Озмуни иншои беҳтарин

   

Бахши кор бо ҷавонон ва  варзиши шаҳри Кӯлоб дар доираи нақша чорабиниҳо, бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбату вохӯриҳоро ба роҳ монда, силсила чорабиниҳои маърифативу сиёсиро байни ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб баргузор намуда истодааст.

Бо ин мақсад, санаи 6-уми феврали  соли равон, дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб, озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар муҳофизати Ватан” байни хонандагони синфҳои болоӣ гузаронида шуд.  

Дар чорабинии мазкур беш аз 30 нафар хонандагони муассисаи мазкур  иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо, ин амалӣ намудани нақша чорабиниҳо ва дарёфт намудани истеъдодҳои нав, ҳавасмандгардонӣ ва рушди илму маърифат дар ҷомеа, байни ҷавонон мебошад.

Баъд аз фарҷоми чорабинӣ,  ғолибон бо  сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи  Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуданд.  

Бахши  кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб, баргузории чорабиниҳоро бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома бахшида, баҳри  дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани онҳо  кушиш ба харҷ дода истодааст.    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code