1. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб-1 ҷой, (категорияи сеюм) -1151 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб-1 ҷой, (категорияи панҷум) маоши мансабӣ – 852  сомонӣ.
  3. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб-1 ҷой,  (категорияи панҷум)  маоши мансабӣ – 852  сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб -1 ҷой, (категорияи шашум) маоши мансабӣ – 698 сомонӣ.
  5. Мутахассиси Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб-1 ҷой, (категорияи ҳафтум) маоши мансабӣ – 603 сомонӣ.
  6. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Даҳана-1 ҷой, (категорияи панҷум) – маоши мансабӣ – 811 сомонӣ

  Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

–  ариза ба унвони Раиси шаҳр;

–  варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

– тарҷумаи ҳол; – нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №38;

– нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

– маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).  

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мудири шуъба          

  – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.    

Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби сармутахассис  

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.  

Талаботи тахассусӣ барои

                  ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

  – таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.  

Талаботи тахассусӣ барои

                   ишғоли мансаби мутахассис          

  – таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.  

  Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Телефон: (8-33-22)  2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code