Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин чорабинии басо муҳими сиёсиест, ки дар он Сарвари давлат сиёсати дохилию хориҷии кишварро таҳлил намуда, нақшаю максадҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро дар соҳаи сиёсат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳанг ва дигар соҳаи ҳаёти кишвар барои ояндаи наздик ва дур муайян месозад.

Боиси ифтихор ва сарфарозии бонувон аст, ки ҳамасола Пешвои муаззами миллат ба сиёсати иҷтимоии давлат, дастгирию сарпарастии занону ҷавонон, ҳифзи модару кӯдак ва дигар ҷанбаҳои сиёсати давлатии кор бо занон ва оила диқкати ҷиддӣ дода, рушди ин соҳаро дар мадди назари худ қарор медиҳад. 22 декабри соли ҷорӣ дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми якчояи Маҷлиси миллҷ ва Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд ва дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоимиллат, Президенти Ҷуумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон«Дарбораи самтюҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Дар Паёми худ Пешвоимиллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиат бори сиёсати хориҷи ва таъмини пешрафти соҳаҳоии иқтисоду саноат, энергетика, роҳу наҷқлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурусти, фарҳанг, илмумаориф, ҳифзии иҷтимоии аҳоли, занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳи дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас ба миёнгузоштанд. Инчунин, раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳоли, аз ҷумла кудакони ятиму бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат, дар меҳвари диққати Сарвари давлат қарор гирифтанд.

Сарвари давлат баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетиро шуруъ аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ нақшагузорӣ карданд, кит ибқи он музди меҳнати кормандони макомоти ҳокимият ва идоракунии давлати, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурусти, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимои ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷети 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ  10 фоиз зиёд карда хоҳад шуд. Дар баробари ин, ҳадди ақал, ҳадди ниҳоии нафақа,нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ва стипендияи донишҷӯён  15фоиз боло бурда мешавад. Ин бешак аз дастгирии пайваста ва ғамхоронаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон,    нисбат ба шаҳрвандон шаҳодат медиҳад. Рушди соҳаи сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун василаи башуғл пайвастани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва инкишофи соҳаҳои хизматрасониву истеҳсоли дар меҳвари Паёми имсола қарор гирифтанд ва ҷалби сайёҳон воситаи самарабахши тарғиби ҷаҳонии таъриху фарҳанг, табиати ҳусноро ва анъанаҳои миллии тоҷикон ҳисобида шуд.

Бо ин мақсад Ҳукумати Тоҷикистон низоми соддакардашудаи гирифтани раводидро ба роҳ монда,  бунёдии ншоот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии соҳаи сайёҳиро марҳила ба марҳила амалӣ сохта истодааст. Барои боз ҳам беҳтар сохтани вазъи сайёҳон муҳлати ба қайдгирии хориҷиён то ба 10 руз дароз карда шуд. Эҳё кардан ва равнақ додани ҳунарҳои гуногуни мардумӣ низ даромади рӯзмаъраи шаҳрвандонро зиёд карда, диққати сайёҳонро ба таърих, фарҳанг, табиату иқлим ва суннатҳои мардуми тоҷик бештар хоҳад кард. Ин аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2017, № 977 соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд.

Дар ин замина, косибон ва соҳибкорону ҳунармандон,  ки ба касби ҳунармандӣ машғуланд, имкон пайдо карданд, то аз қарзҳои имтиёзнок бархурдор гарданд  ва фурӯши молу маводи онҳо аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод кардашуд. Илова бар ин, Ҳукумат вазифадор карда шуд, ки дар соли ҷорӣ тариқи таъсис додани корхонаҳои хурду миёна барои 110 ҳазор шаҳрвандон, бахусус занону ҷавонон,  ҷойи кори доими ташкил намояд. Нуқтаи дигаре, ки дар Паём дарҷ гардид, таъмин намудани аҳоли бо маҳсулоти хушсифат ҳамчун омили калидии солимии сокинон мебошад. Ин масъла низ дар мадди назари Сарвари давлат қарор гирифта,  таҷдиди сохторҳои марбути соҳаи амнияти озуқаворӣ, стандартизация ва сертификатсия ва дар заминаи онҳо таъсис додани сохторҳои нав ба амал бароварда шуд. Ин барои мукаммал гардонидани низомии дораи давлатии озуқаворӣ, солимгардонии аҳолӣ.  Пешгирии воридоти молумаҳсулоти пастсифат ва ғайристандарти ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон  шароит фароҳам меоварад.

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, расидан ба амнияти энергетикӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии кишвар дар даврони истқлолият маҳсуб меёфт ва хурсандиовар аст, ки дар партави ин амал Ҳукумати мамлакат тавонист аввалин бор дар замони соҳибистиқлоли дардавраи тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро бонеръи барқ бемаҳдудият таъмин намояд. Дар соҳаи маориф ва сатҳи таълиму тарбия низ Тоҷикистон дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойҳои аввалинро ишғол намуд ва ин пешравиҳо низ дар Паёми Сарвари давлат зикр гардиданд.

Паёми имсолаи Пешвои миллат хело пурмуҳтаво, пурмазмун, дақиқу саҳеҳ ироа гардида, рушди босуботи кишварро дар ҷабҳаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муаррифӣ намуд. Ҷиҳати боз ҳам бехтар сохтани сатҳи зиндагии мардум, рушди кишвар ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ бо кишварҳои хориҷию созмонҳои байналмилалӣ дастуру ҳидоятҳои муфид дода шуданд. Аз ҷумла, барои дар арсаи умумиҷаҳонӣ муаррифӣ ва тарғиб намудани расму оинҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимаи тоҷикон ба мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада супориш дода шуд. Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи кор бо занон ва оиладар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи мукаммал тартиб дода, барои амалисозии чорабаниҳои нақшавӣ саъю талош хоҳад кард.

Дар ин ҷода ба дастгирии сокинони бонангу номус ва ватанпарвару бунёдкори Кӯлоби бостонӣ такя карда, ҳамаи чораҳоро меандешанд, то соли 2018 бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст карда шавад. Вобаста ба ин,  ҳар яки моро зарур аст, ки ташаббускору зирак  бошем, бамуқобили зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза барем, давлату  ҷомеа, таъриху фарҳанг ва сунатҳои миллати тоҷикро ҳифз намоем ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшишнамоем. Мо бояд сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии кишвари азизамонро қадр намуда, эмин дорем.

Нурляминова Саида Абдуляминовна – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳоикимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code