Рӯзи 10-уми феврали соли 2018  бо ибтикори муовини раиси вилояти Хатлон  Хидирзода Махфират Умар,  бо мақсади баланд бардоштани  илми муосир миёни  занон, бахшида ба Рӯзи модар бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамоҳ Маҷидова, шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва олимону  донишмандон аз ҳисоби занон   Конфренсияи илмӣ- назариявӣ таҳти унвони «Занон ва рушди илми муосир» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм    баргузор гардид. Пеш аз оғоз гаридани Конфренсияи илмӣ-назариявӣ  факултетҳои Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб  дастовардҳои донишҷуёну омузгорон, маҳсулотҳои ҳунармандӣ,  аз қабили чакандузӣ, заргарӣ ва китобҳои таълифнамудаи худро  ба маърази меҳмонон гузоштанд. Дар фарҷоми Конфренсия  баромадкунандагон ва ғолибон бо ифтихорномаҳо ва ҷойҳои намоён сарфароз гардиданд.  

  Файзова Дилором– мутахассиси пешбари бахши бойгонӣ- матбуоти

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code