Тирпаронӣ бахшида ба рӯзи ҷашн

     

Дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, силсила чорабиниҳои маърифатӣ сиёсӣ ва оммавӣ-варзишӣ байни наврасону ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб баргузор шуда истодааст.

Бо ин мақсад, санаи 10-уми феврали соли равон, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти «Маъюбони ҷанг дар Афғонистон»-и шаҳру минтақаи Кӯлоб, мусобиқаи варзиширо аз рӯи намуди «Тирпаронӣ» байни аъзоёни Ташкилоти зикргардида дар тирхонаи Боғи фарҳангии шаҳр баргузор намуд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ, ин рушду оммавияти варзиш, баланд бардоштани сатҳи ҳарбӣ ватанпарварии ҷавонон, барқарории дустиву рафоқат байни варзишгарон ва дар рӯҳияи ватандустиву меҳанпарварӣ тарбия намудани насли ҷавон мебошад.

Дар чорабинии мазкур 5 даста дар ҳайати 25 нафар варзишгарон иштирок намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code