Машварати корӣ доир карда шуд.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Зокирзода  Муҳаммадтоҳир бо кишоварзони минтақаи Кӯлоб доир гардид. Дар ҷаласа  раиси Кумитаи заминсозӣ ва геодезии нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам  Хайрулло Амонулло, намояндагони Агентии беҳдошти замини минтақаи Кӯлоб, муовинони  аввали раисони шаҳру ноҳияҳои минтақа, сардорони  Раёсатҳои кишоварзӣ, омор  ва раисони кумитаи замини минтақаи Кӯлоб ширкат намуданд. Машварат асосан дар атрофи бурду бохти кишоварзони минтақаи Кӯлоб сурат гирифта,   кишоварзон вазифадор карда шуданд, ки  ҷиҳати иҷрои нақшаҳои дурнамо,  фаровонии бозори истеъмолӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар аз имкониятҳои дастдошта  истифода намуда,  баҳри ба даст овардани  ҳосили дилхоҳ  кушиш ба харҷ диҳанд.  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code