

Дар амалҳои террористӣ бештар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Инро мо дар мисоли амалҳои террористии ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав дар Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, Ирландияи Шимолӣ, Фаронса, ИМА, Африқои Шимолӣ мушоҳида намудаем. Террористони имрӯз аз воситаҳои бисёр пешрафта истифода мекунад ва ташкили амалҳои онҳо  хеле печ дар печ буда онҳо, аксар вақт ҳамчун худкуш  дар сатҳи ҷаҳонӣ амал менамоянд. Гурӯҳи террористии «Ал-қоида» дар Олмон, Фаронса, Британия, Ҳолланд, Белгия, Испания, Алҷазоир, Судон, Марокаш, Тунис, Либия, Нигерия, Кения, Яман, Ироқ, Сурия, Урдун, Туркия, Лубнон, Арабистони Саудӣ, Миср, Индонезия, Малайзия, Филиппин, Ҳиндустон, Бангладеш, Покистон – ҷамъ дар беш аз 61 давлати дунё ниҳодҳои сиёсӣ ва ташкилотӣ дорад.

Дар таърих боре ҳам нашудааст, ки террористон худро террорист хонда бошанд. Барои асоснок намудани амалҳои худ онҳо далелҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ бунёд менамоянд.

Терроризм, ки сарчашмаҳои идеологӣ ва сиёсӣ низ дорад, ҷинояти сангин алайҳи инсоният аст. Террористон мекӯшанд, то фазои ноамнию бесуботиро барои шаҳрвандон эҷод намуда, бо ин собит намоянд, ки давлат амнияти бошандагонашро таъмин карда наметавонад.

Онҳо бовари мардумро нисбат ба давлат коҳиш дода, миёни давлат ва мардум фосила эҷод мекунанд. Аз ин рӯ мо бояд ба қисмат намудани Тоҷикистони азиз хотима бахшида ба маҳалгароӣ роҳ надиҳем. Пеш аз ҳама, тоҷик ва тоҷикистоние бошем, ки як идеяи фарогири миллӣ, идеяи Тоҷикистони воҳид, миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсию ҷамъиятии кишвар бароямон аз ҳама арзишу манфиатҳои дигар болою воло бошад.

Бояд зикр намуд, ки паст гаштани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, беэҳтиромӣ нисбат ба оила, аз байн рафтани қадру қиммати   панду насиҳати ниёгон, паст гардидани сатҳи ватанпарварию хештаншиносии як қисмати ҷавонон боиси фирефта гаштан ва ба доми ифротгароёну ҷинояткорон афтодани  онҳо мегардад. Чунин афрод, бинобар надоштани саводу шуури кофӣ ва маърифату мустаъқилият дар  андеша, ба рафтору кирдори худ баҳо дода наметавонанд, фикру ақидаи ҷинояткоронро доир ба ҷиҳод ҳамчун роҳи ягонаи наздикӣ ба Парвардигор ҳисобида, аз оилаҳои худ даст кашида, даст ба ҷиноят мезананд ва оқибат ба ҷони худ ҷабр карда, дар ғарибӣ ба ҳалокат мерасанд. Тарбияи дуруст дар оила ва ҷомеа, меҳру муҳаббату навозиш метавонад сафи чунин шахсонро кам карда, ҳолатҳои нангини хуруфотпарастию ифротгароӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткориро ба нестӣ барад.

Дар дунболи пайгирӣ аз урфу одатҳои бегона  мо метавонем дар оила муносибатҳои неки инсонӣ, муҳаббати байниҳамдигарии падару модар ва волидайнро нисбат ба фарзанд ва дигар  арзишҳои оилавиро аз даст диҳем. Дар ин ҳошия пешниходи Пешвои миллат оид ба пешгирӣ кардани пайравии қишри алоҳидаи ҷомеа дар  тарзи пӯшидани либосҳои дигар мамолик ва бегонапарастӣ саривақтист. Миллати тоҷик сару либос ва расму оинҳои миллие дорад, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шоистаи сарфарозианд. Тақлид кардан ба либосҳои бегона, бозпас гаштан ба тахаюлоти номақбул метавонад мафкураи шаҳрвандонро танг карда, ҷомеаро ба ақиб кашад. Покизагии зану мард дар сирату сиришт аст. Ҳамрӯза мебинем, ки баъзе занон бо либоси  дигар миллатҳо аз қабили сатру ҳиҷоб  тақлид карда, ба амалҳои нанговар даст мезананд. Чунин  ҷоҳилии зеҳнӣ бояд аз байн бурда шавад.

Бинобар ин моро зарур аст, ки фарзандонамонро насиҳат кунем, ҷавононро аз роҳи хато баргардонем ва ҷомеаро дар партави сиёсати Пешвои миллат ҳидоят намоем. Зарур аст, ки дар пешрафти ҷомеа, ободии диёри азизамон иттифоқу иттиҳод шуда, саҳм гузорем, зеро Паёмбарамон мефармоянд: “Ҳар яке аз шумо агар кори хилоферо дид, бояд онро бо дасти худ аз байн бибарад, агар натавонист, онро бо забону андарз аз байн бибарад ва агар натавонист, бо дил аз он безорӣ намояд, ки ин охирин ва заифтарин марҳилаи имон аст”.

Ба ин хотир моро зарур аст, ки оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, махсусан роҳ надодани шаҳрвандон ба давлатҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ ҳамагон саҳм дошта бошем.

Зеро Саъдии Шерозӣ фармудааст:

Агар бинӣ ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомуш биншинӣ, гуноҳ аст.

Дар ҳар як суҳбат ва ё баромаде, ки миёни ҷомеа ва ё оила баргузор мекунем, талош кунем ин амалҳои номатлубро маҳкум намуда, фарзандонамонро дар руҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ ва рӯй овардан ба фарҳангу тамаддуни миллии худ сафарбар намоем.

Ояндае, ки мо мехоҳем бисозем, ҷамъияти дорои имкониятҳои васеъ ва  сатҳи баланди зиндагӣ ва субот аст. Мо дар ҳақиқат имкони таъмини ҳамаи инро дорем. Аз ин рӯ бояд дастҷамъона ва якҷоя меҳнат кунему дӯстию ваҳдатро таҳким бахшем.

Бо боварии комил аз минбари баланд гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат,  далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки барои роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ ҳам амалӣ  ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.

Дар чаҳорчубаи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо бояд ҷиҳати  ба ҳунаромузӣ фаро гирифтани   ҷавонон аз тамоми имкониятҳои дар даст дошта  истифода намоем.

Зеро бузургон фармудаанд:

«Ҳунар беҳтар аз гавҳар номдор

Ҳунармандро гавҳар ояд ба кор.

Чуноне, ки аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ҷамоати Зиракӣ маълум гардид, мардуми шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳамеша ливобардорони ҳунари асил маҳсуб ёфта,  бо ҳунари нотакрори худ  ҳар яки моро тасхир хоҳанд кард.  

Бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ва фазои осоиштаи Ватан умед дорем, ки мардуми шарафманди Кӯлоб баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат  ва гиромидошти арзишҳои миллӣ талош варзида, дар пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили бегонапарастиву тундгароӣ ,ки доғ ба миллату давлат аст, ҳамаҷониба камари ҳиммат мебанданд.

Бо умеди фардои дурахшони кишвар ба ҳамаи Шумо саодату сарбаландӣ таманно менамоям.

Ташаккур ба диққататон .

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code