Таъмири муассисҳои таълимӣ оғоз шуд.

Тибқи супориши протоколии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз оғози соли 2018 дар қаламрави ҷумҳурӣ  муассисаҳои таълимии таъмирталаб ба тариқи ҳашар ба таъмир фаро гирифта мешаванд.  Дар шаҳри Кӯлоб, низ  аз тарафи гурӯҳи корӣ ва раиси шаҳри Кӯлоб  муассисаҳои   таъмирталаб муайян карда шуданд. Имрӯзҳо толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ҷамоати деҳоти Кӯлоб,  ки  тули солҳои зиёд ба таъмир ниёз дошт ва имконияти машқ кардани толибилмон дар ин толор  вуҷуд надошт, аз тарафи  асотсиатсияи волидайн  ба таъмир фаро гирифта шудааст. Дар таъмиру тармими толор волидайни хонандагоне,  ки имконияти молиявияшон даст медиҳад,  ширкат намуда истодаанд. Бинобар маълумоти муовини раиси ҷамоат толори варзишӣ то охири моҳ ба сомон расонида мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code