ВНМО- бемории хатарзо

     

Бо мақсади пешгирии бемории вируси норасогии масъунияти одам  дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши мӯхташам, ки тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  нақшаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  баргузор гардида буд, доир карда шуд.

Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамоҳ Маҷидова ва гурӯҳи корӣ дар ҳайати  Зоҳирзода У.Т- муовини раиси вилояти Хатлон, Кенҷазода Х.С- машваратчии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов Қ.Б- сардори раёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Муовини прокурори вилояти Хатлон, Муовини сардори раёсати Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон , муовини сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  ва  директори маркази Вируси норасогии масъунияти одами мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  дар минтақаи Кӯлоб  Туманов А ширкат намуда ба иштирокдорон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳру деҳоти Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Ховалинг ва Восеъ  дар бораи мушкилотҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли ин мушкилот дар самти пешгирии бемории пайдошудаи норасоии масъунияти одам ҳамоиш доир карда шуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ба иштирокдорон, ки асосан аз директорон ва кормандони марказҳои вируси норасоии одам, менеҷерҳои Катс ва сохтрои госпиталӣ, марказҳои махсусгардонидашудаи соҳаи тандурустӣ, мудирони соҳаи маориф, агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, муовинони рисони ҷамоатҳо оид ба соҳаи иҷтимоиётро ташкил медоданд, дастуру супоришҳо  оид ба пешгирии ин вабои аср дода шуд.

Сулаймон Султон    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code