Либоси миллии худро ҳифз кунем.

Либос ин як рукни миллии тоҷик ба шумор рафта, аз қадиммулайём мардуми тоҷик дорои  либоси миллии худ буд. Бахусус  сарандоз ва ё  докаи модарона ба модарони мо ҳусни тоза мебахшид.

Айни замон бошад духтарони мо ба бегонапарастӣ рӯй овардаанд ва ба либосҳои бегонаи туркӣ  тақлид мекунанд. Агар аз дигар тараф назар андозем, мебинем,ки мардуми хориҷа  ба либосҳои  зебову миллии мо тақлид намекунанд. Пас мо чаро ба либоси онҳо тақлид кунем.

Бо назардошти  эътиқоди динӣ мебинем, ки  модарону модаркалонҳои мо низ мусалмон буданд, дину мазҳаб доштанд, лекин либоси шинами миллӣ мепушиданду ин  ба онҳо зебанда буд. Онҳо бо либоси миллӣ намоз мехонданду тоату  ибодат меарданд. Сатр намепушиданд, вале имони бузург  доштанду ватани худро дӯст медоштанд. Имрӯз духтаронеро дучор шудан мумкин аст, ки  сатр ба  бар карда ба корҳои номатлубе даст мезананд, ки ба забон овардани он амалҳо забонро месузад ва ман аз  гуфтани он амалҳо  шарм медорам . Мардуми олам аз техникаву технологияи навин ҳароф мегуянду мо бошад фаҳмида наметавонем, ки як порча матоъ маънои дигар шудани фарҳанги миллии моро дорад. Ва ё ба андешаи ман онҳое, ки   сатр мепушанд,  ба асрҳои қадим  баргаштаанд.

Ҳамагон медонанд, ки зан чодари худро  дар оташ сузонида озодӣ ба каф оварду онро  Рӯзи озодии занон номиданд. Ва имрӯз боз ба пушидани ҳамон чодару сатр сар кардаем.

Таҷрибаи солҳои 90-уми асри гузашта собит сохт, ки ба ақидаи як гурӯҳ мардуми тоҷик баъзе афроди манфиатдор таъсир расонида, Тоҷикистони азизамонро гирифтори оташ карданд.  Имрӯз низ бо аз байн бурдани фарҳанги асили тоҷик ба ақидаи мардуми мо дигаргунӣ   ворид кардану  ин миллату ин фарҳангро аз байн бурдан мехоҳанд.

Дар фароварди сухан ҳамчун як духтари тоҷик аз тамоми хоҳарону модарон даъват ба амал меорам, ки ба бегонапарастӣ роҳ надиҳанду фарҳанги ҳазорсолаи худро ҳифз ва пойбарҷо нигоҳ доранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code