Натиҷаи мусобиқаҳо ҷамъбаст гардид

     

Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои варзишӣ оид ба фарогирии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳру деҳоти Кӯлоб, дар таътили зимистона ба озмунҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ         бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, корҳои муайянро ба сомон расонидааст.          

  Бояд қайд намуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои варзишии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб, дар таътили зимистона, аз 1-ум то 29-уми январи соли  2017, аз рӯи 8-намуди варзиш: шоҳмот, шашка, дастхобонӣ, тениси рӯи миз, волейбол, баскетбол, гуштини миллӣ ва футбол байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб гузаронида шуд.

Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ санаи 30-юми январи соли равон, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Кӯлоб, баргузор гардид ва ғолибони ин мусобиқаҳо бо сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Бахш  қадрдонӣ карда шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code