Пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои эктремистӣ

                        

Мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон аз  ҳизбу  ҳаракатҳои эктремистӣ » имрӯзҳо  ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст Вобаста ба мавзуи мазкур дар толори деҳаи Ҳакимободи ҷамоати деҳоти Зиракӣ бо иштироки  раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло, прокурори шаҳри Кӯлоб Имомзода Раҳмоналӣ,  сардори Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ  Мирализода Субҳон, намояндаи гурӯҳи фаврии  раёсати кумитаи агентии давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Мираков  Қосимбек  ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоати Зиракӣ  доир карда шуд.

Вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар майдони қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Зиракӣ намоишгоҳи ҳунарҳои мардуми ба маъраз гуошта шуд. Ҳунарҳои дастии бонувони ҷамоат, оҳангарон, табақтарошон, анвоъҳои хурдани аз қабили нону кулча ва  қалама ба намоиш таровати тоза бахшид. Раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло баромад намуда  қайд кард, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси олӣ изҳор доштанд: «Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ,  густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам,  таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Мутаҳид мебошем. Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омадаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем. Бо ин  мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст».

Ҳар яки моро зарур аст, ки  ин суханонро моҳиятан дарк намуда, барои муттаҳидии халқу миллат, барои амнияти кишвар, ояндаи дурахшони фарзандони худ саҳмгузор бошем. Ифротгароён бо сӯистифода аз эътиқоди динии шаҳрвандон мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор намуда, барои зиддиятҳои миллӣ восита ҷӯянд. Баҳри ин ҳадаф миёни ҷомеа ҳизбу ҳаракатҳои мухталифро ворид намуда, бо ин восита ихтилофҳои мазҳабиро ба вуҷуд меоранд. Дар ин бора  Ҷалолиддини Балхӣ  фармудааст:

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад,    

Паркандагӣ аз нифоқ хезад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба мазҳаби Ҳанафӣ, ки зиёда аз ҳазор сол боз мардуми тоҷик онро ба мерос гирифтааст, нагузорем, ҳеҷ гурӯҳе ва ё нафаре ихтилофе ворид кунад. Ифротгароён, ки ба ном худро мусалмон нишон доданӣ мешаванд, зеҳни ҷавонони моро сӯйистифода намуда, ба мафкураи онҳо зарба мезананд,ки  албатта ин роҳи ҳақиқат ва ё Ислом нест. Даъват ба ҷиҳод ва  роҳи ҳақиқат ин хизмат ба падару модар, дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону маъюбон ва камбизоатон, обод кардани роҳу купрукҳо, саҳм доштан дар пешрафти давлату миллат, сохтани мактабу ятимхонаҳо,  бунёди нақбу роҳҳо ва дигар амали наку шуда метавонад, ки даҳҳо ҳазор шаҳрвандон аз он манфиат мебаранд. Маликушшуаро Баҳор дар ин маврид хеле хуб фармудааст:

Ҳеҷ донӣ ки чи кардем ба модар ману   ту,

Ё чи кардем ба ҳам ҷони бародар ману   ту,

   Сайъ кардем ба вайронии кишвар ману    ту,

               Рав ки туф бар туву ман бошаду,  туф   бар ману ту.

Намояндаи гурӯҳи фаврии  Раёсати кумитаи агентии давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Мираков  Қосимбек бо нишон додани  чеҳраи аслии  экстрмистону террористон ва ваҳшонияти онҳо дар монитор изҳор дошт, ки шароит имрӯз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи ниҳоят ҷиддӣ қабул намуда ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештаре намоем. Сардори Шуъбаи вазорати корхои дохилӣ Мирализода Субҳон низ бо далелҳо ва мисолҳои возеҳ  ба иштирочиён дар бораи он нафароне, ки бо фиреб ва хато ба доми террористон афтидаанд, мисолҳои возеҳу равшан оварда таъкид дошт, ки волидайн бояд ҷиҳати тарбияи дурусти фарзандон беэътиноӣ зоҳир накунанд. Иштирокчиёни машварат аз   толор Талбаков Ҳайдар- раиси маҳаллаи Пистамазори ҷамоати деҳоти Зиракӣ, Сайидиброҳими Абдураҳим- эмомхатиби масчиди деҳаи Сарёзии миёна, Латипов Раҳматулло  -эмомхатиби масчиди ҷомеъи ҷамоат  ва дигарон ба музокира баромада  ваъда доданд, ки ҷиҳати баргардонидани  ҷавонони гумроҳ  бо дигар сокинони ҷамоат  гуфтушунид  менамоянд.                                                                                                                                                  

  Дар фарҷоми чорабинӣ аз иштирокдорон ва кулли ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб даъват ба амал оварда шуд,ки матни он чунин аст:

Даъват ба иштирокдорони машварати васеъи ҷамоати деҳоти Зиракӣ ва  кулли ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб

Муҳтарам ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб !

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки рушду нумӯъ, пешрафту шукуфоии минбаъдаи кишвар пеш аз ҳама ба амнияту оромӣ. меҳнат, дониш, ҳисси худшиносии миллию ватандӯстӣ ва  нангу номуси ҳар як фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон вобаста аст.

Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳоро андешида истодааст,ки мушкилоти иқтисодиву иҷтимоиро ҳамаҷониба ҳал карда, сатҳу сифати зиндагии мардумро пайваста баланд бардорад.

Мутаассифона қудратҳои ҷаҳонӣ ва гуруҳҳои экстремистӣ  бо мақсади расидан ба ҳадафҳои геосиёсии худ дар ҷаҳони ислом кушиш ба харҷ медиҳанд, ки бо такя ба эътиқоди динии мардум  аз тафовутҳои миёни фирқаву мазҳабҳои исломӣ суистифода намоянд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ таъсис дода, барои чунин амал маблағҳои зиёд сарф мекунанд.

Ифротгароён ҳамчун як вабои аср дар баробари дигар минтақаҳои ҷаҳон ба сарҷамъиву иттиҳоди миллатҳо чашм ало намуда, бо мақсаду ҳадафҳои нопоки худ,  қасди ба оромиву суботи ҷомеаи мо халал ворид намуданро доранд, ки фақат ва фақат зиракиву ҳушёрӣ ва фаҳмишу дониши ҳар як узви ҷомеа метавонад, ба ин падидаи номатлуб монеа эҷод намояд.

Ба ин маром мову шуморо зарур аст, ки ҷавшани мардонагию матонатро ба бар намуда, баҳри пояндагии неъматҳои бебаҳои миллатамон, чун истиқлолияту ваҳдат, суботу оромӣ ва дар маҷмуъ фазои беғубори кишвар тамоми маҳоратамонро сафарбар кунем.

Дар дунболи пайгирӣ аз урфу одатҳои бегона  мо метавонем муносибатҳои неки инсонӣ, муҳаббати байниҳамдигарии падару модар, волидайн ва дигар  арзишҳои оилавию миллиамонро аз даст диҳем. Дар ин ҳошия пешниҳоди Пешвои миллат оид ба пешгирӣ кардани пайравии қишри алоҳидаи ҷомеа дар  тарзи пӯшидани либосҳои дигар мамолик ва бегонапарастӣ саривақтист. Миллати тоҷик фарҳанги  миллие дорад, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шоистаи сарфарозианд.

Мо бояд ба фарҳанги миллиамон,ки тули ҳазорсолаҳо такомул ёфтааст, арҷгузорӣ намоем, чунки нестшавии миллатҳо аз нестшавии фарҳангашон оғоз меёбад.

Мо ба ҷавонон, ҳамчун созандагони фардои кишвар ва боғи навгул умеду эътимоди беандоза дорем. Самари   онҳо аз падару модарон ва аҳли ҷомеа вобастагии зиёд дорад. Зеро тарбияи дурусти насли наврас аз оила сарчашма мегираду чи гуна бор овардани ин боғи пургул  аз ин омил вобаста мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки  ба тақдири ояндаи миллатамон бетарафӣ зоҳир накарда, дар рушду такомули ҷомеа сидқан талош варзад.

Умед дорем, ки  мардуми заҳматқарини Кӯлоби бостонӣ   сиёсати имрӯзаи давлатро пуштибонӣ менамоянду дар ин даврони пуртазод давлату миллати  худро   аз шарри душманон эмин нигоҳ медоранду ба муқобили ҳамагуна гурӯҳҳои ифротӣ муборизаи беамон мебаранд.

Биёед бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ва фазои осоиштаи Ватан баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  талош варзида, дар пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили бегонапарастиву тундгароӣ, ки доғ ба миллату давлатанд, камари ҳиммат баста,  ҳамаҷониба кушиш намоем.        

                                                                                                                                                                                                                                                   Сулаймон Султон  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code