Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд

      

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Кӯлоб   8 феврали соли 2018 тибқи нақшаи чорабинии тасдиқ гардида, дар якҷоягӣ бо  Раёсати Агентӣ дар минтақа, муассисаҳои таълимӣ, сохтори Агентӣ, бахши ҷавонон, намояндаи шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шуъбаи кадрҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, аз ҷумла раёсати маорифи шаҳр, беморхонаи вилоятӣ, беморхонаи сироятии шаҳр, ҶДММ «Сино», Қасри фарҳанг, Осорхонаи 2700 солагии шаҳри Кӯлоб  дар назди бинои шуъбаи Агентӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва ваифаҳои  озод гузаронида шуд. 

Ба ярмарка аз тарафи кордиҳандагон 85 адад ҷойҳои кори холӣ пешниҳод гардид. Дар ярмарка  аз тарафи шаҳрвандони бекор 90 нафар ширкат варзида,  40 нафар ба бозомӯзӣ ва касбомӯзи ва 8 нафар ба кори доимӣ  дар ташкилоту муассисаҳои шаҳр роҳхат  гирифтанд.  

                                                                                                                                             Файзова Дилором 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code